Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё дар Афғонистон ҳамлаи баҳории Толибон ба вуқӯъ хоҳад пайваст?


шаҳри Лондон Ҷин Ҷюн Баррасии мушкилҳои амниятии Афғонистон дар анҷумани Лондон

Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш дар суханронии ахири худ гуфт, дар баробари ҳамлаи эҳтимолии Толибон дар мавсими гармо нирӯи бештареро ба Афғонистон хоҳад фиристод. Вай гуфт, толибон ва Ал Қойида дар Афғонистон дар соли гузашта дубора ба саҳна омаданд бо зарбаҳои ҷавобӣ ва интиқомҷӯёна.

Вай гуфт: "Мо мӯҳлати хидмати 3 200 сарбози худро дар Афғонистон ба чор моҳи дигар дароз кардем. Ҳамчунин нирӯи изофӣ мефиристем, то ин афзоишро дар ояндаи наздик таъмин кунад. Нирӯ ва сармоя бояд ба президент Карзай дар торумори душмани ягонаи мо кумак кунанд."

Дар ҳоле ки Буш аз ҳамлаи баҳорӣ сӯҳбат мекунад, дар нишасти дигар дар Лондон, гуфта шуд, ҳеч гуна бозгашти Толибон ба саҳна ба мушоҳида нарасидааст. Генерал лейтенанти Бритониё Дейвид Ричардс, ки то ҳамин авохир, фармондеҳи нирӯҳои Паймони Атлантики Шимолӣ -- НАТО дар Афғонистон буд, мегӯяд, ҷангҳои ахир на бо ташаббуси толибон, балки бо хости НАТО ва барои ташкили минтақаи амн дар атрофи обанбори Каҷакӣ ба амал омад. Қарор аст, муҳандисони чиноӣ ин нирӯгоҳро ба кор андозанд, ки барои ҷануби Афғонистон аҳамияти бузург дорад.

Вале ҳамзамон Ричардс Тасдиқ кард, ки Толибон ба ишғоли шаҳраки Мусоқалъа дар 25-километрии обанбор даст ёфтанд ва аз он ҷо нирӯгоҳро ҳадаф қарор медиҳанд. Муҳандисони чиноӣ нирӯгоҳро тарк кардаанд ва мегӯянд, бидуни амният дар ин ҷо кор нахоҳанд кард.

Аммо ҳамлаи ба истилоҳ баҳории толибонро намояндаи аршади вазорати умури хориҷии Амрико Дейвид Килкулен низ рад мекунад ва мегӯяд, набояд нооромиҳои ахир ба маънии пирӯзии толибон арёбӣ шавад. Ширкаткунандаи дигари конфаронси Лондон, собиқ вазири корҳои дохилии Афғонистон ва ҳоло корманди маркази мутолиоти стратегии Донишгоҳи низомии Вашингтон Алиаҳмади Ҷалолӣ мегӯяд, авзоъ чандон муҷиби осоиш ҳам нест: "Барои нирӯҳои НАТО дар Афғонистон кишварҳо маҳдудиятҳоеро қоил шудаанд, ки ба ҳалли бисёр масъалаҳо халал мерасонанд. Бояд ин маҳдудиятҳо лағв шаванд. Мушкили дигар ин аст, ки кишварҳои имдодрасон бояд ваъдаҳои худро ба ҷо оранд ва кори худро дар нимароҳ нагузоранд. Дар ҳоле ки сармоягузорӣ кофӣ нест, дигар мушкилҳо низ таъсири бештар касб мекунанд."

Бархе аз сухангӯёни конфаронси Лондон гуфтанд, агар Покистон дар ин роҳ бо Афғонистон в аҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории бештар мекард, толибон кайҳо ба гузаштаи таърихӣ табдил меёфт.
XS
SM
MD
LG