Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фараж": Панҷ давлатмарди Тоҷикистон аз фармонҳои президент сактаи дил шуданд


Ҳафтаномаи Ҳизби наҳзати исломӣ - «Наҷот» суол гузоштааст, ки оё Тоҷикистон бо ин ки 75 дар сади саҳмияи ниругоҳи Сангтӯда-1 ба ширкати русӣ мансуб аст, ба истиқлоли энержӣ мерасад ва ё ҳамеша ба истилоҳ «дастнигар»-и ширкати оқои Чубайс мемонад. «Наҷот» менависад: «Магар дуруст аст, ки то ҳоло барқи Тоҷикистон аз сӯйи Ӯзбекистон танзим мешавад. Ӯзбекистон медонад, ки барқи Тоҷикистон чӣ гуна ва ба кадом ҳаҷм тақсим мешавад. Хулоса, кишвар бештар ба дигарон такя мекунад, то ба худ. Ва агар дар оянда нируе, ки «Сангтӯда-1» тавлид хоҳад кард, дар ихтиёри Тоҷикистон набошад, гумон аст, бунёди ин ниругоҳ ба рушди иқтисоди Тоҷикистон ва лағви маҳдудияти барқ мусоадат кунад».

Ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Миллат» низ дар як навиштааш зери номи «Кӣ пеши кӣ бояд таъзим намояд?» ишора ба зимомдории ширкати РАО ЕЭС-и Русия дар ин масъала мекунад ва баста шудани маҷрои Вахшро як гоми сиёсии бар манофеи Анатолий Чубайс, раиси ширкати РАО ЕЭС ва бар зарари нуфузи ҳукумату ҳукуматдорон унвон кард. «Баста шудани маҷрои дарёи Вахш, - менависад муаллифи «Миллат» - дар пайи худ сактаи энергетикӣ ба бор овард ва кишварро бо ҳолати шок рӯ ба рӯ намуд- РАО ЕЭС дар канор истода, чунин вонамуд мекунад, ки гӯё ба ин мавзӯъ ҳеҷ рабте надорад- Чубайс думболи тиҷорати худаш мебошад - хулоса кардааст «Миллат».

Вале мақомоти ҳарду ҷониб аз вазъи умури сохтмонӣ дар ниругоҳи «Сангтӯда-1» бас қонеанд, ки ҳатто ба навиштаи «Asia-Plus», Анатолий Чубайс ҷараёни кори сохтмониро рекордӣ номидааст. Муаллифи матлаби «Asia-Plus»» бо истинод ба Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, захоири энержии ин кишвар солона беш аз 500 миллиард киловот-соатро ташкил медиҳад, аммо дар ҳоле ки ниругоҳҳои Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва Роғун пурра эҳдос шаванд, солона танҳо 34 милллиард киловот-соат барқ тавлид хоҳад шуд. Талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон ба барқ 24 миллиард киловот аст. Ҷонибҳо гуфтаанд, дар сурати ҳамин минвол идома ёфтани умури сохтмонӣ ниругоҳ на дар соли 2009, тибқи нақша, балки дар соли 2008 эҳтимол аст мавриди истифода қарор гирад.

Идомаи тағйироти кодрӣ дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон яке аз дигар мавзӯъҳои аслии матолиби нашрияҳои даврии кишвар дар ҳафтаи равон будааст. Ҳафтаномаи тозатаъсиси «Фараж» менависад, фасли сармо агар барои сокинони кишвар мисле ки айёми азоби ҷисмонӣ бошад, аммо барои мансабдорон мавсими шиканҷаи рӯҳӣ маҳсуб мегардад. «Фараж» бо истинод ба як пизишк дар беморхонаи пойтахт овардааст, танҳо дар зарфи се ҳафтаи ахир панҷ мақоми баландпояи ҳукуматӣ барои муолиҷаи сактаи қалб муроҷиат намудааст.

Ин ҳамаро сабаб тағйироти ахир дар кобинаи ҳукумати кишвар будааст. Кор то ҷое расидааст, ки табиб ба ин мансабдорон тамошои телевизор, бавижа барнома иттилоотиро, ки дар он ин рӯзҳо фармонҳои раиси ҷумҳур қироат мешаванд, манъ кардааст. Бо ин вуҷуд ҳафтаи равон аксари руасои шаҳру навоҳии кишвар аз симматашон барканор шуданд ва феҳрасти раисони навро, ки миёнашон шаш нафарашон занҳоянд, рӯзномаҳо интишор кардаанд.

Ҳафтаномаи «Собития» баёнияи ҳангомаомези сафири Русия дар Душанбе Рамазон Абдулатифовро рӯйи чоп овардааст. Ҷаноби Абдулатифов зимни суханронияш дар як ҳамоиши илмӣ дар Маскав гуфтааст, тақрибан 85 дар сади тоҷикистониҳо ҷонибдори иттиҳод бо Русия мебошанд. Ҷаноби Абдулатифов бо таъкид ба ин нукта афзудааст, дар Русия намояндагони ҳудудан 150 миллият ба сар мебаранд ва аксаран русҳоянд.

Ӯ мегӯяд, аммо вақти он аст, ки дар бораи Иттиҳоди тамоми миллатҳои Русия ҳарф занем, чун бо истифода аз ин роҳ, лоиҳаҳои миллӣ муассиртар тадбиқ мешаванд. Ба иддаои Рамазон Абдулатифов, ки ҳамзамон раиси Шӯрои Ассамблеяи мардумони Русия аст, ақалиятҳои миллии ин кишвар ва худи русҳо чандон тифоқ нестанд, ба мардуми Русия ва раҳбарони он мардонагию шуҷоат намерасад.

Ба унвони далел ҷаноби Абдулатифов эътироф шудани раъйпурсиҳо дар Осетияи ҷанубӣ, Абхазистон ва Приднестровяро мисол овардааст. Аммо ин дар ҳолест, ки мегӯяд сафири Русия дар Тоҷикистон, аксари кулли шаҳрвандони мамолики Осиёи Марказӣ хостори бастани иттиҳод бо Русия мебошанд.
XS
SM
MD
LG