Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посбонони "Мона Лиза" коршиканӣ карданд


Таҳияи Носирҷони Маъмурзода

Посбонони толори осорхонаи Лувр, ки он ҷо маъруфтарин мусаввараи ҷаҳон - «Мона Лиза» нигаҳдорӣ мешавад, бинобар шароити вазнини корӣ, коршиканӣ карданд. Онҳо талаб мекунанд, ки ҳақмуздашон то 150 евро баланд шавад ва далелашон ин аст, ки шумори тамошобинони асар афзун ва нигаҳдориаш сангин шудааст. Солона аз Лувр беш аз ҳашт миллион нафар дида мекунанд ва аз ин ҳафт миллионаш танҳо ба хотири тамошои «Мона Лиза» ба ин ҷо меоянд. Танҳо рӯзи якшанбе, ки даромад ба ин осорхона ройгон аст, аз толоре, ки «Мона Лиза» нигаҳдорӣ мешавад, 65 ҳазор нафар зиёрат мекунанд. Ба навиштаи нашрияи «Таймс»-и Лондон, агар тақозои посбонони асари безаволи Леонардо да Винчи пазируфта шавад, маоши ҳар яке аз онҳо якуним ҳазор евроро ташкил хоҳад дод. Дар расми корпартоӣ 60 посбон аз миёни 180 нафар ширкат варзиданд. Ҳоло иҷборан чанде аз толорҳои Лувр баста шудаанд.

Намоишгоҳи мусаввараҳои рассоми фаронсавӣ Яник Батоже дар шаҳри Душанбе дарҳои худро боз кард. Ба гуфтаи Амалхонум Гаджиева, ҳамоҳангсози равобити фарҳангии маркази «Бактрия», расмҳои Батоже асосан зиндагӣ ва табиати Тоҷикистонро тасвир мекунанд. Ба ҷуз ин рассоми фаронсавӣ ба мусиқӣ низ шавқ дошта, рӯзи ифтитоҳи намоиишгоҳ Яник Батоже ба тамошобинон барномаи мусиқӣ низ иҷро кард. Ин наишгоҳ ҳанӯз дар маркази фарҳангии «Бактрия» идома дорад. Яник Батоже як низомии пойгоҳи ҳарбии Фаронса аст, ки дар фурудгоҳи Душанбе мустақар мебошад. Ихтисосаш ҳавонавард буда, аммо вақтҳои фориғ аз кор ба рассомӣ машғул мешудааст.

Созмони байналмилалии ЮНЕСКО гуфтааст, агар ҳукумати Мисри Араб ба аҳроми маъруфи худ фавран мақоми мамнӯъгоҳи давлатиро надиҳад, ин аҳром аз феҳрасти Мероси ҷаҳонӣ берун карда мешавад. Парлумони Миср низ аз мавқеъгирии ҳукумат, ки дар ҳалли ин масъала таъхир мекунад, нигаронӣ кардааст, чун маҳз мавзеъҳои бостонии Миср аст, ки солона миллионҳо сайёҳро сӯйи ин кишвар мекашад. Аммо бо хат задани аҳроми Миср аз феҳрасти Мероси ҷаҳонӣ, ин кишвар аз 50 миллион долларе, ки ҳамасола аз сӯйи ЮНЕСКО барои таъмиру тармими ёдгориҳои фарҳангӣ ихтисос дода мешуд, маҳрум мегардад. Ҳамзамон хатари берун шудани аҳроми Ғиза, пайкараҳои бостонии Луқсор, Асуон, Абу Симбол ва Искандария аз феҳрасти Менроси ҷаҳонӣ низ дар миён аст.

Аз ин ба баъд ҳар моҳ дари театрҳои Душанбе барои муҳассилини макотиби ҳамагонии пойтахт боз хоҳанд шуд. Дар ин бора шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қароре ба тасвиб расонидааст. Тибқи ин қарор, идораҳои фарҳангу маорифи пойтахт муваззаф шудаанд, бо театрҳои маҳаллӣ дар бораи мувофиқ кардани намоишномаҳои театрӣ бо барномаҳои таълимӣ ба тавофуқ расанд. Барои халал наёфтани ҷараёни омӯзишу парвариш намоишномаҳо дар соатҳои фориғ аз дарси рӯзҳои шанбе барпо хоҳанд шуд. Бо ҳадафи иҷрои ин қарор барои соли ҷорӣ аз фонди раиси шаҳри Душанбе 28 ҳазор сомонӣ ихтисос дода мешавад.

Дар Ҳуланд мақомҳои шоуи эротикӣ бо намоишномаи театрӣ мусовӣ карда шуд. Додгоҳи таҷдиди назари Амстердам қарор кард, ки шоу-барномаҳои эротикиро мешавад бо спектакли дар театр баробар арзёбӣ кард, аз ин рӯ ин шоуҳо низ ба имтиёзҳо аз молиёт ҳуқуқ доранд. «Даъвати тамошобинон ба шоуи эротикӣ - пип-шоу, мантиқан ҳамчун даъват ба намоишномаи театрист», - омадааст дар ҳалномаи додгоҳи Амстердам. Ин ҳукми додгоҳи таҷдиди назар дар пайи иддаои сарвари як муҷтамаи фароғатӣ, ки аз рӯйи тақозои молиёти ҳаҷман калони мақомот шикоят мекард, содир шуд. Акнун, тибқи қарори додгоҳ, мақомоти андоз бояд ба ӯ чанд ҳазор долларри барзиёд ситонидашударо баргардонанд
XS
SM
MD
LG