Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳорроҳаи Туркманистон ва нишонаҳои ояндаи ин кишвар


Брюс Паннир Рӯзи якшанбе дар Туркманистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Аввалин интихобот бо ширкати чанд номзад.

Тавре дар ёд доред, раҳбари собиқи Туркманистон, Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбошӣ, президенти якумрии ин ҷумҳурии собиқи шӯравӣ эълон шуда буд ва акнун бо даргузашти ӯ, мақомоти ин кишвар тасмим гирифтаанд, раҳбари навро аз тариқи интихобот муайян кунанд. Вале ҳамчун таъсири инерсионии мероси Туркманбошӣ, интихобот дар Туркманистон як маъракае шумурда мешавад, ки бояд ба салоҳиятҳои раиси муваққати ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зоҳири қонунӣ ва демократӣ бидиҳад. Ва дар худи Туркманистон гуфта мешавад, натиҷаҳо аз ҳоло маълуманд. Аммо нозирон аз берун мехоҳанд, аз ин маърака рамуз гиранд, ки оё фардо Туркманистон бо кадом роҳ пеш хоҳад рафт. Бо роҳи ошнои давраи Туркманбошӣ ва ё бо пайроҳаи наве, ки метавонад, назари ҷаҳонро ба Туркманистон иваз кунад. Анна Сандер Пласман, коршиноси умури Гурҷистону Туркманистон дар созмони Афви Байнулмилал дар Лондон мегӯяд, таaссуфовар аст, ки танҳо номзадҳои дилхоҳи ҳукумат дар сабқати президентӣ ширкат мекунанд:

"Ягон ҳизби мухолиф имкон надошт ва надорад дар интихобот ширкат кунад."

Аз сӯи дигар аксари интихобкунандагон низ бори аввал дар раъйдиҳӣ ширкат мекунанд. Охирин бор дар Туркманистон 15 сол пеш, моҳи июни соли 1992 чизе шабеҳи интихоботи президентӣ барпо гашта буд ва Сафармурод Ниёзов ҳамчун ягона номзади он интихобот 99,5% овоз гирифта буд. Дар интихоботи порлумонии соли 2004-ум 77%-и соҳибони ҳаққи раъй ба ҳавзаҳои овоздиҳӣ омада, аз ягона ҳизби сабтиномшудаи собиқ коммунист ва акнун демократи Ниёзов пуштибонӣ карда буд.

Ҳукумати Туркманистон умедвор аст, ки рӯзи якшанбе аксарияти интихобкунандагон пойи сандуқҳои раъйдиҳӣ хоҳанд омад. Телевизиони давлатии Туркманистон батакрор эълон мекунад, ба онҳое ки бори аввал раъй медиҳанд, ширинӣ ҳадя хоҳад шуд.

Номзади пешсаф кафили раёсатҷумҳурии Туркманистон Бердимуҳаммадов аст ва ноиби аввали ҳокими вилояти Тошҳавз Аманиёз Атайиков, ноиби вазири саноъати газу маъдан Ишонгулӣ Нуриев, раиси ноҳия Муҳаммадназар Қурбонов ва шаҳрдорони Ободон Оразмурод Гарайеву Туркманбошиобод Ашурниёз Поманов бо ӯ рақобат мекунанд.

Ҳарчанд Бердимуҳаммадов расман ба додани имкониятҳои баробар ба номзадҳо даъват кардааст, таваҷҷӯҳи асосии матбуот ба худи ӯ равона шудааст. Аз ҳама аҷибаш, раиси Кумисюни Марказии Интихобот расман эълон кард, ки талош дорад, Бердимуҳаммадовро дар мақоми президент бубинад. Бисёре аз ҳукуматҳои демократӣ ва созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон аз мақомоти Туркманистон даъват карданд, бо пешбурди сиёсатҳои нармтар интихоботи президентиро ҳамчун имконияти хуби тармими симои кишвар истифода кунанд.

Дар ҳақиқат низ интихоботи мазкур аввалин нишонаҳеро рӯшан хоҳад кард, ки ояндаи кишвар чигуна хоҳад буд. Номзадҳо ваъдаҳои шавқангез мекунанд, монанди озодии бештари истифодаи интернет, моликияти хусусӣ ба замин, лағви маҳдудиятҳои сафар ба хориҷа ва монанди инҳо.

Ягон давлати хориҷӣ ва ҳатто аз кишварҳои муштараклманофеъ ба интихоботи президентии Туркманистон нозир нафиристодааст. Танҳо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гурӯҳи кӯмак ба интихоботро ба кишвар ворид кард, ки бештар ба омӯзиши вазъ машғул хоҳад буд, то ба мушоҳидаи мутобиқати интихобот ба меъёрҳои байнулмилалӣ.
XS
SM
MD
LG