Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боми Ҷаҳон ва Хонаи Худо


НОМАҲОИ НАВ

Тавре медонед, ҳафтаи гузашта, аввалин бор мавзӯъи барномаи навбатиро дар сомонаи интернетии Озодӣ эълон кардем, то нахуст аз андешаҳои шумо огоҳ шавем ва сипас ба таҳқиқи мавзӯъ пардозем. Ду номае ки расида буд, нашр шуд ва акнун ду номаи дигар:

Сабақи таърих

Имрӯз воқеъаҳои аввали солҳои навадум дар Тоҷикистон батадриҷ доранд такрор меёбанд. Бахусус, норозигии мардум аз кори ҳукумат ва интихоби зӯракии раиси ҷумҳур. Яъне натиҷаи низоъи солҳои навадум барои мардуми мо натавонист, дарси зиндагӣ шавад, ки боз ҳам ба иштибоҳоти қаблӣ роҳ доданд ва натавонистанд, сарнавиштсози худ шаванд. Мардуми Руанда ба имрӯз аз низоъҳои солҳои навадум чӣ натиҷа гирифтаанд ва онҳо ба вазъи сиёсии кишваршон чӣ назар доранд?
Соҳира, аз Маскав.

Музди кор

Боре дар як барномаи телевизиони Русия шунида будам, ки музди кори яксоата ҳатто дар манотиқир дурдасти Африқо аз 10 то 15 долларро ташкил медиҳад, яъне ба маблағи 5 ё 7 доллар зиёдтар аз музди кори яксоата дар Тоҷикистон. Оё метавон гуфт, дар Руанда музди кор аз Тоҷикистон дида бештар аст?
Беимзо.

ТОҶИКИСТОН ВА РУАНДА

Руанда ба Тоҷикистон бисёр монанд аст. Пеш аз ҳама табиати зебо дорад. Ҳар кас ки ба Руанда сафар кунад, баъди бозгашт, менависад, ин як кишвари хурдакаки зебост дар дили Aфриқо. Чун навиштаи ҷаҳонгардонро дар бораи Тоҷикистон низ бисёр хондаам, онҳо ҳам аз сафари Тоҷикистон ёдбудҳои зиёд доранд ва аммо пеш аз ҳама зебоии табиати Тоҷикистонро васф мекунанд. Аммо агар Тоҷикистон кишвари кӯҳҳои осмонбӯс ва маҷозан Боми Ҷаҳон номида шавад, номи маҷозии Руанда, "кишвари ҳазорон кӯл" аст. Рӯду кӯлҳои зебо ва шаддавор сабаб шудаанд, Руандаро инчунин "марвориди Африқо" унвон кунанд. Ва сукути зебои ин кишвар, ки аввалин рӯзи офаринишро ба хотир меорад, боис гаштааст, то онро ҳамчунин "Хонаи Худо" ном гузоранд. Тоҷикистон ва Руанда. Яке Боми Ҷаҳон ва дигаре Хонаи Худо.

НИЗОЪ ДАР РУАНДА

Луиза Мушикивабо, раиси Бунёди Ёдбуди Руанда мегӯяд, мардуми орому меҳмондӯсти Руанда, ки бо таърихи қадимии худ ифтихор доштанд, ҳаргиз гумон намекарданд, ки рӯзе даст ба одамкушӣ мезананд ва то ҳанӯз онҳо фаҳмида наметавонанд, ки оё дар кишварашон чӣ ҳодисае рӯй дод: "Рӯйдодҳои соли 1994-и Руанда аз лиҳози бераҳмӣ, хушунат ва беэътиноӣ ба ҳаёти инсонӣ бесобиқа буданд. Ва ман фикр мекунам, то ҳанӯз бисёре аз мардум дарк карда наметавонанд, ки бо кишвари онҳо чӣ чиз иттифоқ афтод, ки аввалин бор дар таърихи Руанда занон кушта шуданд ва наврасон даст ба куштор заданд. Бародар бародарро кушт, фақат барои он ки яке аз қабилаи тутси шумурда мешуд ва дигаре аз ҳуту. Ин ҷанг на танҳо ҷони инсонҳо, балки бисёре аз арзишҳои мардумии Руандаро нобуд кард."

Соли 1994 мардуми Тоҷикистон низ тақрибан дар ҳоле қарор дошт, ки мардуми Руанда. Бисёриҳо дарк карда наметавонистанд, дар атрофи онҳо чӣ мегузарад? Чаро қатлу куштор? Гурезогурез, ғорату яғмо, қаҳтию гуруснагӣ. Шояд ба ҳамин сабаб, мардум на вақте дошту на ҳоле ки бидонад, оё аз Руанда чӣ хабар. Аммо чи дар ин ва чи дар он кишвар, баъд аз гузашти солҳо, касе ки он даҳшатҳоро ба сар бурдааст, чи фикру чи эҳсосе дорад?
Луиза Мушикивабо: "Ҳамчун касе ки наслкуширо аз сар гузарондааст, кас мефаҳмад, ки ду интихоб дорад. Ё бояд тамом шуд, ё бояд пеш рафт. Вақте шумо, тасмим гирифтед, пеш равед, онгуна ки аксарияти руандагиҳо карданд, аз ҷумла худи ман, шумо бояд ба фаъолиятҳои ҳаррӯза шарик шавед. Кори ҳаррӯза анҷом диҳед. Вале хотираҳо ҳаргиз шуморо тарк намекунанд ва як рӯз хуб аст, як рӯз бад, як рӯзи дигар маъмулӣ. Ҳар рӯз фарқ мекунад."
Хотираҳои ҷанг Луизаро пешазвақт пир кардаанд ва лабханди ӯ сояи ғамро дар чашмонаш кам намекунад.
(Давом дорад)
XS
SM
MD
LG