Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон -- 1995


Ман шахсан бар инам, ки баракс бояд он воқеъаҳоро бештар ёд кард ва омӯхт, то миллат аз такрори иштибоҳоти худ орӣ гардад. Агар мо таърихи худро надонем ба нобиное монанд мешавем, ки гаштаю баргашта ба ҳамон чоҳе ки афтода буд, меафтад ва намефаҳмад, ки чаро ин ҳолат ба амал меояд.

Бо эҳтиром
Масрур
--------------------------------------
Ба фикри банда, ин соле буд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар шароити сахти иқтисодию иҷтимоӣ беҳуда будани ҷангро дарк кард ва ба роҳи сулҳ қадам ниҳод, аммо на сулҳи ҳақиқӣ, балки фиребе ки мухоифонро ором кунад ва ба кори худ давом диҳад ва ба фикрам, ин мақсади он ҳосли гардид.

Соле буд, ки дар ваҳлаи аввал ҳукумат мехост, бо бозгардондани гурезаҳо, мухолифонро танҳо гузорад, аммо дид, ки ин роҳ амалӣ нест.

Бо эҳтиром
Ашӯр
---------------------------------------
Бисёр мавзӯъи ноҷолиб аст. Мо намехоҳем, ки боз душманӣ ва ҷануг ҷидолро ба ёд орем...

Аз шумо, коргарони Озодӣ хоҳиш аст, ки ин баҳсро тағйир диҳед. Мо сулҳ кардем, тамом. Ва намехоҳем боз ҷанг кунем.

Бо эҳтиром
Ҳамсадо МММ
--------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG