Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 0 - 2 Узбакистон


Тими мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар бозии ҷавобии интихобии Олимпиадаи соли 2008 рӯзи чоршанбеи 14 феврал дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе аз тими Узбакистон бо натиҷаи 0 бар 2 шикаст хӯрд.

Анзур Исмоилов, бозигари меҳмонон дар дақиқаи 27-уми қисми аввали бозӣ тӯбро аз масофаи 5 метр вориди дарвозаи мизбонон карда, ҳисобро боз намуд. Голи дувуми Узбакистонро Марат Бикмаев дар дақиқаи охирини бозӣ ба ҳадаф расонд.

Ёдовар мешавем, бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Тошканд низ бо пирӯзии тими олимпии Узбакистон бо натиҷаи 4 бар 1 ба анҷом расида буд.

Бад-ин тартиб ғолиби ин ҷуфт - тими Узбакистон ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфт.

Вале дастаи Тоҷикистон, ки барои чаҳорумин бор дар мусобиқоти интихобии олимпӣ ширкат кард, ин дафъа низ дар марҳилаи аввал аз идомаи мубориза барои роҳхат ба қисмати ниҳоии Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин маҳрум гашт.
XS
SM
MD
LG