Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Леонардо Ди Каприо дар филми нави "Blood diamond"


Қисса дар Сиерра Леоне, як кишвари ҷангзадаи африқоӣ солҳои 90-уми қарни гузашта ҷараён мегирад. Кишвар оғуштаи рӯёрӯиҳои дохилӣ буда дар намоишнома таъсири бебандубориҳои он солҳо дар ҳаёти афроди мушаххас акс ёфтааст. Дар чунин шароити ҷангӣ баъзе гурӯҳҳои манфиатдор дар дохил ва хориҷи кишвар бо қимати ҷони инсонҳои оддӣ талош доранд, хазинаҳои алмоси худро ғанӣ гардонанд. Саломони моҳигир бо зӯр аз хонаводааш ҷудо мешавад ва таҳти назорати як гурӯҳи мусаллаҳи табаҳкор дар як майдоне машғул ба кашф ва истихроҷи алмос мешавад.


Рӯзе ӯ ба таври ногаҳонӣ як алмоси гулобиеро пайдо мекунад, ки аз лиҳози рангу ҳаҷмаш то ҳол бесобиқа будааст. Ба таври тасодуфӣ ӯро даст медиҳад, ки ин алмос дар ҷое пинҳон кунад, аммо худ равонаи зиндон мешавад. Аз он лаҳза эътиборан ӯ дар фикри наҷоти хонавода, духтару ҳамсар ва бахусус писари худ Диа мешавад, ки аз ҷониби ҳамин дастаи мусаллаҳ иҷборан ба гурӯҳи кӯдакони сарбоз ворид шудааст.



Тоҷир Денни Арчер дар зиндон аз ин алмоси нодир хабар меёбад, ва ба Саломон пешниҳод мекунад, ки бар ивази наҷоти хонаводаву писараш ба ӯ он алмосро бидиҳад. Барои пайдо кардани ҳамсар ва духтари Саломон, ки бо кӯмаки камиссириати СММ дар умури паноҳандагон дар як қароргоҳе ҷо дода шудаанд, ба онҳо як хабарнигори амрикойӣ мусоидат мекунад. Вале дар маркази таваҷҷӯҳи намоишномаи мазкур сарнавишти писари 10-11 солаи моҳигир қарор гирифтааст.



Диа, қабл аз маҷбуран ба сарбозӣ ҷалб шуданаш, дар мактабе воқеъ дар 5 километрии деҳаашон таҳсил карда, забони англисӣ меомӯхт ва орзу дошт табиб шавад. Аммо ҳоло ӯ ба фармони мардони силоҳбадаст итоат мекунад, дарси қатлу куштори инсонҳоро меомӯзад ва маҷбуран маводи мухаддир истеъмол мекунад. Ӯ дигар тифле нест, ки дар фикри фардову волидонаш бошад, ӯ як мавҷудоти силоҳбадастест, ки мисли манкурт танҳо фармонҳои раҳбари худро гӯш медиҳад.



Дар ниҳоят, баъди моҷароҳои зиёд падар писарашро аз дасти ин гурӯҳ раҳо мекунад, аммо писар мили туфангро сӯи падар равона мекунад. Чанд лаҳза тамошобин фикр мекунад, ки дигар Диа роҳи бозгашт ба ҳаёти маъмулӣ ва идомаи таҳсилро надорад, аммо падар метавонад бо сухан ва ёдоварӣ аз рӯзгори ободу таҳсилоти писарак хотироти ӯро тоза карда фарзандро дубора ба оғӯши худ баргардонад. Ин қиссаи мубориза барои зиндагист, он аз ҳасудиву номардиҳои инсон ва дар айни замон, саховатмандиву муҳаббат ба зиндагӣ ҳикоят мекунад. Дар филм таъкид мешавад, ки имрӯз дар саросари Африқо беш аз 200 ҳазор кӯдаки сарбоз ба сар мебарад ва сарнавишти ҳар яки онҳо то ҳол норӯшан аст.
XS
SM
MD
LG