Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯҳои мушкили Аврупо бо Чин


Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ба хотири ба мурооти бештари меъёрҳои қабулшудаи пешбурди тиҷорати байналмилалӣ мутақоид кардани Чин талошҳои наверо рӯи даст гирифтааст. ИА ба мисли Амрико мехоҳад, Чин алайҳи тақаллуби молҳо муборизаи бештаре анҷом дода ва бозори бузургашро ба рӯи ширкатҳои хориҷӣ бозтар кунад. Аммо рушди дар ҷаҳон сареътарини иқтисодии Чин ва қудрати ҳарчӣ бештаре, ки Пекин ба ин тартиб касб мекунад, имкони таъсир гузоштани ҷомиаи байналмилӣ дар тасмимгириҳои ин кишварро торафт ночиз мегардонад.

Захираи асъори Чин ҳар соат 30 миллион доллар афзуда, ҳафтае пеш ба 1 триллион доллар расид, ки дар ҷаҳон натиҷаи аввал аст. Ин дар ҳолест, ки касри тиҷорати ИА бо Чин дар соли гузашта 133 миллиард доллар ва касри тиҷорати Амрико бо ин кишвар ҳамин тавр 200 миллиардро ташкил додааст.

Кумиссари ИА дар умури тиҷорат Петер Менделсон дар ҳафтаи гузашта аз Пекин даъват кард, дигар пушти мақоми "кишвари дар ҳоли рушд" пинҳон нашуда, ин ҳақиқатро, ки то чанд соли дигар ба бузургтарин содиркунандаи моли ҷаҳон табдил мешавад, эътироф кунад. Менделсон гуфт, Чин дигар бозигари "лигаи кишварҳои дар ҳоли рушд" нест ва фурсате фаро расида, ки тибқи меъёрҳои бештари Созмони ҷаҳонии тиҷорат амал, яъне тиҷорат кунад.

Аммо дар ҳоли ҳозир ҳам Амрико ва ҳам Аврупо дар музокироти масоили иқтисодӣ бо Чин танҳо бо даъвати он кишвар ба сӯи мурооти меъёрҳои созмони ҷаҳонии тиҷорат иктифо мекунанд ва мегӯянд, Чин бояд ин корро кунад, вале барои анҷоми ин ҳама фурсат лозим дорад. Бозори Чин дар ҳоли табдил шудан ба яке аз бузургтарин бозорҳои дунёст ва касе ҳаққи худро дар ин бозор аз даст доданӣ нест. Ҳадди ақал, дар марҳалаи кунунӣ.
XS
SM
MD
LG