Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ҳатмии театр барои кӯдакон


Шаҳрдории Душанбе бо тасвиби як қарор ва бо ҳадафи ҷалби хонандагон ба театрҳо ва боло бурдани ҳисси ватандӯстиву маърифати онҳо ҳар шанбеи 4 уми моҳро рӯзи театр барои мактабиён эълон кард. Тибқи қарори мазкур ҳамакнун хонандагон дар ин рӯзҳо ройгон метавонанд намоишномаҳеро, ки аз ҷониби маъмурияти театр ва идораи маорифи шаҳр бар асоси барномаи таълимӣ пешниҳод мешаванд дидан намоянд. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт.

«Бо ин мақсад аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе 28 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки ин ҳама барои пардохти чиптаҳои театри мактабиёни пойтахт оид ба воридшавӣ ба театр мебошад.»

Аксари мутахассисон ва ҳунармандони театр, ин тасмими шаҳрдориро истиқбол мекунанд. Гулнора Аҳмадова мувоини раиси театри ба номи Маяковский

«Ман фикр мекунам, ин оғози хеле хуб аст, билохира ҳукумати шаҳр ба ин мушкили мо таваҷҷуҳ кард, зеро баъди ҷанги шаҳрванди мо тамошобинони театрро гум кардем, ҳарчанд имрӯз мо филму китобҳои хуби зиёд дорем, аммо театр хусусияти хоси тарбияи маънавии тамошобинро дорад. Ин муҳимтар аст. Масалан барои дарк кардани мантиқи як саҳнаи ҷиддие ба мисли «Калигула» ё "Макбет" наврасону ҷавононро бояд бештар бо театр наздик кард. Барои ин пеш аз ҳама волидони онҳо бояд ба театр оянд ва фарзандони худро дар ин руҳия тарбия кунанд.»

Мирзоватан Миров саркоргардони театри ҷавонони кишвар мегӯяд, дар тули моҳ танҳо як рӯзро ба театр бахшидан кофӣ нест.

«Дар даврони Шуравӣ махсус ҳафтаи театр ва наврасон барпо мегардид, ба хотире, ки мактаббачаҳо аз овони хурдсолӣ ба санъати театр ошноӣ пайдо кунанд ва театр дар тарбияи ахлоқии ҷавонон нақши худро гузорад. Аслан театр синтези тамоми санъатҳост гӯем ҳам хато намекунем, зеро тамошобин вақте вориди толор мешавад, ҳам бо песа, ҳам бо ҳунари актёр бо нутқи саҳнавӣ, яъне чанд намуди санъат ошно мешаванд ва аз ҷониби дигар хонандагон он ҷо дар тули 1 соат як асари бадеиро гуиё хатм мекунанд ва санъати таҳлилкуниро ҳам меомӯзанд. Бинобарин ин кор бояд бефосила бошад, ин чорабини пахтачинӣ нест, ки як моҳу ду моҳ барорему дигар қатъ кунем.»

Аммо барои ҷалби хонандагон ба театрҳо қаблан он бояд, бо тамоми шароитҳо таъмин бошанд, мегӯяд Мирзоватан Миров. Ба қавли ӯ, як иллати камтаваҷҷӯҳии ҷавонону наврасон вазъи нохуби театрҳо мебошад.

«Театр чунин ҷое бошад, баробари воридшавӣ хонанда ва ё донишҷӯ дар он лаззат барад. Ҳатто шурӯъ аз наздикшавӣ ба дарвозаи театр вақти тамошобин хуш шавад. Ороиши қабулгоҳи он хеле зебо бошад. Расмҳои ҳунармандони маъруф пораҳо аз намоишномаҳои беҳтарин чунин чизҳо бояд таваҷҷуҳи тамошобинонро ҷалб кунанд. Ва баъдан ба тамошои намоишнома дарояд»

Бояд гуфт, то имрӯз хонандагон бо ташаббуси маъмурияти мактаб ва даъвати театрҳо дар 3 ва ё 4 моҳ як маротиба ба театр мерафтанд, ки чиптаҳо дар ҳар мактаб ҳар гуна аз 3 то 15 сомонӣ ба хонандагон фурӯхта мешуд.

Вале тавре пурсишҳои мо нишон дод, на ҳамаи хонандагон имкони харидани чиптаҳои театрро доштаанд ва ё дар сурати доштани маблағ онро барои хароҷоти дигар масраф мекардаанд.

«Баъзеи ҳамсинфонам маблағи театрро ҳар чи харида мехӯранд ва ба театр намераванд.»

Ин дар ҳолест, ки эълони як рӯзи ба истилоҳ ҳатмии театр барои мактабиён аз назари баъзеҳо метавонад заррае ҳам бошад меҳри атфолро ба осори саҳнавӣ гарм кунад. Чун дар замони шуравӣ ҳам дар мактабҳо айнан ин гуна даъватҳои саросарӣ ба театр фаъолият мекарданд ва агар ҳам кудакон фарҳанги бо оила театрравиро надоштанд, аз мактаб меомухтанд.

Аммо аксари омӯзгорони макотиби миёна аз намоишномаҳои бачагонаи театрҳо изҳори норзигӣ мекунанд, ба қавли онҳо бо пешниҳоди чунин саҳнаҳо, ки аксаран ба наврасону ҷавонон чандон ҷолиб нестанд ва ё куҳна шудаанд тасмими тариқи театр боло бурдани сатҳи маърифату ватандӯстии ҷавонон муваффақ нахоҳад шуд. Ин омӯзгор, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард гуфт.

«Аз баъзе намоишномаҳояшон чунин эҳсос мешавад, ки танҳо ба хотири залпуркунӣ ва читонида пул онро пешниҳод месозанд ва барои онҳо чандон муҳим нест, ки он саҳна ба хонандагон писанд омад ё на. Театрҳо балету оперетта гуфта, даъват мекунанд, меравем лекин рости гап ман намефаҳмам ва он барои бачаҳо чизе дода наметавонад.»

Светлана Латифова омӯзгори мактаби рақами 8 и пойтахт бар ин аст, ки

«Мо ба театр меравем, вале хеле ва хеле либосҳои саҳнавии ҳунармандон куҳнаву фартут шудаанд ва ҳис мешавад, ки баъзан ҳунармандон чандон хуб бозӣ намекунанд. Хонандагон ҳам инро хуб дарк мекунанд. Бинобарин кори театрҳо чандон муваффақ нест»

Аз ин рӯ, агар як мактабхонеро дидед, ки чӣ будани операи "Бузаки ҷингилапо" ё намоишномаи "Заргӯшаки донои" театри лухтакҳоро надонад, тааҷҷуб накунед, ӯ тифли замони имруз аст.
XS
SM
MD
LG