Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе ба зиндагиномаи Саддом Ҳусейн, диктатори Ироқ


Вақте ки ҳукми додгоҳи махсуси Ироқ, ки Саддом Ҳусейнро барои ҷиноятҳои зиддибашарӣ ба қатл маҳкум кард, қироъат мешуд, Саддом бо шиъорҳои "Зинда бод мардум! Марг ба ишғолгарон! Худо бузург аст!" ва монанди инҳо талош мекард, садои додгустарро пахш кунад.

Сарони бархе аз кишварҳо, Иттиҳоди Аврупо, созмони Дидбони ҳуқуқи башар ба ҳукми қатли Саддом зид баромаданд ва ҷараёни муҳокимаи ӯро дар додгоҳ зери шубҳа гузоштанд. Намояндаи Human Rights Watch гуфт, ин ҳукм бештар ба интиқом шабоҳат дорад, то ба адлу дод.

Саддом дар 28-уми апрели соли 1937, дар Тиқрит, дар олиаи чӯпон ба дунё омада, кӯдакияш пурмашаққат будааст. Бо фирор аз бадрафториҳои падархонд, вай дар синни даҳсолагӣ ба Бағдод рафт, то бо тағояш зиндагӣ кунад. Дар ин ҷо вай аввалин қадамашро ба ҷаҳони сиёсат гузошт ва дар соли 1957, дар синни бистсолагӣ узви ҳизби Баас гардид ва мафтуни андешаҳои презирденти панарабисти Миср Ҷамол Абдулносир шуд.

Дар байни ду соли баъдӣ Саддом дар аввалин амали хунин, сӯйиқасди ноком ба сарвазири Ироқ Абдулкарим Қoсим, ки худ баъд аз барканории зӯроваронаи шоҳ Файсали Ду соле пеш ба қудрат расида буд, ширкат кард.

Саддом бо баҳонаи таҳсил дар бахши ҳуқуқ ба Миср фирор кард ва аммо пас аз бозгашт ба Ироқ се солро дар зиндон ба сар бурд. Баъд аз ин вай дар ҳизби Баас пайваста мақомҳои баландтар гирифт, то дар соли 1979 президенти Ироқ гашт. Дар чанд соли пеш аз ин ҳам вай амалан назорати кишварро дар даст дошт ва барои пешбурди барномаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини ҳуқуқи баробари занон соҳиби эътибор мегардид.

Аммо давраи президентии ӯ 24 соли барбарияти афзоянда шумурда мешавад, вақте ки ӯ дар соли 1980 аввал ба ҷанги ҳаштсолаи бесамар бо Эрон иқдом гузошт, ки ҷони садҳо ҳазор нафарро аз ҳарду ҷониб рабуд. Сипас, дар соли 1990 Кувайтро ишғол кард, ки дар натиҷа ба ҷанги аввали Халиҷ сабаб гашт ва эътилофи таҳти раҳбарии Амрико Кувайтро озод намуд.

Дигарандешӣ дар Ироқ ҳамеша бо таъқибу фишор рӯбарӯ мегашт. Дар соли 1988 вақте нирӯҳои ироқӣ дар Ҳалабҷо аз гази заҳрогин истифода карданд, 5 ҳазор курди ироқӣ кушта ва даҳ ҳазор нафари дигар ҷиддан маъюб шуданд. Дар соли 1991 Саддом шӯриши курдҳоро дар шимол ва шиъамазҳабонро дар ҷанубу маркази Ироқ бераҳмона пахш кард, ки гуфта мешавад, даҳҳо ҳазор нафар дар ин ҳамлаҳо кушта шудаанд.

Мушовири феълии амнияти миллии Ироқ Мувофиқ Ал Рубойӣ мегӯяд, аз сангдилии Саддом ҳангоми дидорбинӣ дар маҳбас дар моҳи декабри соли 2003 такон хӯрдааст: "Ман аз он мулоқот бисёру бисёр, хеле зиёд хашмгин берун шудам. Вай мутлақан дар мавриди ҷиноятҳое ки зидди мардуми Ироқ кардааст, як зарра ҳам пушаймон нест. Вай ягон парво надорад. Вай комилан шарир аст."

Баъд аз шурӯъи амалиёти нирӯҳои амрикоӣ ва бритониёӣ дар Ироқ дар баҳори соли 2003, Саддом аз Бағдод фирор кард ва аммо моҳи декбари соли 2003 ӯро боздошт карданд.
Саддом се бор издивоҷ карда, шаш фарзанд дошт.
XS
SM
MD
LG