Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои Ҷоми Рустам Долтабоев идома дорад


Даври охирини бозиҳо дар минтақаи Душанбе рӯзи 26 феврал дар варзишгоҳи «Автомобилист» баргузор шуд. Нахуст тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дастаи «Гвардия»-и Душанберо бо натиҷаи 2 бар 0 шикаст дод. Дар ду бозии дигар - CSKA «Помир»-и Душанбе бар тими «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 4 бар 0 ва «Хима»-и Душанбе бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуданд.

Бад-ин тартиб дар минтақаи Душанбе «Регар» ТадАЗ бо 15 имтиёз миёни шаш даста мақоми аввалро касб кард.«Хима» бо 12 имтиёз дар мақоми дувум, CSKA «Помир» ва «Энергетик» бо ҳафтимтиёзӣ мувофиқи таносуби тӯбҳо дар ҷойҳои севуму чаҳорум қарор гирифтанд. Бар асоси низомномаи ин мусобиқа чаҳор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе дар давраи ниҳоӣ иштирок хоҳанд кард. Вале ба гуфтаи Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими «Регар» ТадАЗ, ин даста, ки аз 1 то 14 март дар Туркия тамрин карда, чаҳор бозии байнулмилалии дӯстона анҷом медиҳад, дар давраи дувуми Ҷоми Рустам Долтабоев ширкат намеварзад, зеро бозиҳои ниҳоӣ дар вилояти Суғд низ дар ҳамин мӯҳлат баргузор мешаванд. Аз ин рӯ дастаи «Гвардия», ки бо се имтиёз ҷойи панҷумро ишғол кардааст, ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфт.

Давраи аввали ин мусобиқа дар минтақаи Хатлон бо ширкати ҳашт даста дар ду гурӯҳ сурат гирифт. Бозии ниҳоӣ байни ду тими шаҳри Қӯрғонтеппа - «Вахш» ва «Тоҷиктелеком» баргузор шуд. Замони асосӣ ва изофӣ бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 хотима ёфт. «Тоҷиктелеком» аз рӯи пенолти - зарбаҳои 11- метра бо натиҷаи 3 бар 2 пирӯз шуда, мақоми аввалро касб кард. «Вахш» дар мақоми дувум қарор гирифт. Ҳарду даста барои ширкат дар давраи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Дар минтақаи Суғд панҷ даста барои роҳхат ба сабқати ниҳоӣ талош доранд. Пас аз натиҷагирии ду даври бозиҳо «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо шаш имтиёз дар ҷадвал садрнишин аст. «Хуҷанд» дар бозии дувуми худ бар тими меҳмон - «Оқҷепес»-и Талдиқӯрғони Қазоқистон бо натиҷаи 2 бар 0 ғолиб омад. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Эсхата»-и Хуҷанд бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Марҳилаи аввали Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев дар минтақаи Суғд то рӯзи 2 март идома хоҳад кард.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG