Имсол мақомоти Суғд бо шиори «70 рӯзи зарбдор дар пахтазор» беш аз 80 ҳазор кас, бештар наврасону ҷавононро ба ҷамъоварии пахта ҷалб кард. Дар ин миён тақрибан 13 ҳазор донишҷӯи Суғд низ зиёда аз ду моҳро бо ҷамъоварии пахта ва будубош дар бошишгоҳҳои саҳроӣ сипарӣ карданд. Донишҷӯёни пахтачин мегӯянд, хотироташон аз давраи пахтачинӣ сарду гарон аст:
«Як даҳрӯза мо зери борон пахта мечидем. Шароити хонаҳое, ки мо зиндагӣ мекардем, бисёр бад буд. Баъзан мешуд, ки оби тоза намеоварданд ва маҷбур мешудем аз оби нопок истифода барем.»
«Бисёр вақт устодон ба бемор будани донишҷӯён бовар намекарданд. Агар донишҷӯ бе устод назди табибон равад, онҳо вайро нағз қабул намекарданд, ҳатто аҳамият намедоданд.»
«Масалан, як бор як духтараки ҳамкурсамон гуфт, ки бемор аст, устодон барои назди духтур рафтан ҷавоб надоданд. Баъд шабона, ки дардаш шиддат гирифт, ду - се ҳамкурсон назди табиб бурданд ва маълум шуд, ки бемории вай хеле ҷиддӣ будааст.»
Бо вуҷуди ин ҳама кӯшиш, хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд имсол низ ба иҷрои плани пахтасупорӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муайян шуда буд, ноил нашуданд. Аз 176 ҳазор тонн пахтаи аз рӯи план пешбинишуда то ба имрӯз 133 ҳазор тонн пахта ҷамъоварӣ шудааст. Тақрибан 20 сентнерӣ аз ҳар гектар.
Пахтакорӣ дар вилояти Суғд чун дар замони Шӯравии собиқ ҳамчунон соҳаи асосии кишоварзӣ боқӣ мондааст. Дар ҳоли ҳозир 76 ҳазор гектар аз 280 ҳазор гектар заминҳои қобили кишти минтақа ба парвариши танҳо пахта ихтисос дода шудааст. Вале дар ин рӯзҳои сарди тирамоҳ баҳси асосӣ миёни пахтакорону пахтачинон ва кормандони мақомоту таҳлилгарон гарм шудааст, ки чаро сокинони як минтақаи бузурги Тоҷикистон маҷбуранд, умдатан ба парвариши пахта машғул бошанд ва онро то граммҳои охирин ҷамъоварӣ намоянд? Чаро пахтакорӣ ва боз ҳам пахтакорӣ?
Мутахассисини идораи кишоварзии Суғд дар ин маврид мегӯянд, набуди бозори фурӯш барои маҳсулоти дигари кишоварзӣ, ба ҷуз нахи пахта, омили асосиест, ки пахтакориро ба соҳаи аслии кишоварзии вилоят табдил додааст. Маҳмадамин Самиев - яке аз масъулини идораи кишоварзии Суғд:
«Дар ҳақиқат, агар мо ҳосили хуб ба даст оварем, сабзавот низ даромади зиёд медиҳад. Вале дар шароити имрӯза барои фурӯши сабзавот мо бозори хориҷӣ надорем, чунонки дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ чунин буд. Барои ҳамин мо маҷбурем, ки пахтакорӣ кунем, чунки барои фурӯши он бозори аниқ дорем.»
Аммо Тоҳири Абдуҷаббор - коршиноси масоили иқтисодии Тоҷикистон дар ин маврид назари дигар дорад:
«Содироти нахи пахта 10 - 12 дар сади маҷмӯи даромади кишварро ташкил медиҳад. Сабаби асосӣ дар ин аст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ қарзҳои зиёд доранд ва сармоягузорон ба ҳукумат вобаста ҳастанд. Ва мехоҳанд ба ҳар роҳ мардумро ба ҷамъоварии пахта ба истилоҳ то охирин кӯрак маҷбур кунанд ва қарзоҳошонро рӯёнанд аз хоҷагиҳои кишоварзӣ. Ва ин барои аксари касоне, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кор мекунанд, як кори бесамар аст ва онҳо дар аксар маврид музди кори худашона намегиранд ва танҳо барои ғӯзапоя кор мекунанд. »
Ин дар ҳолест, ки ба маълумоти идораи кишоварзии Суғд имсол қарзи хоҷагиҳои кишоварзии Суғд дар назди сармоягузорони дохиливу хориҷӣ то ба 70 миллион $ афзуда, кишоварзони оддӣ дар бисёр хоҷагиҳо моҳҳо дастмузди худро намегиранд. Чаро?
Коршинос - Тоҳири Абдуҷаббор: «Сабаби ҷамъ шудани қарзашон ҳам дар ин аст, ки пулеро, ки дар ҷараёни сол лозим аст, сармоягузорон барояшон нақдан намедиҳанд. Балки маводи кимиёӣ ва дигар чизҳои заруриро бо қимати дучанду сечанд ба гардани кишоварзон бор мекунанд. Чун дар ҷумҳурӣ бозори озоди маводи кишоварзӣ вуҷуд надорад, кишоварзон ҷуз гирифтани маводи зарурӣ ба сифати қарз аз сармоядорон чора надоранд. Аз ин рӯ онҳо маҷбур мешаванд, ки мардумро ба ҷамъоварии пахта ҷалб кунанд, то ин ки сармоягузорон ва онҳое, ки дар ҳукумат ба онҳо вобаста ҳастанд, даромаде ба даст биёранд.»
Ба ҳамин тариқ, ба гуфтаи таҳлилгарон, ба пахтакорӣ табдил додани бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон аслан тасмиме нест, ки ба ихтиёри кишоварзони оддӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ин кишвар гирифта шуда бошад. Кишоварзонро мақомот ба пахтакорӣ ва иҷрои планҳо водор мекунад. Ва ин як бунбастест, ки кишоварзон ба он рӯ ба рӯ шуда, аммо роҳи берун омаданро ба кӯшиши худии худ намеёбанд.

Фардо сокини ДИГАР саера ба ЗАМИН ояд аввал мард е занд буданшро МУШАХХАС мекунед бад агар мард бошад дунявихо ба у галстук ва агар зан бошад юбка ПЕШНИХОД мекунанду мегуянд ПРОТОКОЛ у нас вот такой ПРИКОЛ хаминро ТАЛАБ мекунад ва МАБОДО инопланитянин дар дасти толибон АФТАД тамом капааш ДУД кард е риш е хичоб или УБЕРАЙСЯ от куда ПРИЕХАЛ...шумо толибо харруз Худоро шукр гуед ки дар замони Али(к.в)набошад шумо хаворичро як сутка вакт медод,ки аз руи замин ИСПОРЕНИ шавен...ин чи масхараи шариату бад ном кардани Исломи АЗИЗ аст...хаете доред шумо масхврабозхоро чомеаи ЧАХОНИ ба ин фикри ПУЧУ акидаатон кабул НАМЕКУНАД тамоми чахон бо диктатура панча НАРМ мекунад инхо бошад как СНЕГ на голову ира бупушен ира напушен мардыма ГАМ дода гаштиян...биги чилу пустакта РОСТ покистон Афгонистон чои шумо нест ин сарзамин СОХИБ дора точики мухиббу Ватан дусту Пачшери ДАЛЕР дора...киш ай ича саранча!!!
Куҷо шуд қонуну қонуният, Куҷо шуд адолати судӣ, Куҷо шуд волоияти қонун, Куҷо менигарад кафили сарқонун. Дар ҳолате, ки пасандоздорони Тоҷиксодиротбонк ҳалномаи суд оиди баргардонидани маблағи пасандозҳояшонро доранду 5 молу 6 сол қарорҳои судӣ бе иҷроиш мондааст.
...то кай???то вакти ГУЛИ най!!!Бародар Карим на танхо кахрамони Точикистон Мамадбокир Мамадбокиров сирро зери ХОК бурд пешвоени мо Фронти Халки Сангак Сафаров Файзали Сайидов онхо хам дар ФИТНАИ рахмон АФТИДА бисер сирхоро бо ХУД бурданд АГАР?!камандирхои мо ЗИНДА мебуданд нахзатихоро НАМЕДОНАМ лекин ШОЯД онхо яьне командирхо бо Шоди Шабдолов забон ЯК карда бигузор коммунист мехвар хам БОШАД як давлати ба адолатпеша НАЗДИК барпо МЕКАРДАНД локин ин рахмони ФИТНА-гар бо фитнаи ХУД командирхои моро аз БАЙН бурда то хол обро ЛОЙ карда гаштааст...фитнааш то дарачае РАСИДААСТ,ки ба занхо хам рахм НАМЕКУНАД маскараро БИНЕД як тарафи айнаки хонуми Помири торик гаштаву баргашта уро хамчун як БОМЖ намоиш медихад аз ин дида ФИТНАИ бузург мешавад...рахмон ту точикро дар чахон ШАРМАНДА карди!!!
Man amalkardi ghairikonunii makomotri as qabili lashkarkashi, mulfilmsozi va mutahhamkunii mardumro shadidan mahkum mekunam!
Замони муосир ва рохбарии «пешвоимиллат» айнан Сталин ва соли 1937 ро ба ед меоранд. Касе Каме садо баланд кард « террорист» мебароранд. Репресияи соли 1937 солхост ки дар Точикистони муосир 1992-2022 реша давонидааст.