Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роғун: Умедҳо ба бод рафт?


Роғун

Вақте вориди минтақаи сохтмони нерӯгохи барқии обии Роғун, воқеъ дар 90 километрии пойтахти Тоҷикистон шудам, ҳеҷ ҳаракат ва ё ҷунбише дар сохтмони он мушоҳида накардам. Пас аз он ки ширкати «Русский Алюминий» афзори фаннии худро аз ин ҷо берун кашид, сохтмон комилан мутаваққиф шудааст.

Мавзеъе, ки дар он нерӯгоҳ бунёд мешавад, дар доманаи кӯҳҳо ва дар канори рӯдхонаи Вахш ҷойгир шудааст. Аммо ҳанӯз аз обанбори пурбаҳси ин нерӯгоҳ нишоне вуҷуд надорад, ба ҷузъ ду нақбе, ки он ҳам дар замони Шӯравӣ сохта шудааст. Мутахассисони бахши Вазорати энержии Тоҷикистон, ки дар ин ҷо кор мекунанд, мегӯянд, он вақт сарбанд буду ва аз нақбҳо об меомад, вале ҳоло бар асари обхезӣ сарбанд рахна хӯрда аз байн рафтааст.

Бо Сайдамир Сияҳмардов, масъули НБО-и Роғун ҳамсӯҳбат шудам. Вай мегӯяд, мебоист «Русал» тибқи қарордод барои сохтмони ин нерӯгоҳ 33 миллион доллар сарф мекард, аммо камтар аз 2 миллион доллар харҷ карду тамом. Екатерина Попова, корманди мудирияти сохтмони Роғун аз кундии раванди кор дар бунёди нерӯгоҳ ҳарф зад ва гуфт, бархилофи ваьдаҳову интизориҳо амали ҷиддие аз ҷониби «Русал» анҷом нагирифт.

Намояндагии «Русал» то имрӯз дар шаҳри Роғун ҳаст, вале дар он ҷо аз сӯҳбат бо Озодӣ худдорӣ намуданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳеҷ масъулият надоранд ва ба дафтари марказии онҳо дар шаҳри Душанбе муроҷиат кунам. Дар Душанбе ба ман гуфтанд, ки ҳоло миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русал кадом музокираҳое идома дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, бо маблағҳои худӣ аз соли 2007 ба сохтмони нерӯгоҳ шурӯъ намояд. Ин дар ҳолест, ки дар буҷаи соли 2007 барои бахши энержӣ ва нақлиёту кишоварзӣ дар маҷмӯъ як миллиарду 305 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ва аммо ҳангоми берун шудан аз шаҳри Роғун, пойдевори рамзии сохтмони НБО - и Роғунро дар маркази шаҳр метавон дид, ки онро парчамҳои Тоҷикистону Русия оро медиҳанд ва дар ҷониби дигар бо ҳарфҳои калон РусАЛ навишта шудааст.
XS
SM
MD
LG