Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи Амрико дар Қафқоз?


ки Вашингтон мехоҳад радари зиддимушакии худро дар Қафқоз ҷойгир кунад. Раиси Оҷонсии дифои мушакии ИМА гуфт

Генерал-лейтенанти нирӯҳои ҳавоӣ Ҳенри Оберинг, ки бо хабарнигорон аз қароргоҳи НАТО дар Бруссел сӯҳбат мекард, аз гуфтани исми мушаххаси кишвари қафқозӣ худдорӣ кард.

Вай гуфт, ки радар як бахше аз системаи бузурги дифои мушакӣ хоҳад буд, ки бояд дар Чех ва Лаҳистон мустақар шавад. Барномаҳои мазкур мухолифати шадиди Маскавро ба бор овард, аммо Ҳенри Оберинг гуфт, ки ин барномаҳо алайҳи Русия нигаронида нашудаанд.

"Мавзӯе, ки мо дар бораи он сӯҳбат мекунем, ин аст, ки даҳ боздошткунандаро дар Лаҳистон ҷойгир хоҳем кард. Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки чанд ҷиҳате мавҷуд аст, ки садҳо мушак ва ҳазорҳо ҳавопаймоҳои ҷангие, ки Русия дорад, ба чолиш кашонда нахоҳанд шуд. Дуюм ин ки ҳатто агар мо ин мушакҳоро ҳадаф қарор диҳем, мо онҳоро аз Лаҳистон истода дастрас карда наметавонем. Дар асл, агар мо талош кунем, ки Русияро ҳадаф қарор бидиҳем, мо боздошткунандаҳоро дар Лаҳистон мустақар нахоҳем кард, онҳо хеле наздик ба Русия ҳастанд. Онҳо дар макони мухталиф ҷо дода мешаванд"

Вашингтон гуфтааст, ки истиқрори системаи дифои мушакӣ дар Аврупо ба хотири ҳимоят аз ҳамлаҳои эҳтимолии давлатҳое мисли Эрон ва Кореяи Шимолӣ сурат мегирад
XS
SM
MD
LG