Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р. Зоиров: "Президентии Раҳмонов ғайриқонунист"


Раиси ҲСДТ мӯътақид аст, ки ширкат кардани Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ муғойир бо Қонуни асосӣ сурат гирифтааст ва бад- ин далел, қарори Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар дар мавриди натоиҷи ин маърака ғайриқонунӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, масъулини шӯъбаи дафтардории Додгоҳи Олии Тоҷикистон зимни таъйди дарёфти шикояти раиси Ҳизби сотсиал-демократ гуфтанд, ки иддаои ӯ тайи се рӯз дар Додгоҳ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Аммо ҳамзамон Ҳизбулло Хоҷаев-раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ гуфт, ки то кунун аз мӯҳтавои номаи Раҳматулло Зоиров огаҳ нест ва танҳо баъди ошноӣ бо нома метавонад дар ин бора посух бигӯяд.

Ин дар ҳолест, ки Муҳибулло Додоҷонов-раҳбари дафтари Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон иддаои раҳбари ҲСДТ дар бораи ғайриқонунӣ донистани натоиҷи интихоботи ахири президети кишварро бепоя хонд.

Аммо Раҳматулло Зоиров-раиси ҲСДТ мегӯяд, ки дар расидагии мунсифонаи Додгоҳ ба қазияи пешомада хушбин нест. Вале тибқи меъёрҳои байналмилалӣ қабл аз он ки ба додгоҳи байналмилалӣ ва Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи башари Созмони миллали муттаҳид шикоят бубарад, ӯро зарур аст, вокуниши мақомоти зидахли кишвар дар ин заминаро дар даст дошта бошад.

Бо ин вуҷуд, ки Раҳматулло Зоиров-раиси ҲСДТ қонунмандии ширкати Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳурии кишварро дар интихоботи президетӣ борҳо мавриди суол қарор додааст, натоиҷи интихоботи ахир, ки дар он ҷаноби Раҳмонов бо касби чизе камтар аз 80 дар сади оро баранда эълом шуд, аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ эътироф шудааст.
XS
SM
MD
LG