Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халабонҳои ояндаи тоҷик дар куҷо таълим гиранд?


Масъулини ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикистон» мегӯянд, имрӯз фақат ҳабдаҳ ҷавони тоҷик дар омӯзишгоҳҳои махсуси ҳавопаймоии Санкт-Петербург, Бишкек ва Алмаато таълими халабониро аз худ мекунанд. Анвар Мақсудов, яке аз масъулони ширкат гуфт, теъдоди ҷавонҳои тоҷик, ки дар ин омӯзишгоҳҳои ҳавопаймоӣ таҳсил доранд, ниҳоят кам аст. Ба гуфтаи вай, онҳо пас аз се соли омӯзиш метавонанд ба кишвар баргашта якбора соҳиби ҷойи кор шаванд:

Анвар Мақсудов: «Мо ҳар сол барои омода кардани кадрҳои ҷавон хоҳишмандонро барои хондан ба кишварҳои гуногун мефиристем. Шумораи он вобаста аз талаботи корхона мебошад, ки чанд нафар мутахассис барои мо лозим аст».

Аммо бисёре аз ҳамсӯҳбатони ҷавонам гуфтанд, мехоҳанд лётчик бошанд, вале имкони молӣ надоранд. Зеро ба бовари онҳо ин касб миёни аҳолии тоҷик роиҷ нест ва ҳар кас наметавонад лётчик бошад. Рустам Сафаров, як донишҷӯйи тоҷик мегӯяд, аз давраи наврасӣ хостааст, ки халабон шавад. Аммо мушкили иқтисодӣ ва набудани омӯзишгоҳи махсуси ҳавопаймоии дар Тоҷикистон сабаб шудааст, ки вай он орзуро фаромӯш ва интихоби худро дигар кунад. Ба эътимоди Рустам, ҳамчунин рӯзгори халабонҳо хавфнок ба назар мерасидааст. Вай дигарбора намехоҳад, ки орзуи лётчик буданро дар дили худ бедор кунад.

Рустам Сафаров: «Аксари ҷавонҳои тоҷик ҳоло ин орзуро дар дили худ намепарваранд. Зеро аз як ҷиҳат ин касби хеле хатарнок аст ва баъдан ҳеҷ вақт дар Тоҷикистон кадрҳои хуб тарбия карда наметавонанд. Агар гӯем, ки ба кишварҳои дигар рафта хонем, маблағ надорем, шароит нест»

Дар ҳамин ҳол, Олим Бобоев, раиси донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо барномаи «Ояндасоз» баён дошт, ки ду сол қабл аз ин раёсати ин донишкада барномаи мушаххасеро оид ба созмон додани як омӯзишгоҳи ҳавопаймоӣ ба ҳукумат ва вазорати маориф пешниҳод кардаанд ва аммо ин пешниҳод аз ҷониби мақомоти баландпояи Тоҷикистон пазируфта нашудааст.

Олим Бобоев:
I> «Фикр мекунам, бояд ин масъала зудтар ҳали худро ёбад. Зеро мо бояд дар бораи халабонҳои ватанӣ аз ҳисоби он ҷавонҳое, ки имрӯз ҳастанд, ғамхорӣ зоҳир кунем. Кӯшиш намоем, ки ба мутахассисони берунӣ дар кишвар эҳтиёҷ пайдо нашавад».

Коршиносон мегӯянд, агарчӣ шароит ва имконияти таъсис додани як омӯзишгоҳи ҳавопаймоӣ дар ҷумҳурӣ мавҷуд аст, аммо барои таълим додан дарёфти мутахассисони кордон хеле мушкил будааст.
XS
SM
MD
LG