Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шойеъа ё воқеъияти марги ҷосуси собиқи рус


Рузи душанбе телвизюни Би Би Си ду филми ҳуҷҷатиро дар бораи ҷосуси собиқи рус, ки яке аз мунаққидони ҷасури сиёсати Кремлин буд, ба намоиш гузошт. Андрей Некрасов-муаллифи ин ду филм аз дустони Литвиненкост, ки филми аввалро ин тавр номгузорӣ кардааст: "Дусти ман Саша: Ҳамон кушташудаи Рус". Муаллиф дар мусоҳибае ба радиои Озодӣ гуфт, парвандаи куштори Литвиненко дар Бритонё мавриди алоқаи зиёди мардум қарор гирифтааст:

"Ман медонам, ки ҷомеъаи Бритонё ба давлат ва пулиси ин кишвар фишори зиёд ворид мекунанд, то онҳо дар ин бора маълумот диҳанд. Телвизюн низ зери фишор аст. Масалан, ман аз Би Би Си дархост кардам, ки барои таҳияи ин ду филм шаш ҳафта дар ихтиёри ман гузорад. Барои чунин кор шаш ҳафта меъёри маъмулист. Вале ба ман барои ҳама корҳои филмсозӣ се ҳафта муҳлат доданд ва гуфтанд, ки мардум мехоҳанд ҳар чӣ зудтар ҷавобе дарёфт кунанд. Мегуянд, агар номи гунаҳгорон рушан набошад, дар он сурат баррасии ошкор анҷом бигирад".

Дар ҳар ҳолат, куштори Литвиненко нисбат ба ҷавоб суолҳои бештаре матраҳ кардааст. Филми дуввуми мустанад, ки аз тариқи телвизюни Би Би Би ба намоиш даромад, чунин ном дорад: "Чӣ тавр ба ҷосус бояд заҳр дод?". Дар ин филм назарияи ҷадиде пешниҳод шудааст ва гуфта мешавад, нахустин талош барои заҳрогин кардани Литвиненко бо полониюм 210 ду ҳафта пеш аз заҳролуд кардани вай ба мушоҳида расидааст.

Бино ба ин филм, нишонаҳои полониюм дар Суши бари Лондон ошкор шудааст, дар ҷое, ки якуми ноябр Литвиненко бо Марио Скрамеллаи итолёӣ мулоқот карда буд. Худи ҳамон руз Литвиненко аз пой афтод ва дар бемористоне бистарӣ шуд.

Таҳиякунандаи филм мегуяд, нишонаҳои полониюм дар ҷое низ ба мушоҳида расидааст, ки Литвиненко бо собиқ афсарони амниятии Руссия, яъне бо Андрей Луговой ва Дмитрий Ковтун 16-уми октябр мулоқот доштааст. Ин ду афсари собиқ якуми ноябр низ бо Литвиненко дар меҳмонсарои Милениюми Лондон вохурдаанд.

Дар ин меҳмонсаро нишонаҳои полониюм пайдо шуд ва муоинаи 8 корманди меҳмонсаро мавҷудияти полониюмро ба миқдори хеле кам дар бадани онҳо собит сохт. Аммо бисёре аз нозирон фарзияи пешниҳодкардаи филмро инкор мекунанд. Олег Гордиевский-собиқ афсари баландрутбаи хадамоти ҷосусии Руссия, ки баъд аз фирор аз кишвараш ҳоло дар Лондон ба сар мебарад, аз дустони Литвиненко ба шумор мерафт. Вай дар мусоҳиба ба родюи Озодӣ гуфт, ҳамон талоши аввал, ки дар филми Би Би Си зикр шудааст, дар асл нахустин талоши Хадамоти Амнияти Федеролии Руссия ва тамрине барои заҳрогин кардани Литвиненко буд:

"Агар ба вай ягон навъ заҳр медоданд, вай қабл аз 16-уми ноябр ба ҳалокат мерасид. Он вақт талоши онҳо тамрини ниҳоӣ буд. Ҳама одамоне, ки дар ин амалиёт даст доштанд, яъне аз хадамоти амниятӣ гирифта то низомиён, амалиёти худро тамрин карданд. Онҳо ҳамон вақт ҳам бо худ полониюм доштанд ва ҳама ҷангафзори заруриро бояд тамрин мекарданд. Онҳо омаданд, гуфтугу карданд ва тасмим гирифтанд, ампулро худашон нагзоранд".

Гордиевский ҳафтаи гузашта ба рузномаи "Таймз"-чопи Бритонё гуфт, шахси чаҳорум, ки ҳамроҳ бо Луговой ва Ковтун якуми ноябр бо Литвиненко вохурдаанд, масъулияти рехтани заҳри полониюм ба пиёлаи чои Литвиненкоро бар уҳда дорад. Ин мардро бо номи Владислав ба Литвиненко муъаррефӣ кардаанд, ки шиносномаи тақаллубии Иттиҳодияи Аврупоро доштааст. Рузномаи "Таймз" навиштааст, камераҳои амниятии фурудгоҳи Ҳитроуи Лондон ин мардро ба навор гирифтаанд ва чеҳраи вай ба сокинони Осиёи Марказӣ шабоҳат дорад. Аммо пулиси Бритонё аз додани тавзеҳот дар ин бора худдорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG