Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти "зард"- и Тоҷикистон


шаҳри Душанбе Матуботи зард ё хиёбонӣ дар тафаккур ва зиндагии ҷомеa чӣ таъсире мегузорад. Таъсири бад ё хуб? Оё чунин навъи матбуот ҳанӯз ҳам бозори гарм дорад ё мавқеъи худ дар бозорро аз даст додааст? Оё тафаккури хонандаи тоҷик бештар мураккаб шудааст ё ҳамоно моил ба матуботи сода ва сабук аст?

Суоли нахустине, ки дар ин робита посух мехоҳад ин аст, ки чаро воқеъан матбуоти кӯчабозорӣ дар Тоҷикистон ҷой афтод ва хонанда дорад. Абуғаффори Камол таҳлилгари умури расонаӣ дар радио ва телевизиони Тоҷикистон мегуяд, матбуоти ҳанӯз фаъоли хиёбонӣ дар Тоҷикистон маҳсули замони истиқлоли кишвар аст. Зеро ҳудуди бештар аз даҳ сол, аз оғози ҷанги ҳамватанӣ дигар имкони нашри матбуоти ҷиддӣ ва мустақил дар Тоҷикистон вуҷуд надошт ва саҳна барои матуботи хиёбонӣ боз буд. Ва ин ки мардум ҳанӯз ҳам ба чунин навъи матубот таваҷҷӯҳ доранд, идомаи одат аст, ки дар замони холигии майдони матбуот гирифтори он шуда буданд.

Аммо Хуршеди Атовулло, мудири Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон низ одати мардум зарфи даҳ соли охир дар хондани матуботи зардро сарфи назар намекунад, аммо мегӯяд, ин ҷо бештар масъалаи моҳияти матолиби ироашаванда муҳим аст, ки таваҷҷӯҳи хонандаи бо тафаккури содаро ҷалб мекунад. Вале мегӯяд ӯ, акнун бо роҳандозии матуботи нисбатан ҷиддитар саҳна барои рузномаҳои хиёбонӣ тайи чанд соли охир танг шудааст.

Ақидаи бараксро аз Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ва сардабири ҳафтаномаи «Чархи гардун» яке аз муассисони чунин навъи рӯзномаҳо шунидем, ки мегӯяд, дар тамоми ҷаҳон матбуоти зард бештарин теъдоди нашрро дорад. Вай мегӯяд, вақте ин навъи рӯзнома ва матолиб харидор дорад, пас ҷомеа ниёзе ба он дорад ва бояд ниёзи хонандаро бароварда кард. Ба бовари Акбари Саттор матбуоти хиёбонӣ таъсири суе ба ахлоқ ва тафаккури ҷомеа надорад. Аммо ин суолро аз Абдуғафори Камол мекунам. Ӯ ба унвони далели таъсири манфии ин навъи матбуот иттифоқи чанд рузи пешро мисол мезанад, ки ба дунболи нашри як матлаб дар рузномаи «Оила», мардум ба масҷидҳо рехт, то одами харгаштаро бубинад.

Масъалаи дигар низ ин аст, ки дар нашри рузномаҳои хиёбонӣ ноширон озодтаранд. Онҳо таҳти назорати мақомоти сиёсӣ нестанд, идораҳои мухталиф, аз нозироти андоз то маркази вогиршиносӣ низ ба суроғи онҳо намеоянд. Коре, ки дар мавриди рузномаҳои ҷиддӣ баръакс аст. Ин боис метавонад то чандин замони дигар низ дар гарм нигоҳ доштани бозори матбуоти хиёбонӣ мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG