Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи ИМА аз тавофуқот сари барномаи ҳастаии Куриёи Шимолӣ


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тавофуқи байналмилалӣ бар сари барномаи ҳастаии Куриёи Шимолӣ истиқбол кард.


Баъди чанд рӯзи музокироти шашҷониба дар шаҳри Пекин, Куриёи Шимолӣ мувофиқат кард, ки дар баробари дарёфти сӯхт, аввал реактори ҳастаии асосиаш ва дар ниҳоят барномаҳои ҳастаии худро мутавақиф мекунад.


Кондолиза Райс, вазири умури хориҷаи Амрико аз ин созиш истиқбол кард, вале гуфт, ин поёни талошҳо барои муттавақиф кардани барномаҳои ҳастаии Куриёи Шимолӣ нест. Ӯ гуфт, тавофуқи ҳосилшуда дар Пекин қадами муҳими аввал ба сӯи орӣ аз силоҳи ҳастаӣ кардани нимҷазираи Куриё ва ба минтақаи амнтару босуботтар табдил додани Осиёи Шимолу Шарқ аст.


Бо вокуниши Иёлоти Муттаҳида ба созиш, матбуоти давлатии Куриёи Шимолӣ гуфт, ки тавофуқнома танҳо муваққатан боздоштани барномаҳои атомиро пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG