Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар Русия пас аз 15-уми январ


Маълумоти бештар
Гузоришҳои то ин соат

Салом.......
Ба фикри ман аз ин қароре ки давлатмардони русӣ дар пеш гирифтаанд, нотавонии раиси ҷумҳури мо ва (давлатмардони) Тоҷикистон мебошад. Ба ҳар навъе бояд пеши ин кор гирифта шавад ё мардуме ки дар Русия кор мекунанд, барои зиндагии рузмараашон ба онҳо дар Тоҷикистон кор диҳанд, то аз ин бештар таҳқир нашаванд ...

Агар давлатмардони мо тоҷик бошанд, каме ҳам дар фикри муҳоҷирони корӣ бошанд.

Зафар
---------------------------------------

Ба фикри ман, аз ин қарорҳои ҳукумати русия бӯи миллатгарой меояд. Вале аз сӯи дигар ин ихтиёри ин ҳукумат аст, ки дар ҳудуди худ ҳар қонунеро метавонад ҷорӣ кунад. Ба шуниди ман, Қирғизистон ҳам чунин қонун баровардааст, то бозорҳои худро аз чиноиҳо поксозӣ кунад.

Бо эҳтиром
Ашӯр
--------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG