Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С. Исмонов: Мо Собировро барканор накардаем...


С.И: Мо Масъуд Собировро аз вазифа барканор накардаем. 24 декабр ҷаласаи раёсати Ҳизби демократ баргузор гардид. Аксари аъзои раёсат, ки кворумро ташкил мекард, ҳозир буданд. Баъди якуним соат Масъуд Собиров низ омад, вале бо сабабҳои номаълум аз ҷаласаи раёсат баромада рафт. Раёсат ба як қарор омад, ки чун фаъолияти раиси ҳизб аз анҷумани фавқуллода то имрӯз - ғайриқаноатбахш аст ва вақтҳои охир аслан фаъолият намекунад, зеро мудирии кафедра дар Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқро низ бар дӯш дорад ва бисёр воқеӣ аст, ки вақте як кас дар ду ҷой иҷрои вазифа мекунад, хоҳ-нохоҳ як вазифаро иҷро карда наметавонад. Шояд аз ин сабаб ваё бо сабаб дигар раёсат ба хулосае омад, ки муваққатан то анҷумани ҳизб масъулияти иҷрокунандаи вазифаи раисро ба дӯши муовини аввали раиси ҳизб - яъне бар дӯши ман гузорад. Масъалаи Масъуд Собиров ва фаъолияти ӯ дар анҷуман аз нав баррасӣ мешавад. Он кас бояд ҳисобот диҳанд, муовинҳояш низ ҳисобот медиҳанд. Ва дигар аъзои ҳизб низ фаъолияти ӯро муҳокима мекунанд ва танҳо дар он ҳолат гуфта мешавад, ки Масъуд Собиров аз вазифа барканор шуд, ё ки муваққатан барканор шуд, ё ки раиси ҳизб боқӣ монд. Дар масъалаи фаъолият накардани ӯ як мисоли оддӣ аст, ки аз анҷумани фавқуллода то имрӯз ҳизб қароргоҳ надорад. Агар раиси ҳизб дар панҷ моҳ масъалаи қароргоҳро ҳал карда натавонад ин маънои онро дорад, ки ӯ фаъолият намекунад.

А.Қ: Албатта, барои пайдо кардани қароргоҳ маблағ зарур аст - хоҳ барои иҷора хоҳ барои харидории манзил. Шумо метавонед бигӯед ,ки ҳамин ҳоло Ҳизби демократ барои ин имконияти молӣ дорад?

С.И: Агар аз давраи фаъолияти фраксияи Ватан шурӯъ кунем, ин масъала аз ҳамон вақт дар нақша буд. Яъне маблағ аз ҳисоби аъзои раёсат ва аъзои ҳизб ҷамъ шуда буд барои баргузории анҷуман ва фаъолитяи ҳизб. Албатта, ин ҷо маблағи калон нест. Мо дар бораи қароргоҳи дуошёна ҳарф намезанем. Ҳозир гап сари ду -се ҳуҷра меравад, ду -се ҳуҷрае, ки он ҷо ҳизб фаъолият кунад. Фикр мекунам он маблағи ночизе, ки ҳаст аз тарафи аъзои раёсат ва аъзои ҳизб пайдо мешавад. Гап дар бораи маблағ намеравад. Аз ҳисоби шахсии худ мо бояд ин чизро муваққатан ҳал кунем. Сурат ҳисоб ҳам боз нашудааст, мӯҳр нест, қароргоҳ нест. О, ҳамаи ин аз раис вобаста аст.

А.Қ: Оё намешуд, ки ин ҳама камбуд ва норасоиҳоеро ,ки зикр кардед, раёсат дар ҷаласааш бо маслиҳат ва машварат баррасӣ карда роҳи ҳалро пайдо кунад, бидуни он ки эъломи барканории раис аз вазифаро бидиҳад?


С.И: Барканор кардан ё иҷрокунандаи вазифаи раис таъин кардан - ин мафҳумҳоро мо бояд дуруст ва дар ҷойи худаш бигузорем. Як бори дигар ман мефаҳмонам. Раёсати мо аз 35 нафар иборат аст. Он рӯз 25 нафар аз аъзои раёсат, яъне аксарият ҷамъ буданд. Вақте Масъуд Собиров бо ҳамроҳии Иброҳим Абдуҷабборов омаданд, теъдоди раёсат ба 27 нафар расид. Дар овоз монда шуд. Баъд аз нисфи раёсат 26-ум одам Абдуллоев Ҳайдулло омад. Вақте ки ӯ омад, масъалаи иҷрокунандаи вазифаи раис аллакай ҳал шуда буд. Ҳама якдилона овоз дода буданд. Масъуд баъди якуним соат омад. Омад ва, мутаассифона, ҳудуди даҳ дақиқа нишасту рафт. Масъалаҳои рӯзномаи раёсатро як ҳафта қабл бист рӯз пештар медонистанд.

