Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоири маълӯле, ки дар олами ормонҳо пирӯз шудааст


Рӯҳи ғолиб ва марди пирӯз

Ҷамшеди Раҳимзод 38 сол дорад. Вале муҳассили соли дуввуми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Миллист. Донишҷӯӣ ормони беш аз 20 солаи Ҷамшед буд, ки ҳамакнун ҷомаи амал пӯшид. 20 сол муқаддам ҳини имтиҳони дохилшавӣ сарангушти Ҷамшед дард гирифт ва ин дард ӯро то домани фалаҷ кашид.


Ҷамшед ду даҳосла аст, ки бемори бистарист ва тавассути ароба ба берун мешавад. Вале ҳамасола дар сар нияти донишҷӯ шудан дошт ва соли 2005 ба мақсад расид. Ду сол аст, ки мехонад ва битамом бо баҳои аъло. Ҳамакнун нияти ӯ якест - бо дипломи аъло ё сурх хатми мактаби олӣ.


Мушкиле, ки дар айёми сармо Ҷамшедро думболагир аст ин адами нақлиёти мусофирбар барои маълӯлон дар пойтахти кишвар аст. Ҷамшед мегӯяд, боиси таассуф аст, ки то ҳанӯз дар Душанбе нақлиёт барои мусофирони маъюб вуҷуд надорад.


Савори автобусҳои моломол аз мусофирон шудану пиёда шудан аз онҳо тавассути арроба хеле нороҳаткунанда аст. Камии мусофирбар ва интизорӣ дар истгоҳҳо ба саломати Ҷамшед зиён овард. Ӯ сармо хӯрд. Вале бо ин вуҷуд ба дарс меравад ва имтиҳон мегузорад ва тавре ки худ мегӯяд, вақти холӣ аслан надорад: «ман замоне вақти холӣ надорам. Мутолиъа мекунам, меомӯзам ба имтиҳонҳо омодагӣ мегирам. Тасмим дорам, дипломи сурх гирам. То ҳанӯз ҳама имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супоридаам.»


Ҷамшед усулан аз мушкили худ ҳарфе намегӯяд. Ӯ медонад, ки зиндагонӣ имрӯз барои аксари мардум гаронӣ дорад. Вале чизе ки намефаҳмад ин аст, ки чаро ҷавонони тансиҳҳат ба дониш камтар таваҷҷӯҳ доранд.


Дар ин миён, ки санҷишу имтиҳон месупорад шеър менависад. Ҳамакнун маҷмӯъаи 4 ашъори ӯ бо унвони «Аҳмад Зоҳирнома» нашр шуд: «ман зиндагониро бе суруди Аҳмад Зоҳир тасаввур карда наметавонам. Фикр дорам, ки Аҳмад намебуд, ҳоло ман зинда набудаме»


Мояи ифтихори ҳамтақдирон


Нахустин хонандаҳои Ҷамшед ҳамдардони ӯянд. Зайнулло Муродов дӯсти Ҷамшед маълӯли дигар ва ҳамсояи ӯст, ки барои як умр бистарист. Роҷеъ ба талошҳои пайгиронаи Ҷамешад мегӯяд, ки хушбинии Ҷамшед ҳамтақдирони ӯро низ рӯҳбаланд кардааст: «пас аз донишҷӯ шудани Ҷамшед ман низ ният дорам, ки ба ягон донишгоҳ дохил шавам»



Дар ҳасрати Манижа Давлатова


Вале Ҷамшед як орзӯи дигар дорад, ки ду сол дар дил мепарварад. Ӯ мехоҳад Манижаи Давлат - сарояндаи шинохташудаи тоҷикро бубинад. Манижа тавассути матуботи даврӣ боре ба ӯ ваъдаи васлат дода буд, вале бенатиҷа.Ҷамшед мегӯяд: «дар орзӯи дидори Манижабону дар оташи ҳасрат сӯхтаам»!

Ҳам туро ошиқу маъшуқа гуфтан на хатост,
Чунки рухсори гулу хониши булбул дорӣ.
Ман, ки бемораму сарбории он бепадарам,
Ҳеч майле ба мани бекасу бе пул дорӣ???
Агарат ҳа, ба ту як кӯза гуҳар хоҳонам,
В-агарат не, ба ту сад чанди дигар хоҳонам!!»



Ҷамшед танҳо мухлиси садои Манижа аст ва мехоҳад барои ӯ китобе нависад, ҳамонгуна ки барои Аҳмади Зоҳир нигоштааст. Ва ҳамонгуна ки асари навбатии худро бо унвонии «Лоиқнома» менависад! На бешу на кам. Ва шояд Манижа ин бор суроғи шоир бигирад. Шояд... Дунё ба умед аст!
XS
SM
MD
LG