Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи норӯшани Тоҷикистон бо президент Раҳмонов


Маҷаллаи "Ҷейнз Дифенс" Маҷаллаи британиявии "Ҷейнз Дифенс" навиштааст: "Интихоботи президентии Тоҷикистон нишон дод, ки қудрати раисҷумҳури кунунии ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонов таҳким меёбад. Акнун суоле матраҳ мешавад, ки оё вазъи ҷуғрофиёиву сиёсӣ ва ҳукми афзояндаи худкома ба ҳаракати ҷумҳурӣ дар самти назму суботи дарозмуддати дорои табиати либералӣ ва таҳаммулпазир таъсире хоҳад гузошт ё не?"

Ба қавли муаллифони мақола "нокомӣ дар ташкили мувозинати равобити хориҷӣ бо рушди дохилӣ метавонад президент Раҳмоновро бо нооромии дарозмуддат рӯ ба рӯ кунад, зеро дар давоми даҳсолаи оянда насли нави тоҷикон бо интизориҳои бузург аз оянда зуҳур хоҳад кард."
Дар интихоботи шашуми ноябр президент Раҳмонов бори сеюм бо дастгирии наздик ба ҳаштод дар сади раъйдиҳандагон барои ҳафт соли дигар зимоми қудратро ҳифз намуд. Адами мавҷудияти рақобати сиёсӣ, матбуоти озод ва мухолифини муассир дар чанд соли ахир роҳро барои пирӯзии президент Раҳмонов боз намуд.
Сарфи назар он, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба набудани рақобати воқеӣ, камбуди воситаҳои ахбори умуми мустақил ва хилофкориҳо дар ҷараёни овоздиҳӣ ишора намудааст, кишварҳои ғарбӣ амалан аз интихоботи президентии Тоҷикистон интиқод накардаанд.
Ба ақидаи "Ҷейнз Дифенс" сабаби хомӯшии мамолики ғарбӣ аҳамияти ин минтақаи саршор аз захираҳои нефту газ аст, ки дар он зоҳиран назму субот аз рушди демократия муҳимтар арзёбӣ мешавад.
Албатта таваҷҷӯҳ ба Тоҷикистонро наметавон бо аҳамияти Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистони дорои захираҳои бузурги нефту газ муқоиса намуд.
"Ҷейнз Дифенс" хомӯшии Ғарб дар мавриди интихоботи поинтар аз меъёрҳои САҲА-ро бо он иртибот медиҳад, ки дар солҳои раёсатҷумҳурӣ Раҳмонов назму суботи кишварро барқарор кард ва метавонад ҳамоно бо василаҳои барояш дастрас вазъро ором нигаҳ дорад.
Вале ба ақидаи муаллифони мақола чунин имтиёздиҳӣ ба нафъи оромии кӯтоҳмуддат дар дарозмуддат таъсири манфӣ хоҳад дошт, зеро президент ҳар чӣ бештар ба яккаҳукмронӣ майл нишон медиҳад ва аз эҳтимол дур нест, ин вазъ рақобати миёни кишварҳои Осиёи Марказиро, ки аз ҳисоби рушди дохилӣ ба амал меояд, тақвият бахшад.
Тоҷикистон мехоҳад дар соҳаи тавлиди нерӯи барқу об дар Осиёи Марказӣ мавқеи ҳалкунандаро касб намояд. Рушди ин соҳа Тоҷикистонро аз харидани нерӯи барқ аз ҳамсоякишварҳо озод намуда, ҷумҳуриро ба содиркунандаи муҳими нерӯи барқ табдил медиҳад. Барои татбиқи ин ҳадаф президент Раҳмонов чандин лоиҳаи бузургро матраҳ намудааст. Вале Узбакистон рушди соҳаи ҳидроэнегетикаи Тоҷикистонро ҳамчун кӯшиши аз байн бурдани салатанати минтақавии Тошканд арзёбӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки ҳар сари чанд вақт мақомоти Тошканд ба муҷозоти Душанбе рӯ меоранд. Масалан, соли равон чанд дафъа Узбакистон интиқоли нерӯи барқ ба корхонаи алюминийи Тоҷикистонро қатъ карда буд.
Дар ҳамин ҳол Русия бо ишора ба аҳамияти равобит бо Тоҷикистон дар рушди соҳаи ҳидроэнергетикаи Тоҷикистон саҳм мегирад.
Аммо президент Раҳмонов танҳо бо кумакҳои Русия қаноат накарда, аз манбаъҳои дигар низ истифода мебарад. Тоҷикистон нерӯгоҳи барқиву обии Сангтӯда-1-ро бо кумаки Русия бунёд менамояд, вале дар нерӯгоҳи барқиву обии Сангтӯда-2 Ҷумҳурии Исломии Эрон саҳм дорад. Ҳамин гуна ИМА, Чин, Покистон ва Ҳиндустон ҳам ваъда додаанд, ки дар тавлиди нерӯгоҳҳои барқиву обии Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳанд кард.
Муаллифони мақолаи "Ҷейнз Дифенс" ҳушдор медиҳанд, ки агар президент Раҳмонов рушди дохилии кишварро нодидагирӣ кунад, он метавонад кӯшишҳои афзоиши нуфузи минтақавии Тоҷикистонро барбод диҳад.
Ба навиштаи "Ҷейнз Дифенс" мардуми кишвар аз президент ва ҳукумати Тоҷикистон интизориҳои калон доранд.
Маҷаллаи британиявӣ меафзояд, агар президент Раҳмонов ба коҳиши камбизоатӣ ва ташкили ҷойҳои кор аз ҳисоби рушди иқтисодӣ муваффақ нашавад, мардум ба зудӣ дастовардҳои ҳукуматро фаромӯш хоҳад кард. Насли нави тоҷикон азияти солҳои ҷанги шаҳрвандиро надидааст ва табиатан аз оянда умедҳои калон дорад.
Ба ақидаи "Ҷейнз Дифенс" феълан Тоҷикистон бо хатари ифрогароии исломӣ мувоҷеҳ нест, зеро аксари аҳолии ин кишвар ҷонибдори таъсиси ҷумҳурии Исломӣ намебошанд.
Вале афзоиши эҳсоси ҳамбастагии минтақавии ҷумбишҳои исломии Осиёи Марказӣ, аз як тараф ва аз сӯи дигар, коҳиши нуфузи ҳизби эътирофшудаи исломӣ аз нуқтаи назари сиёсӣ метавонад мардуми камбизоат ва норозиро ба пуштибонӣ аз гурӯҳҳои тундгаро моил намояд.
XS
SM
MD
LG