Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷоти Замин дар миллиард ниҳоли сабз аст?


Дар баҳсҳои авҷгиранда доир ба гармшавии саросарӣ, истифода аз манобеъи алтернативии тавлиди энержӣ дар мадди аввал қарор дорад. Ва ин манобеъ гармии офтоб, нерӯи бод, сӯхти ҳастаӣ ва ҳам сӯхти биологӣ аст. Дар барномаи Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта муаррифӣ шуд, бисёре аз инҳо ба ҷойи сӯхти нафтӣ, манобеъи доимии сӯхт пешниҳод шудаанд.

Аммо эътимод ба истифодаи ин гуна анвоъи сӯзишворӣ комил нест. Истифодаи баъзе аз онҳо хавфнок аст, ба мисли сӯхти ҳастаӣ, дигар манобеъ ба мисли нерӯи бод ва ё гармии офтоб чандон муассир нест.
Аммо сӯхти биологӣ агарчӣ бисёр умедворкунанда ва муассир ба назар мерасад, аммо зоҳиран солҳои зиёд зарур аст, то инсоният имконияти истифодаи фарогир аз онро пайдо кунад.
Пас чӣ кор бояд кард?

Дуруст аст, бояд дарахт шинонд.

«Шинонидани ниҳол барои наслҳои оянда, як амри бисйор оддӣ, вале рамзи рушди мунназам аст. Ҳадафи барномаи "Ниҳолшинонӣ ба хотири сайора ва корзори миллиард дарахт" дар соли 2007 басиҷ кардани инсоният ба нафъи муҳити зист аст.»

Шоҳзодаи Монако Алберти 2 аст, ки ташаббуси нави Барномаи Зистмуҳитии Созмони Милал ЮНЕПРО раҳбарӣ мекунад. Ҳадафи Корзори миллиард дарахт ҳам мувофиқ ба номаш ҳаст, яъне ба дар соли 2007-ум ниҳол кардани ҳадди аққал як миллиард дона дарахт аст, то ба ин васила роҳи гармшавии саросарӣ гирифта шавад. Аммо дарахтҳо барои ҷилавгирӣ аз гармшавӣ чӣ нақше дошта метавонанд.

Аз байн рафтани дарахтзору ҷангалҳо назар ва ё бийобоншавиро низ аз омилҳои гармшавии саросарӣ медонанд ва мегӯянд, ки дар ин падида айби биёбоншавӣ дар муқоиса ба газҳои гулхонаӣ, ки нақлиёт дар саросари ҷаҳон ҳосил мекунад, бештар аст. Дарахтҳо фурубарандаи табиии гази карбон ҳастанд, ки аз сӯзишвории нафтӣ ҳосил ва гази аслии гулхонаӣ маҳсуб мешавад. Ҳамон газе, ки сабаби боло рафтани ҳарорат дар сайораи мо аст.

Ташаббуси ниҳолшинонӣ илҳом аз кори Ҷоизаи Сулҳи Нобел хонум Вангарӣ Маатӣ аст, ки соли 2004- ум барои коштани 30 миллион ниҳол дар 12 кишвари Африқо он ҷоизаро ба даст овард.

Таҷрибаи Маатӣ нақши дигари муҳими дарахтонро зоҳир кард. Замоне, ки ӯ барномаи аввали ниҳолшинонии худро шурӯъ кард, ҳадафаш ҳалли мушкили биёбоншавӣ Кения буд, ки сокинони рустоҳои кишварро ба сахтиҳои зиёд рӯ ба рӯ кард. Дар ин рустоҳо мардум дигар ҳезум, замин барои чарогоҳ ва об надоштанд. Тавре ӯ ба сомонаи интернетии Идораи Муҳитизистии Созмони Милал гуфтааст, ӯ мехост, бо ниҳолшинонӣ дар ниҳоят заминҳои қобили кишту истифодаро барои ҳазорон нафар мардуми бебизоати Африқо барқарор кунад.

«Мо инсонҳо танҳо бахше аз табиати зинда ҳастем. Ва агар бахше аз ин табиатро мекушем, мо худро мекушем. Мо бояд ҳаминро дарк кунем, ин табиати зинда тавре ки буд, бояд бимонад ва рушд дода шавад. Чаро ки наҷоти мо ба наҷоти табиат вобаста аст."

Идораи муҳитизистии Созмони милал мегӯяд, ҳадафҳое, ки он думбол мекунад, назар ба ниёзҳои ҷаҳонӣ ночиз аст. Ин ниҳод мегӯяд, ки миллионҳо гектар ва миллиардҳо ниҳол бояд шинонд, то хок ва манобеъи обӣ устувор ва ҳезуми кофӣ низ пайдо шавад.

Барои он ки ҷуброни миллион дарахте, ки тайи даҳсолаи гузашта буридаву нобуд шудаанд, бояд дар 130 миллион гектар, баробар ба ду масоҳати Укроин ниҳол шинонд. Ба гуфтаи ЮНЕП барои иҷрои ин кор 14 миллиард дона ниҳол зарур аст ва 10 сол, ё соддатар гуем, ҳар як нафар сокини сайора, аз ҷумла ману шумо низ бояд ду ниҳолӣ шинонем ва онҳоро парвариш кунем. То кунун дар чаҳорчӯби Корзори Миллиард Дарахт 75 миллион ниҳол шинонда шудааст ва кишварҳои ҷаҳон ваъда додаанд, ки 150 миллион ниҳоли дигар хоҳанд кошт.

Аммо ин тааҳҳудро метавон танҳо як хӯшаи 1 миллиард дона ниҳол номид вале агар созмонҳои дигаре ба мисли як созмони ғайриҳукуматӣ дар Арманистон иқдом кунанд, ин рақам бештар мешавад. Ин созмон ваъда додааст, ки соли равон дар Арманистон 500 ҳазор дона ниҳол мешинонад. Сомонаи интернетии ЮНЕП ҳамчунин ба ниҳолшинонҳои эҳтимолӣ тавсияҳо додааст, аз ҷумла доир ба навъи дарахтҳо ва роҳҳои парвариш. Иттилоъи бештарро доир ба корзори миллиард дона дарахтро дар сомонаи интернетии даблю даблю даблю юнеп орг метавон пайдо кард.
XS
SM
MD
LG