А.Қ: Яъне замоне, ки оқои Собиров омаданд, аллакай раёсат ӯро сабукдӯш карда буд?

С.И: Ҳамон лаҳза мо ин мавзӯъро баррасӣ мекардем. Аъзои раёсат ба хулосае омаданд, ки Масъуд Собиров ҳамҳизби мо, бародари мо, инсони хуб, олим аст, лекин аз ӯҳдаи ҳамин вазифа набаромад ва тамоман фаъолият намекунад.


А.Қ: Қароргоҳ, ки надоред, дар куҷо ҷамъомад доир мекунед? Масалан ҳамин ҷаласаи ахиратон дар куҷо баргузор шуд?

С.И: Мо аз номи раёсат ба ширкати «Тоҷикгаз» нома навиштем. Дар паҳлуи бинои ширкат як ошхонае ҳаст, ки қариб панҷоҳ-шаст нафарро мебарад, онро муваққатан иҷора мегирифтем. Бо маблағи бист-сӣ сомонӣ барои як соат-ду соат иҷора медиҳанд.

А.Қ: Шумо дар ҳизби демократ собиқаи чандсола доред?

С.И: Ман дар ҳизби демократ собиқаи яксола дорам.

А.Қ: «Бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки эъломи иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳизб аз сӯи Шумо як иқдоми субъективӣ аст. Ба шахси худи шумо марбут будааст. Ва ҳадафи Шумо ҳам раиси ин ҳизб шудан аст. Ин ҳарфҳо то куҷо воқеият дорад?

С.И: Агар дар анҷуман фаъолияти Масъуд Собиров ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда шавад, дар он ҳолат масъалаи интихоби раис пеш меояд. Дар анҷуман пешниҳодҳо иброз мешаванд. Фикр мекунам, ҳамаи он одамони фаъоли ҳизб, аз ҷумла аъзои раёсат, вақте, ки барои раисӣ пешбарӣ мешаванд, ҳаққи сарпечиро надорад. Ва, шахсан ман ҳам ё каси дигаре ҳам. Раиси Ҳизби демократ шудан маънои онро надорад, ки даррав ба мо се-чор мошину ду миллион доллар медиҳанд . Ин гуфтугӯ дорад,ин кор дорад, ин кашмакаш дорад. Ин коре нест, ки ба мо фардо ягон ордену медал диҳанд, шаъну шукӯҳ гӯянд.

А.Қ: Баъзе аз коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба он, ки шумо замоне узви Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон будед, мегӯянд, азбаски шумо дар он ҳизб ягон мақому мартабае пайдо накардед, худро ба дигар ҷабҳаҳо мебаред. Шумо ҳамчунин замоне талош кардед ҳизберо бо номи "Ҷавонони прогрессив" ташкил кунед. Оё ҲХДТ он ҳизбе набудааст, ки хоста ва ормонҳои сиёсии шуморо бароварда созад, ки аз узвият дар он даст кашида ва ба дигар ҳизб бипайвастед?

С.И: Барои одамоне, ки албатта, як иқтидори зеҳнии махсус доранд, бояд ба чизи нав бо назари шубҳа нигоҳ кунанд. Соли 2000 вақте директори маркази техникии Кумитаи радио ва Телевизион будам ба ман пешниҳод карданд барои аъзои ҲХДТ шудан. Нисбат ба дигар ҳизбҳое,ки соли 2000 дар ҷумҳурӣ амал мекарданд, ҲХДТ он вақт фаъолтар буд. Ва азбаски ҳар як роҳбари корхона ё сохтор нисбати корхона ё сохтори худ дилсӯз аст, хоҳ-нохоҳ аксарият фикри худро такя ба он сохтор мекунад. Яъне сохтор сохтори ҳукумат аст, яъне ҳизби ҳукмрон аст.

А.Қ: Чӣ сабаб шуд, ки Шумо аз сафи ин ҳизб берун шавед?

С.И: Дохил ё хориҷ шудан аз ин ё он ҳизб - хоҳиши шахсии ҳар фард аст, нигоҳи ӯ аст ва хоҳиш ҳамин буд. Ва ман фаҳмонидам, ки мехоҳам ҳизби нав ташкил кунам ва дар як вақт узви ин ҳизб буда муассиси ҳизби дигар шудан наметавонам. Ин ғайриимкон аст ва дар нигоҳ шубҳанок ҳам ҳаст. Мо вохӯрӣ кардем бо Р.Валиев ва Ҷ. Ниёзов. Вале ин сӯҳбатҳо бисёр хомӯш монданд. Баъд аз ин боз пешниҳоди дигар шуд аз сӯи Масъуд Собиров ва Мирзо Нуриддинов, ки фраксияи «Ватан»-ро ташкил карданд. Бале,баъд ба ин фраксия шомил шудем.

