Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Чин то ба Румӣ


Чин ва Тоҷикистон

Сафари расмии ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии раиси ҷумҳури кишвар ба Чин аз мавзӯъоти аслии нашрияҳо дар ин ҳафта буд.

«Минбари Халқ» бо нашри гузориши комиле аз ҷараёни ин боздид, онро такони ҷиддӣ барои пешрафти муносиботи байни ду кишвар номидааст.

«Ҷумҳурият», нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи аввали худ матни пурраи суханронии раиси ҷумҳур Раҳмоновро дар маросими ифтитоҳи Анҷумани тиҷоратию иқтисодӣ дар шаҳри Пекин чоп кардааст. Президент Раҳмонов гуфтааст, барои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ байни Чину Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам омадааст.

Ду сафҳаи ҳафтаномаи «Зиндагӣ» низ ба сафари Раҳмонов ва ҳайъати ҳукумати ӯ ба Чин бахшида шуда ва нашрия онро сафари бобарор ва муродбахш номидааст.

Ҳафтаномаи «Фараж» ба масъулини мақомот ва сиёсатшиносон бо суоле муроҷиат кардааст, ки Оё Чин ҷойи Русияро дар Тоҷикистон мегирад? Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Душанбе гуфтааст, кишвари ӯ бо Чин дар Тоҷикистон рақобат намекунад ва баръакс манфиатдор аст, ки Чин дар ин ҷо фаъолият кунад, ҳамчуноне, ки ба гуфтаи ҷаноби сафири Русия Чин низ манфиатдори фаъолияти Русия дар Тоҷикистон аст.

Дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» матлабе дар бораи омилҳои рушди иқтисодии Чин дарҷ шудааст. Арзонии қувваи корӣ, мавҷудияти бозор ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳимоя шудани маблағгузор аз авомили аслии болоравии саноати Чин номида шудааст. Дар ин баробар қайд шудааст, ки ҳарчанд ин омилҳо дар Тоҷикистон низ мавҷуданд, аммо ба иллати набуди ҷои кор мардони тоҷик кишварро тарк гуфта рӯ ба муҳоҷират меоранд.


Муҳоҷират ва пайомадҳои он

Дар идомаи мавзӯъи муҳоҷират «Зиндагӣ» аз рӯзҳои нахусти қонуни нави муҳоҷират дар Русия ва пайомадҳои он матлабе чоп кардааст. Дар ин навишта омадааст, чиноиҳо дар саросари Русия амволи худро бо нархҳои даҳчанд баробар арзон фурӯхтаанд. Ва ҳарчанд мақомоти Русия гуфтаанд, ки баъд аз ин қонун дар бозорҳои Русия ҳеҷ холигоҳе ба вуҷуд намеояд, вале матлаби «Зиндагӣ» суоле пеш овардааст, ки оё шаҳрвандони нозук ва нозпарвари Русия он кореро, ки мардикорони тоҷик дар шароити тоқатфарсо ва бо пули ночиз анҷом медиҳанд, амалӣ хоҳанд кард?

Дар ҳамин ҳол, як матлаби ҳафтаномаи «Миллат» ба масъалаи муҳоҷират аз оинаи дигар ва бо чашми зан нигоҳ кардааст. Дар ин навишта омадааст, ҳиҷрони давомдор ва фишорҳои равонӣ яке аз авомилиянд, ки занони тоҷикро ба сӯи худкушӣ раҳнамун месозанд. Муаллиф лаби таассуф газидааст, ки ҷомеа дар баробари вазъи равонё ва иҷтимоии бонувони тоҷик сукутро ихтиёр кардааст.

Дар навиштаи дигари «Миллат» дар мушкилоти иҷтимоӣ, фақирии мардум, афзоиши қиммати хадамотҳои назири барқу газ ва маҳсулоти хӯрокаро беҳунарии мақомотро гунаҳгор кардааст. Мисоле оварда шудааст, ки танҳо дар як моҳи ахир нархи як халта орд аз 50 сомонӣ то ҳафтод сомонӣ боло рафтааст ва оилаҳои зиёде қудрати харидории онро надоранд.


Расонаҳои русӣ дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар расонаҳои русӣ

Вуруди ду нашрияи русӣ ба бозори матбуоти Тоҷикистон ва мӯҳтавои матолиби онон аз мавзӯъи дигари шумораҳои имрӯзи нашрияҳои Тоҷикистон буд.

Дар «Фараж» сафаргуфтаҳои як мухбири «Комсомолская Правда» аз Тоҷикистон зери тозиёнаи танқид гирифта шудааст. Хуршеди Атовулло, муаллифи ин навишта мақолаи хабарнигори русро таҳқиормез ва таҳрикдиҳандаи низоъи нажодӣ номида сабки навишти онро ба «Зангӯлаҳои Умед»-и Пономарев дар авоили солҳои навади қарни гузашта мушобеҳ гуфтааст. Дар ин матлаб омадааст, ки агар мақомоти расмии Тоҷикистон ба ин гуна мақолот ҷавоби расмӣ надиҳанд ва ин гунна дурӯғпароканиҳо аз ҷониби хабарнигорони миллатгаро идома ёбад, паёмади он танҳо пас аз қабули бештари тобутҳои оҳанин дарк хоҳад шуд.

Дар ҳамин маврид, дар як пурсиши ҳафтаномаи «Нигоҳ» гуфта шудааст, вуруди ду нашрияи русӣ ба фазои иттилоотии Тоҷикистон бештар аҳдофи сиёсӣ дорад то ки ҳадафи иқтисодӣ. Дар як пурсиши дигари «Нигоҳ» маълум шудааст, ки аксар сокинони Тоҷикистон шабакаи телевизионии русии «РТР Планета»-ро тарҷеҳ медодаанд.


Қазияи ҲСТ

Дар «Фараж» мактуби кушоди Ҳизби сотсиалисти Мирҳусейн Назриев унвонии Сайдулло Хайруллоев, раиси опрлумони Тоҷикистон нашр шудааст. Дар ин мактуб сотсиалистҳои Назриев тақозо кардаанд, то бо шумули вакилони полумон як кумиссиюн ташкил шавад ва қазияи ҳуқуқии сари ин ҳизб омадаро мавриди баррасӣ қарор диҳад.


Мавлоно Румӣ

Дар зимн, дар баробари он ки ЮНЕСКО соли 2007-ро соли Мавлоно Румӣ эълон кард, дар пешорӯи ҳаштсад солагии Мавлоно ҳафтаномаи «Миллат» танҳо нашрияе буд, ки дар ин маврид матлабе Чоп кард. Дар мақолаи дусафҳагии «Миллат» навишта шудааст, Мавлоно дар замони хеш сори тамаддунҳои гузаштаро бо афкори онрӯзаи Шарқу Ғарб пайванд зада андешаҳои адёни гуногун ва беҳтарин арзишҳои инсониро ба ҳам омезиш дод ва тафаккуре баҳри умуми башар офарид.
XS
SM
MD
LG