Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармиҳои фасли сармо, сардиҳои фасли гармо...


Имсол дар анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давоси Суис дар баробари масоили доғе ба мисли низоъи байни Исроилу Фаластин, сарнаившти Ироқ ва мушкилоти ҷаҳонии таъмини энержӣ як мавзӯъи меҳварӣ расидагӣ ба масоили гармшавии иқлим буд. Обуҳавои ғайриоддие, ки дар зимистони имсола дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ҳукмфармост, низ ба гармии баҳсҳо рӯи тағйири иқлим равғани бештар рехта, дар нахустин дидори дабири кулли ҷадиди СММ Пак Ки Мун аз Кохи Сафед низ ин мавзӯъ аз умдатарин масоили матруҳа бо маъмурияти президенти Амрико Ҷорҷ Буш будааст. Иҷрои муқаррарроти паймони Киото, ки умдатаринаш коҳиши мизони партоби газҳои гулхонаӣ ба ҳавост, ва мутақоид сохтани кишварҳои муқтадири саноатие ба мисли Амрикову Чин ба ҳамроҳӣ ба паймони Киёту иҷрои шароити ин паймон аз васоили муассиртари расидагӣ ба чолишҳои ношӣ аз раванди гармшавии иқлими ҷаҳон гуфта мешавад.

Дар ҳафтаи гузашта раҳбарони чанд ширкати бузургтарини Амрико бо шумули ширкатҳои энержии "Ҷенерал Электрик", алюминсозии "Алкоа", кимиёии "Дюпонт" ва нафтии "Би Пи Америка" аз раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш даъват карданд, ба хотири ҷилавгирӣ аз гармшавии иқлим даст ба иқдомоти ҷиддитар бизанад. Раҳбарони ширкатҳои бузургатарини саноатӣ таъсиси як акнун мегӯянд, фурсате фаро расида, ки Амрико дар сангари пеши мубориза бо тағйири иқлим мавқеъ бигирад. Питер Дерби, аз раҳбарони ширкати газу барқи "Пасифик" мегӯяд: "Амрико кишвари дорои имкониятҳои фавқулодда ва масъулиятҳои низ фавқулодда аст. Ҳеҷ кишвари дигари ҷаҳон баробари мо ба ҳаво газ партоб намекунад ва мо бидуни шубҳа, як ҷузъи ин мушкил ҳастем. Мо зимнан соҳиби иқтисоди аз лиҳози моддиву фаннӣ аз ҳама бой ва пешрав мебошем ва аз ин рӯ ҷиҳати ҳалли мушкил дасти дарозтар дорем."

Раҳбарони ин ширкатҳои бузург ва пурқудрат ва рақиб камтар ба ҳамкор мемонанд. Вале онҳо акнун дар ҳамроҳӣ бо ҳомиёни муҳити зист дар садади таъсиси як Иттиҳодияи ҳамкории Амрико ба хотири мубориза бо тағйири иқлим шудаанд. Як қасди ин созмони ҷадид фишор овардан болои Конгресс аст, ки бо таҳияи як қонун ва корбурди муҷозоти шадид мизони партоби газҳои гулхонаӣ аз сӯи корхонаҳои саноатии Амрикоро то 15 соли оянда коҳиш диҳад. Ба эътиқоди чеҳраҳои ангуштнамои саноати Амрико, он чӣ ки барои муҳити зист хуб аст, наметавонад барои тиҷорат ва соҳибкорӣ бад бошад. Ҷефри Иммелт, аз мудиромилони ширкати "Ҷенерал Электрик": "Ба назари мо, чунин иқдом дасти соҳибкоронро бозтар мекунад. Одамон вақте донанд, ки меъёри бозор дар оянда чӣ хоҳад буд, вобаста ба он навовариҳо хоҳанд кард ва кори худро бо фанновариҳои навин пеш хоҳанд бурд."

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш низ дар паёми солонааш ба мардум ва Конгресс, ки рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта ироа кард, ба мушкилоти муҳити зист, аз ҷумла ба мавзӯъи тағйири иқлими ҷаҳон таваҷҷӯҳи вижаеро қоил шудааст. Оқои Буш гуфт, Амрико дар садад аст то 10 соли дигар бо истифода аз фанновариҳои навин мизони истифода аз маҳсулоти нафтӣ, бахусус бензинро то 20 дарсад камтар кунад: "Амрико дар остонаи дастовардҳои бузургӣ фанние қарор дорад, ки вобастагии рӯзгори мо ба нафтро коҳиш медиҳанд. Ва ин фанновариҳо ба мо даст медиҳад, ба мушкилоти зистмуҳитӣ хубтар расидагӣ кунем ва дар муқобили чолишҳои ношӣ аз тағйири иқлими ҷаҳон истодагарӣ карда тавонем."

Дар авоили моҳи январи Иттиҳодияи Аврупо (ИА) зимни муаррифии стротежии нави энержиаш эълом дошт, ки партоби газҳои гулхонаияш ба атмосфераро то соли 2020 дар муқоиса бо соли 1990 20 дарсад коҳиш медиҳад. Бруксел ҳамчунни тааҳҳуд супурда, ки дар сурати ризоияти кишварҳои аз лиҳози саноати пешрафтаи ҷаҳон омода ҳаст ин рақамро ҳатто ба 30 дарсад бирасонад.
XS
SM
MD
LG