Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати Амрикову Русия бар сари сарнавишти ояндаи САҲА


Ҷаласаи солонаи вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Бруcсел бидуни натиҷаи дилхоҳ ба поён расид. Кишварҳои муҳими узви ин созмон дар бораи баъзе масоили калидӣ ихтилофи назар доштанд. Дар рузи ниҳоии ин ҷаласа Николас Бурнз-муовини вазири хориҷаи Амрико нуқтаи назари худро дар бораи ин созмон, яъне созмони мудофеъи ҳуқуқи башар ва демократия хотирнишон сохт:

"Яке аз масъалаҳое, ки ҳамаи мо дар ҷомеъаҳои Аврупову Ҳавзаи Уқёнуси Ором ба он ру ба ру ҳастем ин аст, ки чӣ гуна кишварҳои ҷавон дар Балкан, Аврупои Марказӣ ва Осиёи Марказиву Қафқоз метавонанд демократияро комилан таъмин кунанд. САҲА ба унвони ниҳоди муҳиме ва ба унвони силоҳи муҳиме дар Аврупову Ҳавзаи Уқёнуси Ором дар ихтиёри ҳар яки мост, зеро он нозири бетарафи интихобот аст. Ин ниҳод дар бораи демократия, ҳуқуқи башар ва сабақҳои интихоботӣ ба мо мустақиман машварат медиҳад".

Яке аз мавзуъҳои умдаи ҷаласаи солонаи Бруссел таҳияи пешнависи эъломияе дар бораи таҳкими фаъолияти САҲА, буд, ки роҷеъ ба он муовини вазири хориҷаи Амрико суҳбат кард. Вале Русия дар ниҳояти кор бар зидди ин пешнавис рай дод. Як рузи кабл Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия зимни суханони худ гуфт, пешнависи эъломияи мазкур баҳсбарангез аст ва нигарониҳои ахирро дар бархе манотиқ фаро намегирад.

Руссия аз муддатҳо қабл САҲА-ро ниҳоде талақӣ мекунад, ки гуё дар умури дохилии кишварҳои Шуравии собиқ мудохила мекунад. Ба ақидаи Русия, ин созмон бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва терроризм мубориза намекунад. Вале эъломияи дигар дар бораи муассир будани фаъолияти САҲА дар ҷаласаи Бруссел ба тасвиб расид. Бо вуҷуди ин, Русия норизоятии худро аз санади дигар нишон дод, ки он САҲА-ро барои дифоъ аз фаъолини ҳуқуи башар ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар кишварҳои узв муваззаф месозад. Карел Де Гухт-вазири хориҷаи Белжик, ки ҳоло раёсати давраии САҲА-ро ба кишвари дигар месупорад, норизоятии худро аз аз чунин вазъ дар ҷаласа натавонист пинҳон дорад:

"Ман фақат метавонам изҳори таассуф кунам, ки тасмими муҳим дар бораи мудофеъони ҳуқуқи башар ба тасвиб нарасид".

Оқои Де Гухт дар поёни суханрониаш таъкид кард, ки аксари мутлақи кишварҳои узви ин созмон муътақиданд, ки бояд аз мудофеъони ҳуқуқи башар ҳимоят кард. Николас Бурнз-муовини вазири хориҷаи Амрико низ таъкид кард, ки Амрико ва Руссия дар мавриди муроҷеъати ахири Гурҷистон ва Молдова низ мавзеъгирии яксон надоштаанд. Бурнз гуфт, вай муттассиф аст, ки Русия нагузошт эъломияе дар бораи ҳали муноқишаҳо дар ин ду кишвар ба тасвиб расад. Оқои Бӯрнз гуфт, ба бовари вай Русия натавонистааст, эҳтиром бар таъаҳҳудоти худро дар назди САҲА ба ҷо оварад:

"Муттассифона роҷеъ ба лаҳни санади ниҳоӣ дар бораи Гурҷистону Молдова тавофуқ ба даст наомад. Ман фикр мекунам, аксари мутлақи кишварҳо дар ин ҷо аз Русия хостанд, ки таъаҳҳудоти соли 1999-и Истамбулро бипазирад ва нируҳову таҷҳизоти худро аз Молдоваву Гурҷистон берун орад. Ин ду кишвар ба истиқлоли комил ҳақ доранд ва Амрико аз ин ду кишвар барои расидан ба ин ҳадафашон ҳамчунон ҷонибдорӣ хоҳад кард".

Дар ҳамин ҳол, Карл Де Гухт-раиси давраии САҲА гуфт, баррасии масъалаи роҷеъ ба раёсати Қазоқистон дар ин созмон то моҳи ноябри соли оянда мақуф гузошта шудааст. Интизор меравад, ки Қазоқистон соли 2009 раёсати давраии САҲА-ро бар уҳда бигирад ва он ҳам ба анҷоми ислоҳоти демократӣ дар Қазоқистон иртибот дорад.
XS
SM
MD
LG