Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти нави Туркманистон ин кишварро ба кадом самт хоҳад бурд?


Брюс Паннир Президенти нави Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки рӯзи чоршанбе, расман ба курсии раёсатҷумҳурӣ нишаст, гуфт, дар ҳама бобат роҳи президенти пешин Сафармурод Ниёзовро идома хоҳад дод, вале ҳамзамон чанд навгонии муҳимро низ эълон кард.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар расми савганд дар Ишқобод, дар ҳузури сарони давлатҳо, меҳмонони баландпоя, сафирони мамолики хориҷӣ ва аъзои шӯрои маслиҳати мардум гуфт, ҳамзамон бо ҳифзи бетарафии кишвараш ҳамкории байнулмилалиро густариш медиҳад, дар баробари бепул боқӣ мондани газ, барқ, об ва намак нархи орд, бензин ва манзилро баланд намекунад, вале мактабҳоро дубора даҳсола, донишгоҳҳоро панҷсола мекунад ва ба таҳсили ҷавонони туркман дар хориҷа иҷоза медиҳад. Инчунин интернет ва пайванди телефонии бесимро ба ҳама дастрас мегардонад.

Иттифоқан агар баъзе интихобкунандагон самимона ба Бердимуҳаммадов раъй дода бошанд, маҳз барои ҳамин ваъдаҳои ӯ, чунин тасмим гирифтаанд. Монанди як ҷавонзани туркман, ки дар рӯзи овоздиҳӣ ин тавр гуфта буд:
"Ман ба барномаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гӯш додам ва ваъдаҳои ӯ ба ман маъқул шуд, мисли ин ки донишгоҳҳо аз нав панҷсола ва мактабҳо даҳсола мешаванд, дарси тарбияи ҷисмонӣ дубора ҷорӣ мегардад. Ин ҳам ҷолиб аст, ки вай ваъда дод, ҷавононро барои таҳсил ба хориҷа фиристад."

Ҳарчанд дар пасманзари мероси сиёсии гоҳе шигифтовари Ниёзов президенти нав метавонад, бе душворӣ ҳам маҳбубияти мардум ва ҳам хушбинии ҷомеаи ҷаҳониро ба даст орад, дар бораи шахси ӯ ва завқу нақшаҳои сиёсияш иттилоъи хеле кам мавҷуд аст. Дандонпизишки 49-сола замоне рӯи саҳна омад, ки пас аз марги Ниёзов иҷрокунандаи вазифаи президент баргузида шуд. Ин ҳам дар ҳоле ки шахси дигар, ки аз рӯи қонун мебоист, муваққатан сари қудрат меомад, ба ҷиноят айбдор шуда, зиндонӣ гардид. Бо оғози маъракаи интихобот, Бердимуҳаммадов даъватҳои роҳ додан ба ширкати мухолифон дар интихобот ва озод кардани маҳбусони сиёсӣ ношунида гирифт.

Эрика Дейлӣ, мудири барномаи Туркманистон дар Пажӯҳишгоҳи Ҷомеаи Боз мегӯяд, воқеан дар бораи кӣ будани Бердимуҳаммадов иттилоъ кам аст ва мебояд танҳо ба баъзе маълумот такия кард: "Мо аз гузаштаи ҳирфаии ӯ баъзе чизҳо медонем, вале дар бораи шахсияташ иттилоъ хеле кам аст. Вай вазири маъориф, сипас вазири беҳдошт ва ҳамзамон ноиби сарвазир буд ва касест, ки бештар аз ҳама дар ҳукумати Ниёзов кор кардааст."

Ин ҳам як нишона аст, ки Бердимуҳаммадов аз ҳамаи маъракаҳои поккории ҳукумат, ки Ниёзов ҳар сари чанд вақт ба роҳ мемонд, наҷот ёфтааст. Як марде ки дар берун аз Туркманистон ба сар мебарад, Бердимуҳаммадовро аз даврони донишҷӯии ӯ мешиносад, мегӯяд, ин як шахси дамдузд аст ва зоҳири фиребанда дорад ва гоҳе ба аъмоли ғайриинтизор даст мезанад. Ин шахс бо сабаби он ки хонаводааш дар Туркманистон ба сар мебарад, аз гуфтани номи хеш худдорӣ кард.

Вале бо вуҷуди ин ваъдаҳои пешазинтихоботии Бердимуҳаммадов ба коршиносон маводе додаанд, то аз аломатҳои мусбат сӯҳбат кунанд. Монанди Майкл Ҳолл, мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ: "Ин ваъдаҳо як эътирофи муайяни онанд, ки роҳи баргузидаи режими пешина, режими Сафармурод Ниёзов, бар зарари кишвар будааст. Ва шояд аломати ин ки дар атрофи Бердимуҳаммадов ашхосе ҳастанд, ки ислоҳотро илоҷи мушкилоти давлат ва мояи зарурии рушд мешуморанд."

Аммо Дейлӣ мегӯяд, иҷрои ваъдаҳои президенти нав танҳо ба иродаи худи ӯ бастагӣ надорад ва ба он марбут аст, ки вай киҳоро ба тими худ ворид мекунад ва то куҷо қудратманд аст.
XS
SM
MD
LG