Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар" ТадАЗ - "Оқтеппа" - 0 : 0


Ин бозӣ дар маҷмаъаи варзишии «Динамо»-и шаҳри Маскави Русия баргузор шуд. Дар бозии дигари даври дуввуми ин мусобиқот дар гурӯҳи «А» дастаи дуввуми CSKA-и Маскав бар тими «БАТЭ»-и Борислави Белорус бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯз шуд. Бад-ин тартиб дар ин гурӯҳ CSKA бо чаҳор имтиёз дар мақоми аввал, БАТЭ бо се имтиёз дар мақоми дуввум, «Оқтеппа» бо ду имтиёз дар мақоми севвум ва «Регар» ТадАЗ бо як имтиёз дар мақоми чаҳорум қарор доранд. Ҳар чор даста барои роҳ ёфтан ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ мубориза мебаранд. Дар даври севвум рӯзи 23 январ БАТЭ бо «Оқтеппа» ва CSKA бо «Регар» ТадАЗ рақобат мекунанд.

Дар гурӯҳи «В» «Шериф»-и Молдова, ки дар даври дуввум бар «Левадия»-и Эстония бо натиҷаи 3 бар 2 ғолиб омад, бо шаш имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Ва ин даста сарфи назар аз бозии даври севвум бо «Дордой - Динамо»-и Қирғизистон ба марҳалаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Футболбозони қирғиз дар бозии дуввум низ аз «Боку»-и Озарбойҷон бо натиҷаи 0 бар 2 шикаст хӯрданд. Дар ин гурӯҳ «Левадия» ва «Боку», ки бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуввуму севвум қарор гирифтаанд, байни худ барои роҳ ёфтан ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ рақобат мекунанд.

Дар гурӯҳи «С» «Пахтакор»-и Узбакистон дар бозии дуввумаш бар «Бананс»-и Арманистон бо натиҷаи 3 бар 0 ғалаба кард. Бозии «Вентспилс»-и Латвия бо «Шахтёр»-и Украина бо натиҷаи 1 бар 1 хотима ёфт. Дар ин гурӯҳ «Вентспилс» бо чаҳор имтиёз дар ҷойи аввал, «Пахтакор» бо се имтиёз дар ҷойи дуввум, «Шахтёр» бо ду имтиёз дар ҷойи севвум ва «Бананс» бо як имтиёз дар ҷойи чаҳорум қарор доранд. Дар даври охирин «Пахтакор» бо «Шахтёр» ва «Вентспилс» бо «Бананс» зӯрозмоӣ мекунанд.

Дар гурӯҳи «D» ОФК-и Сербия бар «Каунас»-и Литва бо натиҷаи 3 бар 2 ва «Сиони»-и Гурҷистон бар МТТУ-и Туркманистон бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯзӣ ба даст оварданд. Дар ҷадвали ин гурӯҳ ОФК бо шаш имтиёз садрнишин аст ва новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш бо «Сиони» ба чаҳорякфинал баромад. «Каунас» ва «Сиони» сеимтиёзӣ гирифтаанд ва мутаносибан дар мақоми дуввуму севвум ҷойгир шудаанд. МТТУ бидуни имтиёз дар мақоми охирин аст. Дар даври севвум «Каунас» бо МТТУ рақобат мекунад.

Марҳалаи муқаддамотии Ҷоми иттиҳод-2007 дар чаҳор гурӯҳ шоми сешанбеи 23 январ ба анҷом мерасад. Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи ҷумъаи 26 январ барпо мегарданд. Барандаи Ҷоми иттиҳод-2007 дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 28 январ дар маҷмаъаи варзишии «Олимпийский»-и Маскав баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG