Сандуқҳои раъйи бидуни мӯҳр, бетаваҷҷӯҳии райъдиҳандаҳо ба интихобот, раъйдиҳӣ ба ҷои падару модар, раъйдиҳии наврасоне, ки ҳуқуқи синни раъй надоранд, ҳузури ками нозирони аҳзоб, адами нозирони маҳаллӣ, овоздиҳии ноогоҳона дар минтақаҳои овоздиҳӣ аз мушоҳидаҳое ба шумор меоянд, ки дар ҷараёни интихоботи миёндаврии Порлумони кишвар дар ҳавзаи ноҳияи Қубодиён ба чашм расид.
Дар ин ҳавза ду номзад, яке аз ҷониби Ҳизби халқӣ - демократӣ Баҳриддин Садриддинов ва Худойназар Тошқувватов аз тарафи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рақобат доштанд. Тибқи иттилои Кумиссиюни марказии интихобот, номзади ҲХДТ пирӯз шуд.
Мо ҷараёни интихоботро дар се нуқтаи раъй дар ин ноҳия мушоҳида намудем. Замоне, ки мо ба минтақаҳои раъй омадем, нахуст бо мардуми деҳкадаҳое, ки дар наздикии ҳавзаи интихоботӣ ҷойгир буданд, ҳамсӯҳбат шудем ва аксари кулли онҳо аз баргузории интихобот дарак надоштанд.
«-Намедонам, агар шавад меравам.
-Ҳоло мо намедонем, чи хел интихобот?
- Аз даҳони шумо шунида истодаам. Аз вакилон хоҳиш мекунам, ки нарху наворо дар бозор арзон кунад. Мо ягон вакилро надидем ва намедонем, ки кӣ аст номзад. »
Беиттилоъии мардум нишон медод, ки дар рӯзҳои омодагӣ ба он, тарғибу ташвиқ хеле кам ба роҳ монда шудааст. Зеро баъзеҳо номи номзадҳоро ва барномаи онҳоро намедонистанд.
«Овоз дода баъд омадем
- Ба кӣ овоз додед?
- Номаша намедонам, фаромӯш кардам.
-Ман ба Талбак Назаров (!) овоз додам. Лекин намедонам барномаашро, фаромӯш кардам.»
Дар минтақаи раъй, ки мо ҷараёни интихоботро дунбол доштем, сафири Бритониё Грем Лотен барои назорати интихобот омада буд. Аз ӯ таассуроташро оид ба ҷараёни интихобот ва ҳузури мардум дар интихобот пурсон шудам. Ҷаноби Грем Лотен гуфт, раъйдиҳӣ дар фазои маъмулӣ бо ширкати камранг ва таваҷҷӯҳи ками аҳолӣ сурат мегирад. Ҷаноби сафир меафзояд, барояш ташвишовар он аст, ки дар ҷомеъаи демократие, ки намояндагони аҳзоби мухталиф ба сар мебаранд ва онҳо аз ҳаққи иштирокашон дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ даст кашидаанд:
«Таассуроти ман чунин аст, ки дар ин ҷо маъракаҳои тарғиботӣ зиёд баргузор нашудаанд ва фикр мекунам як иллати бетаваҷҷӯҳии аҳолӣ ҳамин аст. Аммо барои ман чизи дигар муҳим аст, мефаҳмам, ки бархе аз аҳолӣ маъракаи райъдиҳиро чандон муҳим намеҳисобанд. Аммо ташвишовар он аст, ки аҳзоби сиёсие, ки дар ин навоҳӣ фаъолият мебаранд аз пешниҳоди вакилони хеш даст кашидаанд ва иштирокашонро муҳим арзёбӣ намекунанд. Ба вижа дар ноҳияи Восеъ, ки ба ғайр аз ҳизби халқӣ демократӣ дигар ягон ҳизб ширкат накардааст, ки ин хеле бад аст. Шояд онҳо ба низоми сиёсии ҳукумат бовар надоранд. Аммо ҳаминро медонам, ки ин омил ба рушди ҷомеъаи демократӣ таъсири манфӣ мерасонад»
Иштироки нозирони аҳзоби сиёсӣ низ чандон фаъол ба назар намерасид. Дар 3 қитъаи овоздиҳии ноҳияи Қабодиён, ки аз онҳо дидан кардем танҳо дар яктои он нозири Ҳизби наҳзати ислом ширкат меварзид. Сулаймон Мусулмонов, раиси қитъаи раъйдиҳии рақами 6 -и ноҳия мегӯяд:
«Мана соат 9: 35 ва нозири Ҳизби Наҳзати Ислом нест. Сабабашро нагуфтааст.»
Намояндагони сафорати Бритониё ҳодисаҳои ба ҷои аъзои хонавода раъй додани як нафарро мушоҳида кардаанд. Онҳо мисол меоранд, ки як нафар аз ҳаққи овози 15 узви хонаводааш истифода кардааст.
Дар қитъаи интихоботии рақами 7- и ноҳияи Қабодиён мо бо як писари 14 солае вохӯрдем, ки мехост ба ҷойи падараш овоз бидиҳад. Ин писарак худро Фирӯз Назаров муаррифӣ кард:
«-Аз ба ҷойи отам овоздиҳӣ омадам вай бемор аст. Ба ман гуфтанд, ки баъди 15 дақиқа биё.»
Вале дар ҳамин ҳол раиси ин қитъа Ҳайдар Очилдиев ҷараёни интихоботро хуб ва мувофиқи қонун арзёбӣ мекард.
«Интихобот дар фазои қонунӣ ва демократӣ баргузор мегардад.
-Як писараки 14 сола номашро Фирӯз гуфт ва ба ӯ гуфтанд, ки баъди 15 дакика биё овоз медиҳӣ аз ба ҷои падарат. Чаро чунин аст?
-Не ин дурӯғ аст шояд вай бача ягон беақл бошад. »
Дар қитъаҳои интихоботӣ дар лаҳзаҳои идомаи раъй барномаҳои тарғиботии номзадҳо овезон буд, ки ин мухолифи қонуни интихобот мебошад. Сабаби онро раҳбарони қитъаҳои интихоботӣ беэътиноӣ ва тасодуф шарҳ доданд.
«-Ҳамин? Ҳаааааааа саҳв шудаст ана ҳозир мегирем.»
Тибқи қонун қуттиҳои раъйдиҳӣ пеш аз шурӯъи интихобот, бояд бо мӯҳри кумиссиюни марказии интихобот маҳкам шуда бошад. Аммо дар қитъаи рақами 4 сандуқи овоздиҳӣ бе мӯҳр танҳо бо қулфи оддӣ маҳкам шуда буд. Аммо Эшонқулов Пошохон раиси қитъаи мазкур мегӯяд:
«Дар бораи сурғуч гап занед вай худаш маҳкам, қулфу калид дорад. Бо вая бо мӯҳр маҳкам кардан зарур нест.»
Ҳамин тавр, интихоботи миёндаврии маҷлиси намояндагони порлумони касбӣ ва доимоамалкунандаи Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Қубодиён, 200 километрии ҷануби Тоҷикистон баргузор шуд ва намояндаи ҳизби президент пирӯз гардид. Бо ин боз як курсии дигарро ҳизби ҳоким дар палатаи поёнӣ ба даст овард. Дар ҳоли ҳозир, Ҳизби халқӣ деморатӣ беш аз 80 дар сади курсиҳоро дар порлумон соҳиб аст.

Оставьте в покое этот народ! Дайте им жить спокойно и мирно.
Пешво иктисоди оиларо дар назар дорад, вагарна зиёда 9% рушди иктисоди дар ягон мамлакати тараккикардаи дунё дар соли 2021 мушохида нашудаст. Бо ин хисоботхои дуруг ва рушди бемисли иктисод мо кайхо бояд Сигапурро мегузаштем, вале аз чи бошад ки точики бечора холо хам дар фикри орду равган ...
Дар Ватан одамон мурдаистодан , дар хукумат мачлис .... Как буд то дар Бадахшон 4 то пашша мурда бошад (((( Инкадар куштор , инкадар хуни мардуми бегунохро ки чавоб мегуфта бошад ?!
Ҳаққи ҳалоли халқи тоҷикро сӣ сол шуд, ки мехӯрам, аҳ сер намешавам, ба ман фарқе надорад, кӣ дар куҷо чӣ кор мекунад, муҳим ҳаққи худро талаб накунад, талаб ҳам кунад, артиши сархӯр дар ихтиёрам, фармон медиҳам якдигарро мехӯранд, аммо ман бо тӯдаи пайвандонам ҳаққи ҳамаро якҷо мехӯрем. Ҳар фарди ин миллат кушта шавад, ба нафси ман ҳаққи нав илова мешавад, аз сулҳу ваҳдат фақат худам истифода мебарам, аз сарқонун фақат худам истифода мебарам, аз ҳама шароите маъишӣ фақат худам истифода мебарам, дар беҳтарин шароит, дар беҳтарин хона, дар беҳтарин “кругозор” зиндагӣ мекунам. Халқро садқаи ҳаққу ҳуқуқ кунад, як подаи гов, шуморо чиву серию пурӣ чӣ?! Ба умри ман баракат диҳед!
Чаро ин хабархо дар телевизион пахш нашуд? Чои русти дорад магар? Хайрон мешавам баъзе яку якбора чунин ходисахоро хонда