А.Қ: Анҷуман, ки баргузор шуд ва пешниҳоди шуморо дар мавриди камфаъолиятии раис қабул накард ва гуфтанд,ки роҳбари мо ҳамин одам боқӣ мемонад, мавқеи худро дар ин ҳизб чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

С.И: Ин пешниҳоди ман нест. Яъне, қарори раёсат дар мавриди тасдиқи рӯзномаи анҷуман аст. Ба рӯзномаи анҷуман ҳисоботи раис ва муовинони вай дохил шудааст. Вақте ки мавзӯи анҷуман баррасӣ мешавад, ҳисобот сар мешавад. Баъди он вакилон ва аъзои раёсат баҳо медиҳанд, ки фаъолияти Масъуд Собиров қаноатбахш аст ё ки ғайриқаноатбахш. Шахсан ман назарҳои худро пешниҳод мекунам. Албатта, вақте фикри аксарият ҳаст, масъала ҳалли худро меёбад. Ман дар ин ҳизб боқӣ мемонам. Ақидаи ман қавӣ ва муайян шудааст. Раиси ҳизб бояд аз соати ҳашти саҳар то панҷи рӯз дар идора бишинад. Дар як ҳафта бояд панҷ рӯз кор кунад.

А.Қ: Бархе бар ин назаранд,ки баъд аз он ки эъломи омодагӣ барои якҷо шудани ҳарду гурӯҳи ҳизби демократ аз сӯи Собиров садо дод, шумо раёсат даъват карда ӯро аз вазифа барканор кардаед. Оё ин дуруст, ки Шумо намехоҳед ин ду гурӯҳ ба ҳам оянд?

С.И: Ман ақидаи худро мегӯям, на ақидаи раёсат ё ҳизбро. Иҷрокунанда ҳастам ва ба қадре фикри мардумро медонам. Лекин ин масъала дар гирди миз муҳокима нашудааст. Нисбати ин ақида фикри шахсии ман он аст, ки ҳар шахс, аз ҷумла Раҳматулло Валиев ё Ҷумъабой Ниёзов, ки дилсӯзи Ватан ҳастанд, дар фикри тараққиёти ояндаи ҷумҳурӣ ҳастанд ва Тоҷикистони моро ҳамчун давлатҳои аврупоӣ пешқадам дидан мехоҳанд, хусуматҳои хусусӣ ва шахсиро бояд ба кори ҳизб ҳамроҳ накунанд. Агар хусуматҳои шахсӣ ва хусусӣ набошад, дари ҳизб ва раёсати мо ҳамеша боз аст. Як бор омада бо мо сӯҳбат накарданд ,телефон ҳам накарданд ва фақат шахсони бегона, номаълум, ки аъзои ҳизб ҳастанд ё нестанд, аз номи ҳизб ҳарф заданд. Мо гуфтем, бародарони азиз, агар Раҳматулло Валиев, Раҷаби Мирзову дигару дигарҳо бихоҳанд, мо низ албатта мехоҳем. Биоянд барои чӣ не?

А.Қ: Дар ҳоле, ки Ҷумъабой Ниёзов аз собиқадорони ин ҳизб ва аз муассисони ин ҳизб аст ва ҳатто замоне барои ин ҳизб зиндонӣ низ будааст ва имрӯз он гуна, ки огаҳ ҳастем аз масъулияти муовинӣ ӯро барканор кардаанд, он одам бояд пеши нафаре ояд, ки камтар аз як сол узви ин ҳизб будааст?

С.И: Бисёр рӯзноманигорон мегӯянд, Валиев мегӯяд, ки мо ҳукуматӣ ҳастем. Биёед, ҳамин гапҳоро кушоду рӯшан гӯем. Ҳамчун Валиев ва Ниёзов дилсӯз ва демократҳое, ки новобаста аз тараққиёти ҷамъият дар задухӯрдҳо, дар мухолифатҳои дарунӣ ҷумҳуриявӣ зарар диданд, хеле зиёданд. На танҳо як Ниёзов дар ҳабсхона буд. Нафароне ҳастанд, ки писарашонро куштанд, нафароне ҳастанд, ки падарашро куштанд ,бародарашро куштаанд. Ӯ як нафари зарардида ҳамроҳи Валиев нест. Лекин, биёед, чизи дигарро таҳлил кунем. Барои чӣ мо дар муддати панҷ моҳ тавонистем ҳизбро дар 41 ноҳияи ҷумҳурӣ эҳё кунем,ба ҳукуматҳо муаррифӣ кунем.Дар муддати даҳ соли ахир аз ин ҳизб ҳеҷ чиз намонда буданд . Ҳама структарҳои ибтидоии ҳизб фалаҷ шуда буд. Ин бо гуноҳи кӣ шуд? Ин бо гуноҳи садорат шуд ва шахсан бо гуноҳи ҷонишини якум Ниёзов. Ман намедонам он касро барои чӣ ҳабс карданд. Агар дилсӯзи ҳизб мебуданд, меомаданд, фаъолият мекарданд.

