Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бебарқӣ ва мушкилоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон


Носирҷони Маъмурзода Коршиносон иддаъо доранд, ки дар ҳоли як рӯз мутаваққиф шудани интиқоли нерӯи барқ хисороти корхонаҳои саноии Тоҷикистон ба миллионҳо доллар мерасад.

Аслами Муллофайзӣ, иқтисодшинос ва сарвари созмони ҷамъиятии «Насли нав» аст, ки мегӯяд, чанд соати қатъ шудани интиқоли барқ муассисаи ӯро то чор моҳи дигар аз ҳаққи пешниҳоди лоиҳа ва дарёфти беш аз се ҳазор доллари амрикоӣ маҳрум шудааст. Ин як мисоли ҷузъии ба истилоҳ «зарари воридшуда» аз бебарқии рӯзҳои ахир аст:
«Бе барқ ҳаёти имрӯзаро тасаввур карда намешавад. Масалан, дирӯз дар коргоҳи мо барқ набуд, тамоми корҳо бозмонданд ва ин қатъ шудани барқ ба он сабаб шуд, ки мо лоиҳаи дар компутар омода кардаи худро, ки бояд дирӯз ба як ташкилоти хориҷӣ пешниҳод мекардем, ба муддати чаҳор моҳ қафо монд»



Аммо гуфта мешавад, авоили моҳи декабр барои як муддат интиқоли барқ дар саросари кишвар мутаваққиф мегардад. Пас суоли матраҳ ин аст, ки бар асари қатъ шудани барқ оё то куҷо иқтисоди Тоҷикистон зарар мебинад?


Яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёт саноат аст ва даромади корхонаҳои саноии кишвар бахши аъзами буҷаи давлатиро ташкил медиҳад. Мутахассисони вазорати саноат пешгӯӣ мекунанд, ки агар интиқоли барқ боздошта шавад, танҳо 59 корхонаи тобеи ин вазорат 5 миллион сомонӣ дар як рӯз зиён мебинанд. Рӯзимурод Орифов, масъули бахши истеҳсоли фаннии вазорати саноати Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоле ки интиқоли барқ мутаваққиф шавад, ба ҷуз корхонаҳои саноии вилояти Суғд, ки аз ниругоҳҳои маҳаллӣ ва хориҷа барқ мегиранд, тамоми муассисаҳои саноӣ аз истеҳосолот боз мемонанд:

«Дар ҳақиқат корхонаҳои саноатии Тоҷикистон бе барқ тамоман кор карда наметавонанд. Ҳар як соат набудани барқ ба корхона як зарари моддӣ ва иқтисодӣ мерасонад. Фақат як корхонаи «Тоҷиказот», ки иқтидори пуррааш 400 ҳазор тонна минералҳои азотӣ мебошад, ҳоло ҳамагӣ 195 ҳазор, яъне ба 50 фоизи қудаташ кор карда истодааст. Мана ҳамин ҳам мисоли он аст, ки бинобар набудани барқ ва гази табиӣ чӣ миқдор зарари калони иқтисодӣ мерасад.

Аммо ҷаноби Орифов тахмин мезанад, ки хисороти як худи корхонаи алюминиуми Тоҷикистон дар ҳоли қатъ шудани интиқоли барқ, то панҷ маротиба афзун хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, фаразан, агар барқ то се рӯз хомӯш шавад, барои барқарор кардани кори корхонаҳои саноӣ то як ҳафтаи дигар вақт лозим меояд, ки ин ҳам зиёни иқтисодист. Аммо иддае аз коршиносон мегӯянд, ки фаъолияти корхонаи алюминиуми Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мутаваққиф шавад, зеро агар ин муассиса ҳамагӣ 40 дақиқа бидуни барқ монад, ҳудудан 30 миллион доллари амрикоӣ барои рафъи хисорот зарур меояд. Ҷӯра Рӯзиев, коршиноси соҳаи саноат:

«Дар ҳоли қатъ шудани интиқоли барқ корхонаи алюминиум 30-40 дақиқа истода метавонад. Агар дар ҳамин миён аз сари нав ба кор андохта нашавад, тамоми дегҳои электролизии корхонаро аз нав таъмири капиталӣ кардан лозим мешавад, яъне ин ҳолат тамоми кори корхонаро «мекушад». Барои таъмири дубора бошад, маблағҳои калон зарур аст. Барои барқарор кардани танҳо як электролизор то 40 ҳазор доллари амрикоӣ масраф мешавад. Ин гуна электролизорҳо дар завод аз 800 адад зиёданд».

Ин дар ҳолест, ки корхонаи алюминиуми Тоҷикистон аллакай ба сарфа намудани нируи барқ пардохтааст. Рауфҷон Мӯъминов, сухангӯи корхонаи мазкур дар ин робита гуфт:«Он сехҳое, ки дар корхона дуюмдараҷаанд, ёридиҳанда ҳастанд, муваққатан баста шудаанд. Ҳоло дар ҷаласаамон ҳам таъкид шуд, ки қувваи барқ бояд максимум сарфа шавад. Мо ҳоло чароғи утоқҳои кориамон, яхдонҳо ва хатҳои камистеъмоли барқро пурра хомӯш кардаем. Роҳбарияти корхонаи мо нақшаи эҳтиётӣ дорад, ки дар ҳоли сар задани бӯҳрони барқ чӣ тадбирҳо меандешанд».

Мақомоти вазорати саноати Тоҷикистон мегӯянд, то ҳанӯз на вазорати энержӣ ва на ширкати «Барқи тоҷик» ин ниҳодро воқиф накардааст, ки интиқоли нируи барқ мушаххасан кай қатъ мегардад, то аз хисороти азими эҳтимолӣ ҷилавгирӣ шавад. Алъон корхонаҳои саноии кишвар, ба гуфти масъулини ин вазорат, ҳамагӣ 60 дарсад бо нируи барқ таъмин мешаванд ва ин ҳол ҳаҷми истеҳсолоти корхонаҳоро то 40 фисад коҳиш додааст.
XS
SM
MD
LG