Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Додоҷони Атовулло хомӯш аст?


«Миллат» бо истинод ба суханони раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов дар ҷаласаи васеъи ҳукумати кишвар дар муқобили интиқоди шадиди раиси ҷумҳур аз фаъолияи бонкҳо навиштааст, «ман сад фоиз гунаҳкор ҳастам». Ва муаллиф навиштааст, урфи демократӣ ин аст, ки мансабдор чун ба гуноҳаш иқрор шуд, ба дунболи он бояд истеъфояшро низ эълом кунад. Ҳамчунин ин суолро матраҳ кардаст, ки оқои Алимардонов шумо ба усули демократӣ эътиқод доред?

«Азия плюс» ба баррасии интиқодоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумати кишвар пардохта навиштааст, ба дунболи ин интиқодот шикори мансабдорони тоҷири мақомоти давлатӣ шурӯъ шуд. Ба навиштаи нашрия раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мушовири давлатии худ доир ба масоили иқтисодӣ Матлубхон Давлатов дастур додааст, ки вазъ дар вазорати собиқи мухобиротро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода ва мушаххас намояд, ки ширкатҳои мухоботиротии дар кишвар фаъол ба кӣ тааллуқ доранд ва саҳмияҳои онҳо дар дасти кист?

«Факти и комментари» хабар додааст, рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ баҳои доллари амрикоӣ дар қиёс бо сомонӣ якбора даҳ нуқта поин рафт ва як рӯзи баъд то ҳудуди даҳ нуктаи дигар боло шуд. Нашрия бо истинод ба назари коршиносон навиштаст, ки ин беқурбшавии якбораи доллар дар муқоиса бо сомонӣ сунъӣ сурат гирифтааст ва ҳадафи аслии он ба даст овардани манфиати бештари дастандаркорони ин усул мебошад. Ба эътиқоди коршиноси нашрия ин амалиётро Бонки миллии Тоҷикистон рӯи даст гирифтааст, вале аз ном бурдани нафари мушаххасе худдорӣ кардааст. Ва коршиноси дигари нашрия гуфтааст, ки эҳтимол ин ноустувории асъори миллӣ нишонаҳои аввалини муфлисшавии иқтисоди Тоҷикистон бошад.

«Нигоҳ» бо ишора ба назари шоҳидони вақт ин суолро матраҳ кардааст, ки «Оё метавонист баҳманмоҳи хунини соли 1990 рӯх надиҳад?». Ба назари яке аз онҳо агар фарҳанги сиёсии ҷомеаи ҳамонвақта дар сатҳи зарурӣ мебуд, агар ҳуввияти миллӣ боло мешуд, ҳеҷ гоҳ воқеоти баҳманмоҳи соли 1990 бо хунрезӣ анҷом намешуд. Ба назари дигаре агар аз давлати беҳтарини коргару деҳқон рӯ намегардонданд ва фирефтаи капитализми дурӯғин намешуданд, баҳманмоҳ хунин намешуд. Саввумӣ гуфтааст, баҳманмоҳи хунин ногузир буд, зеро он хориҷ аз кишвар, аз сӯи абарқудратҳо тарҳрезӣ шуда буд. Аммо чаҳорумӣ камқудратии сарварони вақти кишварро дар баҳманмоҳи хунин муттаҳам кардааст.

«Зиндагӣ» дар сармақолаи худ таваҷҷӯҳи хосаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба рубоиёти нобиғаи адабиёти форсу тоҷик Умари Хайёмро матраҳ кардааст. Ба навиштаи нашрия вақте ки мавзӯи мубориза бо нороҳатӣ ва кайфпаридагӣ ба миён омад, Путин ғайричашмдошт рози дилро кушод ва ҳикоя кард, ки дар дақиқаҳои душвор ба рубоиёти Умари Хайём муроҷиат мекунад.

Дар ҳамин ҳол «Миллат» бо истинод ба хабаргузориҳои Русия навиштааст, Владимир Путин мавриди омодагӣ ба нишасти хабарии панҷум ва рекордии худ бо хабарнигорони дохиливу хориҷии Русия дар баробари дигар мавзӯъҳои муҳими давлатӣ дар дафтарчаи хотирааш ин рубоиёти Умари Хайёмро ёддошт кардааст. «Рӯзе, ки гузаштааст аз ӯ ёд макун»

«Фактий и комментарии» ҳамчунин масъалаи лаб фурӯ бастани Додоҷони Атовулло журналисти тоҷики фирории Русия, мушаххастар дар ин авохир нашр нашудани «Чароғи рӯзи» ҳангоманавис ва тоза нагаштани сомонаи интернетии «Таҷикистан таймс»-ӯро мавриди таваҷҷӯҳ қарор додааст. Нашрия навиштаст, дар ин авохир ҳамчунин сомонаи интернетии «Таҷикистан таймс» низ дар қаламрави Тоҷикистон боз намешавад. Ва муаллиф чунин суол гузоштааст, ки оё Додоҷони Атовулло ба муборизаи худ хотима дод?

Нашрияи «Фараж» афзоиши 25 дарсади нархи барқ аз якуми феврал дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода навиштааст, ба иттилои ширкати «Барқи тоҷик» ин болоравии нархи барқ ба тақозои созмонҳои байналмилалӣ, бавижа Сандуқи байналмилаии пул иртибот дорад. Ва меафзояд бар асоси созиши Тоҷикистону Сандуқи байналмилаи пул, ки соли гузашта онро ба тасвиб расонданд, афзоиши нархи барқ дар Тоҷикистон то соло 2010 идома мекунад ва интизор меравад то он замон мардуми кишвар барои истифодаи 1 киловатт нирӯи барқ 7 дирам пардохт намоянд.
XS
SM
MD
LG