А.Қ: Шояд Шумо супориши раисро иҷро кардед, ки дар ин панҷ моҳи фаъолият тавонистед ин қадар корҳои хубро анҷом диҳед,аммо аз тарафи дигар аҷиб аст, ки раисро бо камфаъолиятӣ аз вазифа барканор карданиед?

С.И: Раис дар ин панҷ моҳ иштирок накарданд дар фаъолият. Ва махсусан барои ҳамин ин масъаларо диданд. Раёсат амал кард, фаъолият кард, ки натиҷа ҳам овард.-

А.Қ: Ба ҳар навъ шумо бо собиқаи камтар аз як соли корӣ дар ин ҳизб хеле ҷолиб аст, ки раис мешавед ва шояд дар ин ҳизб тағйиротҳои ҷиддӣ низ дар назар дошта бошед?

С.И: Агар анҷуман бовар кунад ва пешниҳод кунад. Ман бисёр фикр мекунам, ки рӯзноманигорони давраи собиқ шӯравӣ ва тарбиятдидаҳои он мегӯянд, дар ҳамин Тоҷикистони мо аз коргар то зиёиҳо ба тахмини ман аз 95-97 фоиз зиёд ҳама тарбияи ҷамъияти собиқ шӯравиро дорем. Ва ҳар кас дар нигоҳи худ мавқеи худ,имконияти худ, иқтидори зеҳнии худро тараққӣ дод ва мавқеи худро муайян кард. Мо бигӯем,ки шуравӣ ҳеҷ чиз надод, мебахшед, ин ҳам кӯрнамакӣ асту ҳам нодуруст аст. Мо ҳама чизе гирифтаем аз шӯравӣ. Вале, албатта, он чизро мувофиқи талабот ва нигоҳи имрӯзаи ҷамъият,ояндаи ҷамъият дигар карда мутобиқ карда зиндагӣ мекунем, фаъолият мекунем ва иброз медорем.

А.Қ: Мегӯянд, ки Шуморо Масъуд Собиров ба ин ҳизб овард ва инро пештар худатон ҳам ишора кардед. Вале Шумо бо ин ки камтар аз як соли таҷрибаи корӣ дар ин ҳизбро доред, чӣ гуна метавонед бигӯед ,ки Собиров натавонистааст раисӣ кунад?

С.И: Ман як бори дигар мегӯям, ки дар ин масъала натиҷаро танҳо анҷуман маълум мекунад. Ҳар чизе, ки анҷуман қарор кунад, ҳамон мешавад.

А.Қ: Бубинед, вақте созмони «Растохез» мегӯянд - симои Тоҳири Абдуҷаббор, Ҳизби Наҳзати Исломӣ мегӯянд - симои устод Нурӣ ва имрӯз Кабирӣ ва ҳамин тавр Ҳизби сотсиал-демократ мегӯянд - симои Раҳматулло Зоиров пеши назар меояд. Ва агар ҳамин қиёсро ба ҲДТ нисбат диҳем, Шумо симои кӣ ё киҳоро мебинед ва дар ин миён ҷойгоҳи худро низ мушаххас кардаед?

С.И: Ман ба тамоми аъзои ҳизбҳои ҷумҳурӣ, ба тамоми аъзои садорат, раёсат ва роҳбарони собиқ ва имрӯзи онҳо, ки ҳастанд, эҳтироми махсус дорам. Аз он сабаб, ки ҳамаи инҳо дилсӯзи ҷомиа ҳастанд. Аҳолии ҷумҳурии мо ҳафт миллион нафар аст. Шумораи аъзои тамоми ҳизбҳои сиёсӣ бошад - тахминан сесад ҳазор нафар, яъне, ки навадупанҷ фоизи аҳолӣ иродаи мустаҳками сиёсӣ надорад. Пас, вазифаи ҳамаи ҳизбҳо аз он иборат аст, ки дар ҳар нигоҳ ва ҳар як дилсӯзӣ бояд бисёртар аз зиёӣ то коргар ба ҳизбҳо ҷалб кунем. Бояд мо ҳисси ватандӯстиро дар дили онҳо тарбия кунем. Ва дар оянда мақсади шахсан ман ва аъзои раёсати ҲДТ он аст, кореро, ки собиқадорони ҳизб карданд на танҳо давом диҳем, балки инкишоф диҳем ва бо замонаи имрӯза мутобиқ кунем.
XS
SM
MD
LG