Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳанг ва ВАО зери як бом?


Нахустин сару садоҳо дар бораи созмонёбии ин вазорат ҳанӯз дар давраҳои омӯзишие, ки масъулини шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси ҷумҳур қабл аз интихобот барои хабарнигорон доир мекарданд, пайдо шуданд. Яке аз намояндагони дастгоҳи раиси ҷумҳур изҳор дошта буд, ки пас аз интихоботи Президент масъалаи мазкур ба миён гузошта мешавад. Вале то ҳол хабари таъсисёбии ниҳоди ҷадид махфӣ дониста шуда, барои хабарнигорон рӯшан нест. Бо ин вуҷуд аксари ноширон ва роҳбарони расонаҳои гурӯҳӣ созмонёбии як ниҳоди ҷадид - Вазорати матбуотро истиқбол мекунанд. Абдураҳмон Абдуманнонов, муовини аввали раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон бо таъкид ба зарурати таъсиси як ниҳоди ҷадиди фарогири тамоми расонаҳои кишвар гуфт, ҳоли радио ва телевизион беҳтар аст, аммо кори расонаҳои дигари хабарӣ ва соҳаи табъу нашр беҳбуд мехоҳад:

«Масалан, ҳозир матбуот дар вазорати фарҳанг, вазорати фарҳанг маълум аст, ки дар дигар самтҳо фаъолона кор мебарад, аммо, ба андешаи ман, таваҷҷӯҳ ба матбуот ва табъу нашр камтар зоҳир мешавад. Махсусан табъу нашр хеле беҳбудӣ мехоҳад дар ҷумҳурии мо. Ин ҷо ҳам ҳуқуқи истеъмолгарон поймол мешавад, ҳам худи ноширон аз сифати пасти чоп гилагузорӣ мекунанд. Аз ин рӯ барои танзими кори ВАО ва мусоидат ба рушди онҳо хуб аст агар як вазорати махсус созмон ёбад ва ҳама расонаҳоро дар худ муттаҳид намояд».

Иддае аз муҳаққиқони матбуот ва хабарнигорон ҳарчанд ҷонибдорӣ аз таъсиси як вазорати ҷадиди марбут ба васоити ахбори омма мекунанд, аммо мегӯянд, фарҳанг ва журнализм соҳаҳои ба ҳам наздиканд ва агар ниҳоди вижае ҳам созмон дода мешавад, бояд номи Вазорати фарҳанг ва иттилоотро бигирад. Хилватшоҳи Маҳмуд, узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, ҳамзамон сардабири бахши хабарии «Русское радио Ориёно» аз соҳибназарони ҳамин гурӯҳ аст, ӯ мегӯяд, воқеан ҷиҳати расидагии фаротар ба мушкилоти расонаҳои хабарӣ зарурат ба таъсиси ниҳоде чун вазорати фарҳанг ва иттилоот ба миён омадааст:

«Умуман, агар ба поварақ, заминаи нашриёти Тоҷикистон назар афканӣ, гоҳе матбуоти кишварро вазорати фарҳанг ба қайд мегирад, гоҳе вазорати адлия сабти қонунӣ мекунад ва ин ҳанӯз номафҳум аст. Фикр мекунам, чун мо як давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ месозем, бояд як вазорате созмон дода шавад, ки ҳамаи ин норӯшаниҳоро рафъ созад, вазорате бошад, ки тамоми расонаҳои Тоҷикистонро таҳти контрол ва сарпарастӣ бигирад. Ин ниҳод, ба пешниҳоди ман, бояд номи Вазорати фарҳанг ва иттилоотро дошта бошад».

Дар ҳамин ҳол Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд, барои таъсиси як вазорати ҷадид ё ҳамоҳанг кардани вазорати фарҳанг бо кумитаи радио ва телевизион ҳеҷ зарурат нест ва ин як тасмиме хоҳад буд, ки бавижа ба рушди радио ва телевизиони давлатӣ зарба мезанад:

«Ҳоли ҳозир ин гуна зарурат нест ва ин баръакс ба фаъолияти бисёр ҳам чашмраси телевизион ва радиои давлатӣ садди нав эҷод мекунад. Даромади кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон, табиист, аз даромади вазорати фарҳанг бештар аст. Худи раиси кумита Асадулло Раҳмонов ҳам гуфтааст, ки аз ҳисоби даромади телевизион таҷҳизоти нави замонавӣ харидорӣ шудааст, дар ду сол ду шабакаи нави телевизионӣ таъсис ёфт ва кори «Тоҷикфилм» ҳам беҳбуд ёфтааст. Агар ин ду ниҳод як шаванд, вазорати фарҳанг сарбории кумитаи телевизион хоҳад шуд. Зеро вазорати фарҳанг даромад надорад ва танҳо аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад».

Гуфтанист, солҳои 90-уми садаи гузашта қаринаи муштараки Вазорати фарҳанг ва кумитаи радио ва телевизион мавҷуд буд, баъдан ин сохтор ба ду тақсим шуд. Мурод Муродов, мудири кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, сару садоҳо дар мавриди таъсиси ин гуна вазорат ҳанӯз чанд сол қабл бархоста буд, аммо рӯшан нест, чаро интизороти рӯзноманигорон бароварда нашуд. Ҷаноби Муродов аз он нигаронӣ мекунад, ки оё ба сари вазорати нави матбуот нафаре аз доираи журнализм меояд, ё хайр:

«Масъалаи таъсиси вазорати фарҳанг ва матбуот чанд мол пеш, вақти вазирии Бобохон Маҳмадов ба миён омада буд, аммо чӣ шуд, ки дигар ин масъала хомӯш шуд. Як мушкили дигар ин аст, ки кӣ ба роҳбарии ин вазорат таъин мешавад, агар ягон мутахассиси соҳаи журналистика, нафари бохабар аз матбуот, радио ва телевизион биёяд, чи хубе».

Воқеан агар вазорати зирабт таъсис ёбад, ин суол бармехезад, ки кӣ метавонад онро роҳбарӣ кунад? Коршиносон мегӯянд, шумори нафарони арзанда ба ин мақом афзун аст, Хилватшоҳи Маҳмуд исми Асадулло Раҳмонов, раиси феълии кумитаи радио ва телевизион, Абдураҳмон Абдуманнонов, муовини аввали раиси кумитаи радио ва телевизион, Кароматулло Олимов, мушовири давлатии раиси ҷумҳур, Шарифи Ҳамдампур, сардабири нашрияи «Тоҷикистон», Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистонро ба ҳайси номзад зикр мекунад, муҳаққиқ Мурод Муродов мехоҳад дар маснади вазирӣ Бобохон Маҳмадов, вазири собиқи фарҳанг ё Иброҳим Усмонов, муовини аввали вазири фарҳангро бубинад.

Бо ин ки вазорати нав ҳанӯз таъсис нашудааст, мутахассисони соҳа пеши вазири оянда вазифа гузоштаанд, ки барои омода намудани ихтисосмандони соҳаи рӯзноманигорӣ дар назди ниҳоди тозабунёд бояд як донишкадаи махсуси хабарнигорӣ созмон дода шавад. Онҳо мегӯянд, фаъолияти танҳофакултаи рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи миллӣ талаби рӯзро пурра қонеъ намекунад. Аммо то замоне сару садоҳо ба ҳақиқат бадал нагарданд, мутахассисон дар ин бора танҳо орзу мекунанду халос
XS
SM
MD
LG