Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РусАЛ ба Тоҷикистон посух дод


Ширкати РусАл сохтмони нирӯгоҳи Роғунро бидуни ризоияти кишварҳои ҳавзаи рӯди Омӯ имконнопазир арзёбӣ кард.

Александр Касаткин, сухангӯи намояндагии ширкати РусАл дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат омода аст, сарбанди нирӯгоҳи Роғунро бо баландии 285 метр бунёд кунад. Вай афзуд, дар ин ҳол иқтидори нирӯгоҳ 2.400 мегават/соат ва солона 10,8 миллиард киловат/соат хоҳад буд. Оқои Касаткин афзуд, ин мавқеи ширкати РусАл аст.

Яке аз нуктаҳои ихтилофи миёни Тоҷикистону РусАл баландии сарбанди нирӯгоҳи Роғун аст. Ширкати РусАл омода аст, онро ба баландии 285 метр бунёд кунад. Аммо Тоҷикистон пофишорӣ бар он мекунад, ки баландии сарбанд 335 метр бошад. Оқои Касаткин мегӯяд, бо ин вуҷуд, РусАЛ ба такмили баландии сарбанд ба 335 метр зид нест, ба шарте ки ин корҳоро ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ кунад ва ин лоиҳа бо кишварҳои ҳавзаи Омӯ дар мавриди истифодаи захоири дарёҳои фаромарзӣ мувофақа шавад. Оқои Касаткин гуфт, ин мавзӯъро ширкати РусАл тариқи хаттӣ ҳанӯз моҳи октябри соли 2006 ба ҳукумати Тоҷикистон матраҳ карда буд, аммо то ба ҳол посухе нагирифтаанд.

Ба шумули Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон кишварҳои имтидоди рӯди Омӯ маҳсуб мешаванд. Аммо аз посух ба суоли он ки оё ба ширкати РусАл ягон эътирозе аз ин кишварҳо расидааст, сухангӯи РусАл худдорӣ кард.

Изҳороти ширкати РусАл дар ҳоле садо медиҳад, ки қаблан Вазорати саноат ва энержии Тоҷикистон ин ширкатро дар иҷро накардани созишномаи миёни Тоҷикистону Русия аз 16 октябри соли 2004 муттаҳам кард. Тибқи ин созишнома ширкати РусАл сохтмони як қисмати корхонаи алюминиуми Тоҷикистон, як корхонаи ҷадиди алюминиум дар ҷануби Тоҷикистон, шурӯъи сохтмони нирӯгоҳи Роғун ва омода кардани 50 ҳазор мутахассиси тоҷикро дар соҳоти саноат ва энергетика ба зимма гирифта буд.

Александр Касаткин, сухангӯи намояндагии ширкати РусАл дар Тоҷикистон гуфт, дар ҳоле, ки нирӯи барқ нест дар мавриди сохтмони корхонаҳои арзиз ва ҳоло ки созишномаҳои РусАл ва Тоҷикистон ба бунбаст рафтаанд, дар мавриди иҷроиши онҳо ҳарф задан имкон надорад.
XS
SM
MD
LG