Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қалъабандӣ дар тахтаи шоҳмоти ҳукумати Қазоқистон


Алма-Ато

Баробари истеъфои Дониёл Аҳмадов- нахуствазири собиқи Қазоқистон сару садоҳо атрофи иллатҳои истеъфои ӯ баланд гардиданд ва дар ин робита коршиносони кишвар назарҳои гуногун баён мекунанд. Ағлаби онон чунин меҳисобанд, ки ҳарчанд тайи анқариб 4 соли сарвари ҳукумат будани Дониёл Аҳмадов кишвар чун солҳои пешин аз нигоҳи иқтисодӣ пеш рафт, вале дар баъзе бахшҳо, ба вижа дар бахши сиёсӣ ва бархе соҳоти иқтисод норасоиҳо ба мушоҳида расиданд. Аз ҷумла, ба андешаи сиёсатшинос Дос Кошим, яке аз иллатҳои истеъфои Дониёл Аҳмадов он аст, ки Қазоқистон дар даври аввал сарварии давраии Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро дар соли 2009 ба даст оварда натавонист ва сарвари давлат лозим донист, ки ҳукуматро тағйир диҳад, то ҳукумати нав ислоҳоти сиёсиро дар кишвар оғоз намояд.

Вале сиёсатшиноси дигари қазоқ Досим Сатпаев ин рӯйдодро як воқиаи муқаррарӣ арзёбӣ намуда, онро чун дар бозии шоҳмот гашт ё қалъабандии оддӣ медонад, ки ҳар сари чанд вакт раисиҷумхҳр ба он даст мезанад. Ба андешаи сиёсатшинос, дар Қазоқистон дар ҳар ду- се сол ва ҳатто аз он ҳам камтар нахуствазирро иваз кардан одат шудааст. Ва тайи 15 соли раҳбарии Нурсултон Назарбоев Дониёл Аҳмадов нахуствазире буд, ки аз ҳама бештар - наздики 4 сол дар ин мансаб кор кард. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ағлаби сиёсатшиносон, нахуствазир дар Қазоқистон шахси комилан мустақил нест ва ӯ танҳо чун узви дастаи раисиҷумҳур барномаҳои ӯро амалӣ месозад.

Бархе аз аҳли назар дар нашрияву сомонаҳои интернетӣ истеъфои Дониёл Аҳмадовро ба воқиаҳои Туркманистон ва марги Туркманбошӣ иртибот дода ва ин иқдомро кӯшиши сарвари давлат барои пайдо кардани вориси хеш арзёбӣ кардаанд. Досим Сатпаев ба чунин андешахо мухолиф аст .Ба таъкиди ӯ, атрофи масъалаи истеъфои Дониёл Аҳмадов ҳанӯз қабл аз даргузашти Туркманбошӣ гуфтугузорҳо идома дошт. Аз сӯи дигар, алъон дар Қазоқистон дар бораи ворис сухан рондан каме бармаҳал аст, зеро ба гуфтаи Досим Сатпаев, Нурсултон Назарбоев тоза ба даври навбатии раисии худ шуруъ кардааст ва имкон дорад атрофи масъалаи ворис каме дертар иқдом карда шавад.


Алъон бошад дар робита ба номзади мансаби нахуствазир аҳли назар ва коршиносон бештар аз исми се нафар -Карим Масимов, муовини нахуствазир, Одилбек Ҷаксибеков, сарвари дафтари раёсати ҷумҳур ва Арслон Мусин, вазири иктисод ва тарҳрезии буҷаро ба забон меоранд. Баъди эълони истеъфои Дониёл Аҳмадов аввал номзадии танҳо Карим Масимовро эълон карданд, вале баъдан исми он дуи дигар низ ба феҳристи муддаиёни ин курсӣ илова гардид. Сиёсатшинос Эдуард Полетаев чунин мешуморад, ки Карим Масимов ҳарчанд вақтҳои ахир дар феҳристи номзадҳои аввали ин мақом буд, вале ӯ низ на ба ҳама ҷонибҳо писанд аст. Дар ҳар сурат, ағлаби коршиносон шонси ӯро барои соҳиб шудан ба мансаби нахуствазирӣ бештар медонанд. Зеро Карим Масимов солиёни тӯлонӣ дар ҳукумат кор мекунад ва дастаи ҳамфикрон ва ёваронашро ба вуҷуд овардааст. Ҳатто тавре сиёсатшинос Елеем Байден дар сомонаи интернетии Қазоқистон навиштааст, Карим Масимов аз коршиносону мутахассисони хориҷӣ низ ҳангоми тарҳрезии барномаҳои давлаташ истифода мекунад. Одилбек Ҷаксибеков бошад, чунин таҷриба ва дастаро то ҳол ба вуҷуд наовардааст ва ӯ алъон бештар ба таври инфиродӣ амал мекунад. Вале дар ҳар сурат сарвари дафтари раёсати ҷумҳури Қазоқистон рақиби асосии Карим Масимов барои соҳиб шудан ба мақоми нахуствазирист.

Нуктаи дигаре, ки атрофи он гуфтугузорҳо идома дорад, ба миллати уйғур мутааллиқ будани Карим Масимов аст. Вале сиёсатшинос Эдуард Полетаев мегӯяд, мансубияти миллӣ барои доираҳои ҳоким дар Қазоқистон омили ҳалкунанда нест ва қаблан низ намояндаи миллати дигар, аз ҷумла Сергей Терещенко нахуствазири кишвар таъйин гардида буд. Аз сӯи дигар, ба андешаи оқои Полетаев, чанд забон, аз ҷумла забонхои англисӣ ва чиноиро донистани Карим Масимов имкон медиҳад, ки вай дар сатҳҳои боло бо намояндагони кишварҳои хориҷӣ муносиботи нек барқарор намояд. Вале сиёсатшинос Дос Кошим барои расидан ба мақоми нахуствазир нуктаи дигарро муҳимтар меҳисобад, ки садоқат ба раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев аст.

Дар ҳар сурат, рӯзи 10 январ, дар ҷаласаи муштараки ҳарду маҷлиси парлумони Қазоқистон маълум хоҳад шуд, ки дар оғози соли 2007 ҳафтумин нахуствазири Қазоқистон кӣ мешавад?
XS
SM
MD
LG