Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Феҳраси вазоифи нави ниҳодҳои давлатӣ


Феҳраси вазоифи нави ниҳодҳои давлатӣ:

- ба Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат вазифаҳои собиқ Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал ва Вазорати кишоварзӣ, ба истиснои масъалаҳои вобаста ба саноати хӯрокворӣ вогузор мегарданд;

- ба Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор мегарданд;

- ба Вазорати маориф ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба таҳсилоти касбию техникии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор мегарданд;

- ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об вазифаҳои собиқ Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об вогузор мегарданд;

- ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчунин вазифаҳои собиқ Бунёди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба истиснои масъалаҳои вобаста ба ҷамъоварии андозҳои иҷтимоӣ вогузор шуда, аз таркиби вазифаҳои он масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳсилоти касбию техникӣ хориҷ мегарданд;

- ба Вазорати молия ҳамчунин вазифаҳои вобаста ба идораи собиқ Ширкати давлатии суғуртаи сармоягузории "Тоҷиксармоягузор"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда, аз таркиби вазифаҳои он масъалаҳои ҷалби сармоя хориҷ мегарданд;

- ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия вазифаҳои собиқ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд;

- ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо вазифаҳои собиқ Вазорати иқтисод ва савдо, ба истиснои идораи Оҷонсии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо (Тоҷикстандарт), масъалаҳои соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармояҳо, ҳамчунин вазифаҳои собиқ Оҷонсии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои масъалаҳои дастгирии соҳибкорӣ, вогузор мегарданд;

- ба Вазорати фарҳанг ҳамчунин вазифаҳои собиқ Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд;

- ба Вазорати энергетика ва саноат вазифаҳои собиқ Вазорати энергетика, Вазорати саноат ва масъалаҳои вобаста ба саноати хӯроквории собиқ Вазорати кишоварзӣ вогузор мегарданд;

- ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазифаҳои собиқ Вазорати амният ва Кумитаи давлатии марзбонӣ вогузор мегарданд;

- ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифаҳои собиқ Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи президент, масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармояҳои собиқ Вазорати иқтисод ва савдо ва Вазорати молия, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба дастгирии соҳибкории собиқ Оҷонсии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд;

- ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои вобаста ба андози собиқ Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ ва масъалаҳои вобаста ба ҷамъоварии андозҳои иҷтимоии собиқ Бунёди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд;

- ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои собиқ Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои вобаста ба соҳаи сайёҳии собиқ Вазорати иқтисод ва савдо вогузор мегарданд;

- ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои собиқ Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд;

- ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои вобаста ба гумруки собиқ Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд;

- ба Оҷонсии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои собиқ Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот" вогузор мегарданд;

- ба Оҷонсии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои собиқ Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд;

- ба Оҷонсии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои собиқ Оҷонсии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) вогузор мегарданд;

- ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои собиқ Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Геологияи тоҷик" вогузор мегарданд;

- ба Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои собиқ Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд.
XS
SM
MD
LG