Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёде аз Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ


Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев як шахси нотасодуфӣ буд. Вай бо ишқ ва дониш вориди ҳирфаи журналистӣ шуда, дар ҳеч шароите дили соф ва мағзи рӯшанашро гум накард ва ишқ ба ӯ имкон медод, тамоми умр журналист бимонад ва дониш буд, ки ӯро ба курсиҳои дабирию сардабирӣ менишонд. Вай шояд аз он курсинишинони камшуморе буд, ки на бо тасодуф ва балки аз рӯи шоистагӣ ба ин курсиҳо менишастанд ва аз рӯи виждон онҳоро тарк мекарданд.

Вай вақте чизе менавишт ва ё навиштаи касеро ҳамчун муҳаррир мехонд, ҳама чизи дигарро ба фаромӯшӣ медод ва бо чашмони тезбини уқобу дили мисли оина соф амал мекард. Аз он афроди камшуморе буд, ки бандубасти сухан, пайвандҳои зоҳирию ниҳонии матн ва илми бузурги таҳрирро медонистанд. Мегуфт, "кас бояд ҳисси забон дошта бошад ва бе чунин ҳис наметавон ҳамаи тобишҳои суханро фаҳмид." Мағзи ӯ вожаномаи ҳазорхонае дошт, ки беғалат ҳар калимаеро бо ҳамаи тобишҳои маънои он дар ҳар лаҳзаи зарурӣ метавонист, берун орад ва рӯи мизи шумо бигузорад. Баҳсҳои думболадори ҳамкорон сари ин ё он калима одатан дар ҳуҷраи ӯ бо сулҳу оштӣ ва пиёлаи чойи гарму бозии шатранҷ ба поён мерасид.

Мазҳабшоҳ "асаби мақола" ва ё "асаби ҷумла"-ро мешинохт. Мақолаи хуберо ба раҳбарони аз худ болотар мебурду муъаррифӣ мекард, бо далелҳои сангихороӣ исбот мекард, ки ин мақола бояд чоп шавад, гоҳе муваффақ мешуд ва гоҳе бо сари хам берун меомад ва мегуфт, "ҳамааш хуб, фақат, асаби мақолаатро аз он берун кашиданд." Яъне муҳимтарин нуктаи мақоларо маҳв карданд.

Инсони донишманду закӣ аз фарҳангу адабиёти Шарқу Ғарб огаҳии комил дошт (на донишҳои сарлавҳаӣ) ва метавонист, дар ҳар мавзӯъе бошад, вориди баҳс гардад. Фақат баҳсҳоеро дӯст намедошт, ки зери косаи онҳо нимкосаи маҳалгароӣ нуҳуфта бошад. Вақте медид, баҳс ба самти дигар меравад, одатан ҳазлу шӯхиеро ба миён меандохт ва мавзӯъро иваз мекард. Вижагии дигари ӯ ин буд, ки бо ҳама метавонист, забон ёбад. Аъзои Кумитаи марказӣ ҳам ба ҳарфи ӯ гӯш медоду нависандаи солхӯрда ҳам. Аҷиб буд, ки душмане надошт, ҳарчанд мегӯянд, мардони бузург бояд душманони қавӣ дошта бошанд. Ҳамаи ӯро дӯсти худ мешумурд, аз бузургон гирифта, то ҳуруфчинҳои доманбарӯғани матбаъа.

Тундрав, ҳарис ва ҳамлавар набуд. Эътидолро мепарастид, бо вуҷуди имкониятҳои зиёд даст ба моли ҳаром дароз намекард ва ба ҷустуҷӯи шӯҳрати моҷароомез намерафт. Намегуфт, вале ҳис мекардӣ, аз иттиҳоди нокасон меҳаросад. Борҳо бо чунин дастаҳо рӯбарӯ гашта буд ва борҳо зарбаи онҳоро чашида. Бузургтарин намунааш Пленуми ғайринавбатии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар соли 1990, вақте дар баробари ҳамлаҳо аҷзи худро дарк кард. Ва ё вақте ки дар зимистони соли 1992 маҷбур буд қатлиоми бадахшиҳоро дар кӯчаҳои Душанбе рад кунад, дар ҳоле ки худаш дар махфигоҳ ба сар мебурд. Гоҳе ҳамин гуна маҷбур мегашт, дар марзи миёни ҳукумат ё шароити ноодил ва адолатхоҳии хешу адолатхоҳии мардуми худ ҷӯёи рахнаву гузаргоҳҳое шавад. Инсони танҳо дар баробари фишори тахтасанги замона. Аммо ҳамон дасту дили соф ва ҳамон чашму мағзи рӯшан. Намунаи дигараш -- ҷанги дӯстдорона бо ҳамовардаш Бозор Собир. Накӯҳиши дилсӯзона дар пасманзари як ҷомеъаи интиқомталаб.

Бо вуҷуди як умри кӯтоҳу пуршӯру нобасомон хушу хушбахт рафт, зеро хушбахт касест, ки ӯро ёд мекунанд. Ва ӯ, бешак, касест, ки ёдаш хоҳанд кард. Сангин ҳам бошад.
XS
SM
MD
LG