Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фасод ва ришвахорӣ дар Тоҷикистон


Созмони байналмилалии Транспаренси Интернешнл бар асоси як пажӯҳиши ахири худ имсол номи Тоҷикистонро дар радифи даҳ кишвари аз ҳама фасодзадаи олам қайд кард. Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран эьлон дошт, ки дар давоми ду соли ахир беш аз 500 мавриди ришвахорӣ ва фасодро дар ниҳодҳои давлатӣ ошкор сохтааст. Ва ба гуфтаи додситонии Суғд, ҳамин теъдод мавридҳои ришвахорӣ тайи соли равон танҳо дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ошкор шудааст. Муҳаббат Урунова - муовини додситони Суғд мегӯяд, аз ҳама бештар ба ҷиноёти ришвахорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст задаанд, яъне афроде, ки аз рӯи вазифаи худ бояд алайҳи ришвахорӣ мубориза кунанд.

Вай дар бораи мавридҳои ришвахорӣ афзуд, ки афроди ришвахор дар пайи ба ноҳақ ситонидани аз чанд сомонӣ то чандсад доллар боздошт ва муҷозот шудаанд. Барои мисол, се табиб аз шаҳри Панҷакент барои аз бемор гирифтани панҷ ва ҳашт сомонӣ ба паси панҷара шинонида шудаанд. Яъне, мавридҳои фасодкории афрод, агар нармтар бигӯем, бо ҳазорҳо ва даҳҳо ҳазор доллари ба ришва бурда ошкор нашудааст.

Дар ин маврид Бобоҷони Икром, журналист ва таҳлилгари Суғд мегӯяд, нигоҳи аслии мақомоти назораткунанда бояд ба ошкор сохтани мавридҳои аслии коррупсия ва фасодкорӣ бошад, на ба ошкор сохтани ҷиноёти хурду реза. Ба ақидаи Бобоҷони Икром, инчунин кам кардани теъдоди кормандони вазоратҳо ва ниҳодҳои дигар, дур кардани афроди бесалоҳият ва тасодуфӣ аз зимоми кору вазифа ва аз ҳама муҳим - фароҳам сохтани шароити мувофиқи корӣ барои ҳама кормандони мақомот барои аз байн бурдани фасод ва ришвахорӣ муаасир хоҳад буд.

Таҳлилгарон дар қатори сиёсати нодурусти ҷобаҷосозии кадрҳо дар идороти давлатии Тоҷикистон, ки бар заминаи қаробатҳои хешӣ ва маҳал гузошта шудааст, инчунин нодурустии тақсими салоҳият миёни шохаҳои ҳокимият, набуди матбуоти озод ва мустакилро аз авомили аслии ривоҷи фасод дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Абдувоҳид Шамолов, мудири шӯъбаи Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ривоҷи фасод ва ришватро як омили хатарофарин ба амнияти миллӣ талаққӣ карда гуфт, иқлими сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бар асари он ҳамеша сарду номусоид хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси ислоҳоти сохтори идорӣ дар Тоҷикистон дар авоили соли 2007 як Оҷонсии вижа барои муқобала бо фасод ва ҷиноёти иқтисодӣ дар назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард. Аммо бархе аз таҳлилгарони тоҷик ин шеваи мубориза бо фасод ва ришвахориро чандон муаассир намехонанд. Таҳлилгар Ислом Ваққосов бар он аст, ки усул ва шеваи муборизаро дар ин росто бояд дигаргун сохт. Ӯ мегӯяд, бояд фаъолияти кормандони мақомоти хидматгузор шаффоф гардад, то мардум бинад, ки милиса, андоз, гумрук ва ё мақомоти дигар ба чӣ кор машғул аст ва аз онҳо барои чӣ пул меситонад.

Ришвахорӣ, ба гуфтаи масъулини ниҳодҳои муборизакунанда бо он ва таҳлилгарон, дар Тоҷикистон дар қолаби як одати маъмулии ҷомеа ворид шудааст. Ва барои аз миён бурдани он нигоҳ ва назари одамон низ ба ин ҷурм тағйир дода шавад. Ба ин маънӣ Мурод Раҷабов - сардори идораи адлияи Суғд мегӯяд:

«Мо халқро одат кунонидем ба порадиҳӣ, худамон одат кунонидем. Як мисоли оддӣ. Дар сари роҳ як милисаи ГАИ як мошинро аз ҳаракат бозмедорад, ронанда назди вай медавад, ки мана, мо ҳама вақт хизматба тайёр, мо хошоку дигар чизҳо дорем. Дар ҳоле ки ҳанӯз ба вай нагуфтаанд, ки ту, масалан, қоидаи ҳаракатро вайрон кардӣ. Чаро ин хел мардумро одат кунондем?.. Биёед, мардумро дар ин роҳ тарбият кунем.»

Аз рӯи мантиқи сухани оқои Раҷабов, агар дар ҷомеа як одами оддӣ ба як милисаи раҳбон ва ё мансабдори дигар ришва пешниҳод насозад ва дар навбати худ - милисаи раҳбон ё мансабдор ҳам аз корафтода ришва талаб накунанд, дар ин гуна ҷомеа барои фасод ва ришвахорӣ ҷой нахоҳад буд. Аммо дар Тоҷикистон вазъ ин гуна содда нест ва мушкили аслӣ низ ҳамин аст.
XS
SM
MD
LG