Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заъфи аҳзоби сиёсии Хатлон дар чист?


Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳамакнун аҳзоби сиёсӣ ба реҷаи собиқи корӣ бармегарданд ва корзори сиёсатро барои ҲХДТ холӣ мегузоранд. Коршиносон мегӯянд, аҳзоби сиёсӣ то ҳадде заифанд, ки ҳатто барои беҳдошти рӯзгори аъзои камшумори худ нотавонанд. Аз бахшҳои аҳзоби сиёсии фаъол дар вилояти Хатлон суол карда шуд, ки оё то куҷо онҳо ба мушкилоти шаҳрвандон расидагӣ кардаанд ва иқтидори молии ин созмонҳо ба чӣ коре кифоят мекунад?

Сайраҳмон Назриев, узви садорати Ҳизби демократии Искандаров, масъули ҳизб дар Хатлон мегӯяд, феълан худи ҳизб ба кӯмаки молӣ ниёз дорад ва аз имкони фаровони ёрмандӣ ба аҳолӣ бархурдор нест. Ба гуфтаи ҷаноби Назриев, ин аст, ки бештари аъзои Ҳизби демократ дар Хатлон ба муҳоҷирати кории берун аз кишвар равона шудаанд:

Сайраҳмон Назриев: «Ба воситаи он созмонҳои хурди муҳоҷирин, ки дар шаҳрҳои гуногуни Русия фаъолият мекунанд ва асосан аъзои ҳизби демократ он ҷо сарҷамъанд, бо созмонҳои шаҳрию ноҳиявии ҳизб тамос гирифта мешавад ва онҳо аз ҳаққи меҳнати худ пул мефиристанд. Созмонҳои ибтидоии мо дар рӯзҳои ид ба қишри нодори аҳолӣ кӯмакҳои хурд мерасонанд. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон чун ташаккулҳои сиёсии хориҷа пурқудрат нестанд, маблағҳои миллиону миллиардро дар ихтиёр надоранд. Мо наметавонем кӯмакҳои калонҳаҷм расонем, мактабҳо барои кӯдакони хонаводаҳои нодор бунёд кунем.»

Ҷаноби Назриев афзуд, таъмини иҷтимоии аҳолӣ аслан вазифаи ҳукумати Тоҷикистон аст ва ба ҳама гуна мушкили иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандон қабл аз ҳама мақомоти расмӣ ҷавобгаранд.

Аз нотавонии молии худ ҳамчунин намояндагии ҳизбҳои коммунистӣ ва сотсиалистии Ғаффоров дар Хатлон низ изҳор карданд. Бӯрӣ Султонов, пешвои коммунистони Хатлон мегӯяд, раиси яке аз созмонҳои ноҳиявии Ҳизби коммунист бинобар кадом як мушкили хонаводаӣ аз ӯ кӯмаки молӣ хостааст, аммо бахши хатлонии ҳизб натавонистааст, ҳатто чанд сомонӣ ба ӯ пул диҳад ва ба ҳалли мушкилаш мусоидат намояд. Аҳзоби сотсиалистии Ғаффоров, сотсиал-демократӣ, кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дар Хатлон дафтари муайяни корӣ надоранд ва табиист, вақте ин аҳзоб барои иҷораи офис дар Қӯрғонтеппа «дасти кӯтаҳ» доранд, дар бораи кӯмаки молии онҳо ба аҳолӣ суол кардан бемантиқ менамояд.

Дилбар Солиева, раиси бахши Ҳизби сотсиалисти Ғаффоров дар Хатлон мегӯяд, тайи ду соли фаъолияти ҳизбияш дар ин минтақа ҳаққи заҳмат нагирифтааст ва раёсати ҳизб ҳатто дар андешаи ифтитоҳи дафтари кории ҳизб дар Хатлон нест.

Ҳамзамон Қаландар Садруддинзода, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар Хатлон низ ба камбуди молӣ иқрор мешавад ва мегӯяд, 35 дар сади аъзои ҳизб алъон дар муҳоҷирати кориянд ва ин гувоҳи ҳол аст. Вале бо ин вуҷуд, мегӯяд ҷаноби Садруддинзода, кӯмакҳои ҷузъӣ ва мавсимӣ ба аҳолӣ мерасад:

Қаландар Садруддинзода: «Мо баъзан кӯмак мерасонем, аммо ин назаррас нест. Аммо аъзои худро ҳифз менамоем, дастгирии рӯҳӣ мекунем»

Дар ҳамин ҳол, Ҳангомаи Исмат, як нафар рӯзноманигори маҳаллӣ бар ин назар аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ то замоне низоми пардохти ҳаққи узвиятро дар дохил ҷорӣ накунад ва барномаҳои мушаххаси иқтисодиро тарҳрезӣ накунад, дар роҳи мусоидат ба беҳсозии сатҳи зисти аҳолӣ комёб нахоҳанд шуд:

Ҳангомаи Исмат: «Воқеан ҳизбҳои сиёсии имрӯз наметавонанд ҳаққулузвият ҷамъ оранд, зеро касе наметавонад онро пардохт кунад, агар талаб шавад, аъзояшон парешон мешаванд ва ё аз ҳизб мераванд. Танҳо ҲХДТ ба ин кор муваффақ аст, ки як фоизи маоши аъзояш ба суратҳисоби ҳизб ворид мешавад. Аз ин рӯ ҳизбҳо барои ҳамеша дар мадди назар будан ҳар гуна изҳоротҳо пахш мекунанд, аммо кори мушаххасеро, мутаассифона, анҷом намедиҳанд. Ҳизб агар аз лиҳози молӣ заиф бошад, низ заъфаш дар умури сиёсӣ эҳсос мешавад.»

Чунин ба назар мерасад, ки ҳатто аҳзоби сиёсии кишвар, ки ҳамеша ҳукумати вақтро барои дар ҳоли фақр зистани аксари кулли аҳолӣ интиқод мекунанд, мустақиман барои мусоидат ба коҳиши сатҳи нодорӣ коре наметавонанд бикунанд. Дар маҷмӯъ худи ин ҳизбҳо низ ҳоли беҳтар аз аҳолии Тоҷикистон надоранд.
XS
SM
MD
LG