Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон дар остонаи орзуҳо ва ё хатарҳо?


Cалими Аюбзод Даргузашти ногаҳонии раисиҷумҳури Туркманистон Сафармурод Ниёзов барои Туркманистон метавонад оғози дигаргуниҳо бошад. Вале ин имконият дар баробари умедҳои сабз хатарҳои мӯҳлике дорад.

Сиёсатшиносон мегӯянд, зуҳури як раҳбари наве, ки тавонад ҷойгузини Туркманбошӣ бошад ва он ҳам дар кӯтоҳтарин фурсат, ғайримумкин аст ва ин ҳолат дар навбати худ яке аз натиҷаҳои раҳбарии худи Туркманбошист. Таҳлилгари Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ Майкл Ҳолл мегӯяд, бо сабаби камбуди иттилоъе, ки аз Туркманистон ба ҷаҳон паҳн мешавад, гуфтан душвор аст, ки пагоҳ чӣ чиз иттифоқ хоҳад афтод. Аммо меафзояд ӯ, хатари ташаннуҷи вазъ ба таври возеҳ намудор аст: "Бар пояи ончи ҳоло мегузарад, метавон ҳадс зад, ки бузургтарин эҳтимол навъе аз талоши қудрат дар ҳалқаҳои наздик ба Ниёзов аст. Аммо бо дарназардошти ҷудоиҳои мавҷудаи минтақаӣ ва сулолаӣ дар ҷомеаи туркман метавон инро ҳам тахмин кард, ки ихтилофот метавонад густариши бештар низ пайдо кунад. Вале дар ҳоли ҳозир гуфтан душвор аст, то куҷо ва кӯшише хоҳад буд, ки мубориза дар доираи саромадони ҷомеа маҳдуд монад. Лекин боз ҳам аз лиҳози он ки дар ҷомеаи Туркманистон созмону ниҳодҳои мустақили сиёсӣ, амниятӣ ва ғайра вуҷуд надоранд, имконияте ҳаст, ки ҳама гуна шикастҳо дар боло битавонанд ба кулли ҷомеъа таъсир кунанд."


Майкл Ҳол, таҳлилгари Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ ба рӯйдоди ахири Туркманистон ишора мекунад, ки дафъатан баъд аз марги президент Ниёзов бар зидди шахсе ки тибқи қонуни асосӣ мебоист, иҷрокунандаи вазифаи президент шавад, яъне раиси порлумон Овезбердӣ Отаев парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва тибқи хабарҳо, ӯ ба ҳабс гирифта шудааст. Аз он ҷо ки сарпарасти феълии раёсатҷумҳурии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов шахси нисбатан номаълум аст ва гуфта мешавад, нирӯи қавие дар паси худ надорад, бархе аз коршиносон ӯро шахси муваққатӣ меноманд, ки барои як муддат ҳамаи ҳалқаҳои қудратро қонеъ мекунад. Ва аксари коршиносон касеро ноиби Туркманбошӣ медонанд, ки аз пуштибонии сарони Кумитаи амнияти миллии Туркманистон Гелдимуҳаммад Ашӯрмуҳаммадов ва вазорати умури дохилӣ Оқмуҳаммад Раҳмонов бархӯрдор бошад. Шореҳи умури Осиёи Марказӣ дар радиои Озодӣ Брюс Паннир менависад, Туркманбошӣ одате дошт, ки вазирони ҳукумати худро зуд-зуд иваз мекард ва дар натиҷа ҳеч кадоми онҳо фурсат надоштааст, қудрат ва эътибори кофӣ ба даст орад. Ду раҳбари мазкур танҳо дар моҳи декабри соли 2004 ба курсӣ нишастанд ва ҳам дар ин байн идораҳои онҳо борҳо ба истилоҳ поксозӣ шудаанд.


Як мушкили дигарро сиёсати берунаи Туркманистон эҷод мекунад, ки бо сабаби узлатгузинӣ кишвар дар арсаи ҷаҳон ягон дӯсти воқеъӣ надорад. Ғарб аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Туркманистон норозист ва Русия бештар ба хотири манобеъи инержии кишвар мехоҳад, таъсири худро дар Туркманистон афзойиш диҳад. Ва ҳамчунин зидди ҳама гуна "инқилобҳои ранга аст, ки кишварҳои пасошӯравиро аз оғӯши Маскав дур мекунанд. Таҳлилгарони Русия аз Пажӯҳишгоҳи Кишварҳои муштаракулманофеъ мегӯянд, ҳокимиятро дар Туркманистон онҳое ба даст хоҳанд гирифт, ки назорати миллиардҳо доллари Туркманбоширо дар бонкҳои аврупоӣ дар даст доранд.


Оппозисюни Туркманистон, ки асосан дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, эълон кардааст, ба ватан бармегардад, то дар саҳнаи сиёсӣ ҷойгоҳ ёбад. Вале аз он ҷо аксари чеҳраҳои мухолиф дар гузашта узви ҳукумати Туркманбошӣ буданд ва дар фасод айбдор мешаванд ва таблиғи давлатӣ ин ҳама сол зидди онҳо кор кардааст, маълум нест, пойгоҳи онҳо дар ҷомеа то куҷо устувор аст. Ва худи ҷомеа масъалаи дигарест, менависад шореҳи радиои Озодӣ Брюс Паннир, чунки фишору таблиғи тӯлонӣ онро аз ҳама гуна андешаи ширкат дар ҳалли сарнавишти сиёсии кишвар бегона кардааст.
Хулоса, тавре ба назар мерасад, ҳамаи доираҳои қудрат ё нуфуз аз мақоми марказӣ дар фосилаи баробар қарор доранд, ки ҳалли мушкилро боз ба вазорату идораҳои низомию интизомӣ оид мекунад.
XS
SM
MD
LG