Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасами Ҳиппократро кӣ мешиканад?


Бахшибек Гадоев, сардори раёсати захираҳои кадрӣ ва илмии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, донишгоҳҳои олии тиббии ҷумҳурӣ ҳамасола панҷсад мутахассиси соҳаи тибро омода мекунанд, вале ба эътимоди ӯ, маоши кам имкон намедиҳад, то онҳо ҳамчун табиб фаъолият кунанд.

Бахшибек Гадоев: «Мутаассифона, нарасидани мутахассисон мушоҳида мешавад. Паст будани маош боис ба он шудааст, ки бисёре аз онҳо ба кори дигар раванд. Барои ба кор қабул кардан бошад, мо як сол пеш ба ҳамаи муассисаҳои таълимии тиббӣ алоҳида телефонограмма равон мекунем. Чӣ қадар мутахассисон лозим бошад, онҳо барои мо мефиристанд».

Сайидҷон Нодирӣ, устоди кафедраи дилшиносии Донишкадаи такмили ихтисоси духтурон дар шаҳри Душанбе мегӯяд, сатҳи донишомӯзии донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббии Тоҷикистон дар сатҳи олӣ набудааст. Ба бовари ӯ, бештари мутахассисони ҷавони касбӣ, ки барои кишвар заруранд, ба Исроил ва Русия рафтаанд.

Сайидҷон Нодирӣ: «Вақте ки Ғуломов, Исҳоқӣ барин сутунҳои тибби тоҷикро куштанд, тарсу воҳима водор карданд, ки баромада раванд. Ҷарроҳони мо бисёрашон дар Исроил кор мекунанд. Табибони пешсафи он кишварҳо ҳастанд. Ҳоло панҷ нафар пас аз хатми донишгоҳи тиббӣ барои такмили ихтисоси духтури дилшинос омадаанд, нисбатан сустанд».

Иддае аз донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ мегӯянд, онҳо орзуи табиби ҳозиқ шуданро доранд. Аммо оё онҳо бо маоши ками муассисаҳои тиббӣ ва беморхонаҳо қаноат мекунанд? Сарвар Темурова, донишҷӯйи Донишгоҳи тиббӣ мегӯяд, таҳсил дар ин донишгоҳ мушкилиҳои зиёде пешорӯи онҳо гузоштааст. Барои ҳамин, мегӯяд ӯ, бояд ҳукумат низ ба қадри имкон ба қадри заҳмат ва кӯшишҳои онҳо бирасад.

Масъулини Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, имрӯз дар кишвар ба 585 табиби оилавӣ, 439 терапевт, 504 педиатр, 217 вогиршинос ва ба 64 эпидемолог ниёз вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG