Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикваи бознишастагон аз камбуди мадади иҷтимоӣ


Рашт

Нозия Қодирова, як зани бознишастаи саду даҳсола аст, ки хотираи қавӣ ва сухани буро дораду бе кӯмаки нафаре роҳ меравад. Ва аммо ӯ аз хирагии чашмонаш шикоят дорад. Ва шикояти дигари ин модари саду даҳсолаи тоҷик аз рӯзгори начандони хубаш аст. Ӯ мегӯяд, як умри азизи хешро сарфи кори колхоз намуда ва имрӯз танҳо бист сомонӣ нафақа мегирад:

«Охир, ин бист сӯм барои чӣ мерасад? Маро ҳам қанд мефорад, маро ҳам гӯшт мефорад, намерасад, дар бехи деворам, ака надорам, хоҳар надорам, танҳо як фарзанд дорам.»

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттиллоъи Муҳаммадҳайит Мирзоев, сарнозири идораи ҳифзи иҷтимоии Рашт афроди бознишаста ба ҷуз нафақа, аз имтиёзи дигаре бархӯрдор нестанд. Ҷаноби Мирзоев мегӯяд, танҳо дар ноҳияи Рашт шумори афроде, ки синнашон аз сад болост, даҳ нафарро ташкил медиҳад ва беш аз сад нафари дигар аз навад зиёд умр доранд. Ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев, тамоми ин нафақахӯрони дарозумр дар колхоз фаъолият кардаанд ва нафақаи имрӯзаи онҳо аз 20 то 30 сомониро ташкил медиҳад. Ҷаноби Мирзоев мегӯяд, агар аз ҳисоби ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ё марказ ягон кӯмаки иловагӣ барои ин афрод мебуд, хубтар мешуд.

Кӯҳансолон худ таърихи зиндаи ин диёр маҳсуб мегарданд. Барои мисол, Нозия Қодироваи яксаду даҳ сола замони босмачиён, ифтитоҳи мактабҳои нав, оғозу анҷоми колхозҳоро рангин қисса мекунад, ки ин қиссаҳоро на дар ҳама китобҳои таърих метавон хонд.
XS
SM
MD
LG