Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Ҳиндустон бо даҳ медол


Тими мунтахаби таэквондо ITF-и Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Деҳлии Нави Ҳиндустон даҳ медол - шаш тилло, ду нуқра ва ду биринҷӣ ба даст овард.

Варзишгари машҳури тоҷик Далер Тӯраев, қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 85 килограмм мақоми аввалро ишғол намуда, бо медоли тилло сарфароз гашт. Вай ба Озодӣ гуфт:
«Мо ба ин мусобиқот таҳти раҳбарии Мирсаид Яҳёев, сармураббии тими мунтахаби кишвар ширкат варзида, дар рақобатҳо бо зӯртарин таэквондочиёни Осиё натоиҷи баланд ба даст овардем ва бори дигар собит кардем, ки ба қатори беҳтарин тимҳои мунтахаби қора шомил ҳастем.»

Дар рақобатҳои инфиродӣ, ҳамчунин варзишгарони тоҷик Далер Сайфиддинов дар вазни то 71 килограмм, Мансур Раҳматов дар вазни то 69 килограмм ва Парвизи Муродзода дар вазни то 45 килограмм ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Боз ду медоли тиллои ин мусобиқотро намояндагони Тоҷикистон дар ҳисоби дастаӣ дар ҳайати Далер ва Дилшод Сайфиддиновҳо, Далер Тӯраев, Далер Шарифӣ ва Рустам Улмасов дар ду навъи рақобатҳо ба даст оварданд. Дастаи Тоҷикистон дар ду рақобати ниҳоӣ бар рақиби аслиаш - тими Куриёи Шимолӣ ғалаба кард. Абдураҳмони Абдураҳмон дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 64 килограмм мақоми дуввумро касб карда, бо медоли нуқра сарфароз гашт. Тими Тоҷикистон дар як навъи рақобатҳо - худдифоъ соҳиби медоли нуқра гардид. Рустам Улмасов, ки дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 78 килограмм дар мақоми севвум қарор гирифт, бо медоли биринҷӣ мукофотонида шуд. Парвизи Муродзода миёни дорандагони камарбанди сиёҳи дани аввал ба дарёфти медоли биринҷӣ мушарраф гашт.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG