Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду фармони вазири маориф


Аз садоҳои баланди телефонҳои ҳамроҳ дар синфхонаҳо аксари омӯзгорони мактабҳои миёна ва олӣ мегӯянд, ки ба дод омадаанд. Ва ин буд, ки ахиран бо судури як фармон Вазорати маорифи кишвар ба қавле ба доди омӯзгорон расид. Акнун тибқи фармони ҷадиди ин вазорат иштироки хонандагон ва донишҷӯён дар дарс бо телефони мобил комилан мамнӯъ шудааст. Воқеан бо зиёд шудани ширкатҳои телефони ҳамроҳ ва нисбатан арзон шудани хизматрасонии ин ширкатҳо дар Тоҷикистон шумори истифодабарандагони телефони мобил меафзояд.

Ҷалолиддин Амиров, корманди Вазорати маорифи кишвар:
«Телефонҳои мобил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз доираи ахлоқ берун истифода мешуданд. Ба хотири ин телефонҳо бачаҳо ҳатто дар дарсҳо иштирок намекарданд. Бинобар ин Вазорати маориф маҷбур гардид, ки дар иртиботи манъ намудани ин телефонҳо як фармонро ба тасвиб расонад. Бачаи мактабӣ ҳуқуқ надорад, ки ба мактаб бо телефони ҳамроҳ биёяд.»

Ҷалолиддин Амиров мегӯяд, телефони ҳамроҳ агар аз ҷониби хонандагон пинҳонӣ ва боақлона истифода мешуд, ҳеҷ зарар надошт, аммо талабагон бо истифодаи ҷову ноҷои худ ба дарсҳо халал ворид мекарданд.

Вале оё худи хонандагон ба ин дастури нав чӣ назар доранд?

Нилуфар, хонандаи синфи 10 -и яке аз мактабҳои пойтахт мегӯяд, хуб мешуд на истифодаи мобил, балки танҳо истифодаи он бо садои баланд манъ мешуд. Ӯ мегӯяд, дар он ҳолат ба дарс халал намерасонд.

Аммо ҷавони дигар бар ин аст, ки
«Мо розӣ нестем ба ин. Яке аз хона телефон мекунанд дар ҳолатҳои зарурӣ ва намеёбанд моро. Ҳастанд бачаҳое, ки бозӣ мекунанд бо телефон дар дарсҳо, аммо аксаран мо дар қиссаҳоямон гирифта, зимни дарс кор намекунем бо он.»

Дар ҳамин ҳол, Фаридун Давлатов, омӯзгори ҷавони Донишгоҳи омӯзгории ҷумҳурӣ мегӯяд, раванди таълим хеле нозук аст ва оддитарин чиз метавон ба он таъсир расонад. Омӯзгор Давлатов мегӯяд, аз таҷрибаи худ медонад, ки ин тадбир тадбири дуруст аст.


ФАРМОНЕ ДИГАР

Дар паи мамнӯъ эълон шудани телефонҳои ҳамроҳ барои хонандагон, вазири маориф ҳамчунин бо судури фармони дигар истифода аз дафтару рӯзномаҳои бо аксҳои порнографӣ ва филмҳои хориҷӣ тасвир шударо манъ мекунад. Ва дар пайи ин ба хонандагон тавсия дода шуд, то дафтарҳоеро истифода баранд, ки дар муқоваи он суратҳои шоирону адибони тоҷик ва ҷаҳонӣ тасвир ёфта бошанд.

Ҷалолиддин Амиров дар ин зимн чунин гуфт:
«Ба хотири ба як меъёри муайян даровардани одоб ва рафтори кӯдакон, Вазорати маориф тасмим гирифт, ки чунин як фармонро ба роҳ монад. Мутаассифона, чунин дафтарҳо дар хориҷи кишвар нашр мешаванд ва ба Тоҷикистон ба таври қочоқ ворид карда мешаванд.»

Вале ин фармон боиси ташвиши бархе аз волидону хонандагони хурдсол, ки мехоҳанд дафтарҳои худро рангорангу иборат аз аксҳои қаҳрамонони дӯстдоштаи худ бубинанд, гаштааст.

Гулнора Амиршоева, рӯзноманигор ва як модар мегӯяд:
«Маро масалан ҳамчун як модар фармони ахири вазири маориф ба ташвиш овард. Ростӣ бароям хеле аламовар буд вақте кӯдакон бо дили нохоҳам дар рӯи суратҳои муқоваи дафтарҳои худ қоғази сафедро рӯйпуш мекарданд.
Ба назари ман бо ин роҳ онҳо мехоҳанд моли дохили кишварро тарғиб кунанд, аммо мебахшеду дар Тоҷикистон дафтарҳо бо кайфияти паст ва коғазҳои бесифат тавлид мешаванд. Бинобар ин, мо бештар дафтарҳои моли Русияро мехарем, зеро онҳо барои кӯдак шавқоваранд ва ҳамчунин маълумотҳои зиёди омӯзанда доранд.»


Ба назари хонум Гулнора истифодаи чунин дафтарҳо ба раванди таълим ва ба таҳсили кӯдакон наметавонад таъсири манфӣ расонад, ва муҳим на ин, балки ба роҳ мондани тарзи дурусти таълим аз ҷониби худи омӯзгор ва масъулини ин соҳа аст мегӯяд ин модар.
XS
SM
MD
LG