Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расул Боқиев - барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиёӣ


Расул Боқиеви 24-сола дар рақобатҳо дар вазни то 73 килограмм мақоми севвумро касб кард. Ин аввалин медали ба даст овардаи тими мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар маҳсуб мешавад. Воқеъан, дар ҳамин ҳол пас аз ҷамъбасти чаҳор рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи ин бозиҳо дар риштаҳои мухталиф варзишгарони 26 кишвари қора соҳиби медалҳо гаштаанд. Тими мунтахаби Чин бо касби 69 медал - 38 тилло, 20 нуқра ва 11 биринҷӣ дар мақоми нахуст аст. Мунтахаби Ҷопон бо 46 медал, минҷумла 12 медали тилло дар мақоми дуввум қарор гирифтааст. Тими мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ бо 40 медал, аз он ҷумла 7 медали тилло мақоми севвумро касб кардааст. Тими мунтахаби Қазоқистон, ки ҳамагӣ 14 медал - 5 тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст овардааст, дар ҷойи чаҳорум мебошад. Ҳамчунин боз се кишвари дигари Осиёи Марказӣ - Туркманистон бо 1 медали нуқра дар ҷойи 22-ум, Узбакистон бо 4 медали биринҷӣ дар ҷойи 23-ум ва Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар ҷойи 24-ум қарор доранд. Вале тими мунтахаби Қирғизистон то ҳоло медал ба даст наовардааст. Тими мунтахаби Ирон бо касби 3 медали нуқра дар мақоми 17-ум мебошад.
Наргис Набиева, муовини раиси Кумитаи варзиши Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи аввали варзишгарони тоҷик дар риштаҳои волейбол, таэквон-до, тенниси рӯи миз, бокс, гуштии дзюдо, теннис, тирандозӣ ва софт-теннис рақобат дорад. Ба гуфтаи хонум Набиева, гурӯҳи дигари варзишгарони тоҷик барои ширкат дар мусобиқот аз рӯи барномаи ин бозиҳо дар риштаҳои варзиши сабук, гуштии юнонию румӣ ё фарангӣ, камонварӣ, қаиқронӣ ва каратэ-до рӯзи сешанбеи 5 декабр ба Қатар сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG