Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коргар ҳуқуқ надорад?


Нозироти ҳуқуқи кори Тоҷикистон мегӯянд, дар соли гузаштаи 2006 беш аз 3 ҳазор ҳодисаи нақзи ҳуқуқи коргаронро ошкор кардаанд. Баҳриддин Найимов, мудири шӯъбаи ҳуқуқи Иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳамарӯза тақрибан 70 нафар коргарони одии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои давлатию хусусӣ бо даъвои поймол шудани ҳуқуқҳои меҳнатӣ аз ҷониби корфармоёнашон, ба ин ниҳоди давлатӣ муроҷеъ мешаванд:

«Амалӣ гардидани Қонуни меҳнат дар ҳамаи ташкилоти давлатию ғайридавлатӣ ҳатмӣ аст. Ҳоло дар бисёрии корхонаҳо шартномаи коллективӣ баста намешавад. Гузашта аз ин, коргарон аз ҳуқуқи меҳнатии худ огоҳии комил надоранд. Барои ҳамин, дар корхонаҳои ғайридавлатӣ қонуншиканӣ зиёдтар мушоҳида мешавад, яъне вайрон ё риоя накардани қонуни кор. Аммо новобаста аз корҳои ба сомонрасида ҳанӯз нуқсонҳои нозироти ҳуқуқи меҳнат кам нестанд.»

Оқои Найимов дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, ҳоло Иттифоқи касабаи Тоҷикистон ният дорад, дар ҳама гуна корхонаву ташкилоти давлатию ғайридавлатӣ намояндагии худро боз кунад. Ба иттилои ӯ, бо дахолати нозироти ҳуқуқи меҳнат дар соли гузаштаи 2006 беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи корфармоён ба зердастонашон баргардонида шудааст. Баҳриддин Найимов мегӯяд, феълан Иттифоқи касаба омода аст, дар ҳамҷоягӣ бо мақомоти қудратӣ аз ҳуқуқи коргарон дар дохили кишвар ҳимоят кунад.

Аммо Дилбар Самадова, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ дар андешаи дигар аст. Вай гуфт, ҳанӯз бовар надорад, ки дар кишвар ниҳоде қудрати ҳифз кардани ҳуқуқҳои як коргари одиро дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, бештари корхонаҳои тиҷоратии хусусӣ зердастони худро бе имзои шартномаи тарафайн ба кор қабул мекунанд. Хонум Самадова афзуд, бо иллати он ки дар дохили ҷумҳурӣ дарёфти ҷойи кори муносиб мушкил аст, коргарон ба корфармоёни худ итоат мекунанд ва ҳама гуна дағалгӯйии онҳоро таҳаммул менамоянд: «Нафароне, ки соҳиби ҷойи кори муносибанд, аз тарси он ки ҷойи кории худро аз даст надиҳанд, ба ҳама шарту шароити корфармо лоилоҷ розӣ мешаванд».

Дар ҳамин ҳол, Сайида, як ҷавонзани тоҷик, ки қаблан дар як муассисаи давлатӣ ба ҳайси сармуҳосиб фаъолият мекард, мегӯяд, роҳбари корхона ӯро беасос аз кор рондааст. Ва ҳоло ӯ намедонад ба куҷо муроҷиат кунад ва аз кӣ имдод бипурсад: «Ман ба ҷое муроҷиат нанамудам. Бовар доштам, ки арзу шикояти маро касе ҳам таҳқиқ намекунад ва корфарморо ҷазо намедиҳад. Ҳоло ба ҷустуҷӯйи кори дигар баромадаам. Аламовар аст, ки ман беасос аз кор ронда шудам».

Абдурофеъ Нӯъмонов, як ҳуқуқдони тоҷик таъкид кард, ки корманду корфармо метавонанд аз рӯйи меъёрҳои муайянкардаи Кодекси меҳнати Тоҷикистон муносибати худро ба роҳ монанд. Вай мегӯяд, миёни коргару корфармо ҳатман шартномаи хаттӣ имзо шавад, то ҳангоми худсарона рафтор кардани корфармо коргар аз кӯмаки додгоҳ ё вакилони дифоъ дуруст истифода карда тавонад. Файзиниссо Воҳидова, як вакили дифоъ низ мегӯяд, фақат давоми ду моҳи соли 2007 даҳ нафар бо шикояти беасос аз ҷойи кори худ ронда шудан ба ӯ муроҷиат кардаанд. Умуман, барои дағалона вайрон кардани Кодекси меҳнат, ҳамагӣ 22 мансабдори давлатӣ дар соли 2006 ба муҷозот кашида шудаанд.
XS
SM
MD
LG