Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Экономфак" ҷойи "юрфак"-ро танг дорад


Ин сӯҳбат барои ман хеле ҷолиб намуду қарор додам, ки дар ин бобат як пурсише миёни ҷавонони пойтахт анҷом бидиҳам, ки оё дар миёни онҳо кадом касб маъруф аст .

Маълум гардид, ки имрӯз ҷавонони тоҷик аксаран ба пешаҳои ҳуқуқшиносӣ, иқтисод, тарҷумонӣ ва тиҷорат бартарӣ дода аз таҳсил ва кор дар соҳаҳои илмҳои дақиқ худдорӣ мекунанд. Чун ба ақидаи онҳо, бо фаъолият дар чунин соҳаҳо наметавон даромади зиёди пулӣ ба даст овард.
Нуралӣ Собиров, муовини декани факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, танҳо дар соли равон барои таҳсил дар риштаи иқтисодӣ шумори довталабон ду маротиба афзудааст:

Нуралӣ Собиров: «Мо рӯ ба иқтисоди бозорӣ ниҳодаем. Ва дар иқтисоди бозорӣ пеш аз ҳама моликияти хусусӣ ривоҷу равнақ меёбад. Фаъолияти иқтисоддон хело ҳам васеъ аст ва ӯ имкон дорад дар ҳамагуна соҳаҳо фаъолияти худро ба роҳ монад. »

Ҳамчунин, шумори ҷавонони тоҷик, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бештар англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, ҷопонӣ ва чиноӣ майл доранд, зиёд шудааст. Коршиносон сабаби онро дар имкони фаъолият дар созмонҳои байналмилалӣ ва ширкату корхонаҳои хориҷӣ ташреҳ медиҳанд. Абдусалом Мамадназаров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз нафароне, ки забони англисиро хуб баладанд, барои пайдо намудани ҷои кори сердаромад шонси бештар доранд. Ба гуфтаи оғои Мамадназаров, дар ҳоли ҳозир беш аз 1.000 нафар ҷавонони тоҷик дар созмонҳои хориҷӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд,

Абдусалом Мамадназаров: «Онҳо мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ навишта ҳаргуна проҷектҳоро барои тадқиқот пешниҳод мекунанд. Яъне дар сатҳи хеле баланд қарор доранд.»

Аммо боз ҳам набояд фаромӯш кунем, ки барои садҳо ҳазор ҷавонҳои дигар муҳоҷирати корӣ дар Руссия танҳо роҳи ҳалли пайдо кардани мушкили бекорӣ боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG