Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фасод: Бо он чӣ гуна мубориза барем?


Ба назари таҳлилгарон ва коршиносони Суғд, фасод ва ришвахорӣ ба ҳама сатҳҳои ҷомеа дар ин минтақа сироят кардааст, аммо чораҳои ҷилавгирӣ ва мубориза алайҳи он аз сӯи ниҳодҳои масъул муассир воқеъ намеафтад. Ба гуфтаи онҳо, мақомоти масъул бештар бо боздошт ва муҷозоти ришвахорон сарукор доранд, на бо ислоҳи авзоъ, ки заминаҳои ришвахориро дар ҷомеа аз байн бубарад. Аммо нахуст, рӯ биёварем ба далелҳои роҷеъ ба вуҷуди фасод ва ришвахорӣ дар Суғд.

Муҳаббат Урунова - муовини додситони Суғд:
«Дар ёздаҳ моҳи соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд зиёда аз 490 ҷинояти коррупсионӣ ошкор карда шуд, ки аз он 72 мавриди гирифтани пора, 6 -додани пора ва 16 - ҷинояти тамаъҷӯиро ташкил медиҳад. Боиси таассуф аст, ки ин ҷиноёти коррупсионӣ бештар аз ҷониби ашхоси масъул, мансабдорони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, идораҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои тандурустиву маориф ва комиссариати ҳарбӣ содир шудааст.»

Ба гуфтаи хонум Урунова, ин афрод дар пайи ба ноҳақ ситонидани аз чанд сомонӣ то чандсад доллар боздошт ва муҷозот шудаанд. Барои мисол, се табиб аз шаҳри Панҷакент барои аз бемор гирифтани 5 ва 8 сомонӣ ба паси панҷара шинонида шудаанд. Яъне, мавридҳои фасодкории афрод, агар нармтар бигӯем, бо ҳазорҳо ва даҳҳо ҳазор доллари ба ришва бурда ошкор нашудааст. Дар ин маврид Бобоҷони Икром, журналист ва таҳлилгари маҳаллӣ мегӯяд, нигоҳи аслии мақомоти назораткунанда бояд ба ошкор сохтани мавридҳои аслии коррупсия ва фасодкорӣ бошад, на ба ошкор сохтани ҷиноёти хурду реза дар ин росто. Бобоҷони Икром:

«Фасодро мо бояд дар корхонаҳои муштарак ва риштаи хусусӣ гардонидани корхонаҳои давлатӣ кобем. Бо боздошти афрод бо 200 доллару 500 доллар (ришва), алайҳи фасодкорӣ ҳеҷ чӣ карда намешавад.»

Ба ақидаи Бобоҷони Икром, инчунин кам кардани теъдоди кормандони вазоратҳо ва ниҳодҳои дигар, дур кардани афроди бесалоҳият ва тасодуфӣ аз зимоми кору вазифа ва аз ҳама муҳимаш - фароҳам сохтани шароити мувофиқи ко рва зиндагӣ барои ҳама кормандони мақомот барои аз байн бурдани фасод ва ришвахорӣ дар ҷомеа муаасир хоҳад буд:

Аммо дар ин бора Ислом Ваққосов, дигар аз таҳлилгарони маҳаллӣ дар умури фасод ва ришвахорӣ меафзояд, барои муборизаи ҳақиқӣ бо ришвахорӣ бояд усул ва шеваи муборизаро дигаргун сохт. Ислом Ваққосов:

«Ин як проблемаи фарогир (глобалӣ) аст. Агар мо хоҳем, ки бо коррупсия ва ришваситонӣ воқеан мубориза барем, бояд фаъолияти кормандони мақомоти хидматгузорро шаффоф намоем, то мардум бинад, ки милиса, андоз , гумрук ва ё мақомоти дигар ба чӣ кор машғул аст ва аз онҳо барои чӣ пул меситонад. Шаффофият дар фаъолияти мақомот набошад, коррупсия дар ҷомеаи мо чӣ хеле ки буд, ҳамон хел мемонад.»

Ришвахорӣ, ба гуфтаи масъулини ниҳодҳои муборизакунанда бо он ва таҳлилгарони Суғд, дар қолаби як одати маъмулии ҷомеа ворид шудааст. Ва барои аз миён бурдани он нигоҳ ва назари одамон низ ба ин ҷурм тағйир дода шавад. Ба ин маънӣ Мурод Раҷабов - сардори идораи адлияи Суғд мегӯяд:

«Мо халқро одат кунонидем ба порадиҳӣ, худамон одат кунонидем. Як мисоли оддӣ. Дар сари роҳ як милисаи ГАИ як мошинро аз ҳаракат бозмедорад, ронанда назди вай медавад, ки мана, мо ҳама вақт хизматба тайёр, мо хошоку дигар чизҳо дорем. Дар ҳоле ки ҳанӯз ба вай нагуфтаанд, ки ту, масалан, қоидаи ҳаракатро вайрон кардӣ. Чаро ин хел мардумро одат кунондем?.. Биёед, мардумро дар ин роҳ тарбият кунем.»

Аз рӯи мантиқи сухани оқои Раҷабов, вақте ки дар ҷомеа як одами оддӣ ба як корманди ГАИ ва ё мансабдори дигар ришва пешниҳод намекунад ва дар навбати худ, милисаи раҳбон ё мансабдор ҳам аз корафтодагон ришва талаб намекунанд, дар ин гуна ҷомеа барои фасод ва ришвахорӣ ҷой нахоҳад буд. Аммо дар Тоҷикистон, дар мисоли вилояти Суғд вазъ ин гуна нест ва мушкили аслӣ низ ҳамин аст.
XS
SM
MD
LG