Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳҳо ҳуқуқи донишҷӯёнашонро помол мекунанд?


Исматулло Азизов, ҷавоне, ки панҷ сол дар факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст, ба нишони эътироз аз мақомоти донишгоҳ аз гирифтани диплом даст кашид. Исматулло дар сӯҳбат бо «Ояндасоз» гуфт, барои ба инобат нагирифтани дархости ӯ дар мавриди ислоҳи баҳо ва ба ӯ имкони аз дигар супурдани имтиҳони давлатиро надодан, сардорати факулта ва донишгоҳ ҳуқуқи ӯро поймол кардаанд. Ӯ гуфт, дар 5 соли донишҷӯӣ ӯ танҳо бо баҳои аъло таҳсил карда, вале дар имтиҳони хатм баҳои 3 гирифтааст ва тибқи низомнома дар бораи имтиҳони хатми донишгоҳ Исматтулло ҳаққи норозигӣ ва дубора супурдани имтиҳонро доштааст. Ӯ барои дифоъ аз ин ҳуқуқи худ то ба Вазорати маориф ҳам муроҷиат кардааст, аммо....

«Арзи маро ба назар гирифта, бояд аз сари нав хоҳ ҳамон замон ва хоҳ соли оянда ба ман имкони аз нав имтиҳонсупориро медоданд. Аммо ҳеҷ кас ба додам нарасид, дар вазорат ваъда доданд, ки имтиёз медиҳанд, аммо 6 моҳ шуд, ки ҷавоби аниқ надодаанд. Ҳама ин корро ҳавола ба каси дигар мекунанд.»

Иршод Сулаймонӣ, як ҷавони тоҷик тӯли чанд ҳафта як пажӯҳиши хурд оид ба ҳуқуқи донишҷӯён миёни муҳассилин ва донишгоҳҳои шаҳр гузаронидааст ва бо кишварҳои дигар муқоиса кардааст. Иршод мегӯяд, дар як Донишгоҳи Қазони Русия беш аз 70 бахши низомномаи муассисаи таълимӣ маҳз ба ҳуқуқи донишҷӯ дахл дорад, аммо дар низомномаҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳуқуқи донишҷӯён кам таваҷҷӯҳ шудааст, ҳамчунин дар низомномаи дохили муассисаҳои таълимӣ баъзе нукоте будаанд, ки ба қонунҳои асосии ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекардаанд:

«Аз он ҷумла, дар низомнома қайд шудааст, ки донишҷӯён бо сару либоси озода ва доштани галстук ҳатман ба дарс ҳозир бояд шавад. Аммо дар конститутсияи Тоҷикистон оварда шудааст, ки шаҳрванд аз нигоҳи виҷдон озод аст. Вақте чунин аст, аз ӯ талаб кардани либоси махсус ё дигар чиз ғайриқонунӣ аст.»

Тибқи натиҷаи таҳқиқоти ин ҷавон, аксари донишҷӯён аз муносибати бад ва таҳдиду фишори бархе аз омӯзгорон ва талаби либоси ҳатмии дарсиву иштироки ҳатмӣ дар дарсҳо шикоят мекардаанд. Аз ҷумла, дар донишгоҳҳои Тоҷикистон донишҷӯёнро маҷбур мекунанд, ки галстук бубанданд ва ё ҳиҷоб напӯшанд, ки мухолиф ба қонунҳои кишвар ва нақзи ҳуқуқи донишҷӯён будааст. Иршод мегӯяд,

«Дар донишгоҳи давлати Остона дар Қазоқистон донишҷӯ озод аст. Хоҳанд ба дарс гӯш мекунанд, нахоҳанд на. Як нафар навиштааст, ки дар факултаи иқтисодии ҳамин донишгоҳ як донишҷӯ зимни дарс пирожки мехӯрд, каси дигар бо шорт, яъне шалвори кӯтоҳ ба дарс ҳозир мешуд, аммо аз сӯҳбат бо омӯзгори ин донишгоҳ маълум гашт, ки ҳамон нафаре, ки бо шорт ба дарс меомаду ё чизе мехӯрд, онҳо аз фаъолтарин донишҷӯёни факулта будаанд. Аммо дар мо расмиятпарастӣ ё бюрократизм чунон тараққӣ кардааст, ки намемонанд системаи озодӣ таълим ҷорӣ шавад.»

Иршод яке аз омилҳои нақзи ҳуқуқи донишҷӯёнро дар паст будани фарҳанги ҳуқуқии худи онҳо медонад. Вале Дилафрӯз, як донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгорӣ дар сӯҳбат бо барномаи "Ояндасоз" гуфт, ӯ ҳамеша аз ҳуқуқи худ ҳимоят мекунад, чун аз Қонуни асосии кишвар ба хубӣ огоҳ аст.

«Мо рӯйрост гап мезанем, ки муаллим мо ҳам мисли шумо ҳуқуқи худро дорем. Мо аллакай Сарқонунро аз ёд медонем ва ҳар касе, ки огоҳ аст аз он, касе ҳақ надорад ҳуқуқи ӯро поймол кунад. Барои ҳамин ман рӯйрост гап мезанам ва на ба ягон каси дигар, балки ба худи муаллим мегӯям, ки шумо чунин ҳақро надоред. Ҳарчанд баъд дар раванди таълим сахт мегиранд ва дониши бештар талаб мекунанд, аммо ман кӯшиш мекунам хуб хонам то исбот кунам, ки ман ҳуқуқи худро медонам.»

Ӯ ба дигар ҳамсолонаш тавсия медиҳад, ки қонунҳоро бидонанд ва нагузоранд, ки ҳуқуқашонро чӣ мақомоти донишгоҳ ва чӣ каси дигар поймол кунад.
XS
SM
MD
LG